Нашрияи Омӯзгор

Ватан ҷони ман, ҷаҳони ман аст

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 839        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоишро академики АТТ Маҳмадулло Лутфуллозода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба иди Артиши миллӣ шодбош гуфт. Сипас, мудири шуъбаи фанҳои филология  ва забони давлатӣ барои аққалиятҳои миллии ПРМ ба номи А.Ҷомӣ Салоҳиддин Амонӣ дар мавзӯи «Омилҳои тарбияи ватандӯстӣ дар ҷомеаи муосир» сухан ронда, гуфт, ки дар тӯли таърих фарзандони баруманди тоҷик ба  муқобили душманони аҷнабӣ мубориза бурда, сарзамини аҷдодии худро аз ғосибони таҷовузкор ҳимоят намудаанд. Мудири Осорхонаи маорифи АТТ Қурбоналӣ Зиёев маърӯзаи худро ба масъалаи нақши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар ҷалби ҷавонон ба хидмати Ватан бахшида, қайд намуд, ки ҷиҳати беҳтар гардидани таълими фанни мазкур тайи солҳои охир корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, китоби «Омодагии дифои ҳарбӣ» се маротиба  (солҳои 2007, 2013 ва 2018) нашр  ва дастраси таълимгоҳҳо гардонида шуд. Ҳамзамон,  дастуру роҳнамои таълимӣ ва методикаи таълими фанни номбурда таълиф гардид. Бо  вуҷуди ин, дар самти таълими фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ мушкилот низ ҷой доранд, ки ин, пеш аз ҳама, заиф  будани базаи моддию техникии  муассисаҳои таълимӣ ва норасоии мутахассисони касбӣ ба шумор меравад. Дар идома ходимони илмии Осорхонаи АТТ Д.Каримова, Умедаи Хуршед ва Г.Маҳкамова дар мавзӯъҳои «Мавқеи зан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ», «Ватан ҷони ман, ҷаҳони ман аст» ва «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шараф аст» суханронӣ карданд. Дар хотима хотири иштирокдорони мизи мудавварро хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансур бо суруду рақсҳои дилнишин  болида гардонданд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш