Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгирии сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се шаҳру ноҳияи мамлакат – Ваҳдат, Кӯшониён ва Хуҷанд «Маркази ҳунар» ифтитоҳ мегардад.
Дар ҷамоати деҳоти ба номи Исмоил Раҷабови шаҳри Ваҳдат барои бонувон “Маркази ҳунар” ифтитоҳ гардид, ки дар он занони ин ҷамоат метавонанд ҳунарҳои дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, зардӯзӣ, ҷелакдӯзӣ ва тоқиҳои занонаву мардонаро аз худ кунанд.
Ифтитоҳи марказҳои ҳунар дар ноҳияи Кӯшониён рӯзи 16 май сурат гирифта, дар назар аст дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 4 июн кушода шавад.
Аз ҷониби сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои ҳунаромӯзӣ дар маҷмӯъ 50 адад мошинаҳои муосири дӯзандагӣ дастрас гардонида шуд.
Дар расми кушодашавии “Маркази ҳунар” роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, сафири Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.
Н. Охунзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр