«Шоҳнома»-и устод Абулқосим Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад. Фирдавсӣ ғояҳои ватанпарваронаи худро бо такя ба рӯзгори қаҳрамонони ватандӯст Рустам, Суҳроб, Сиёвуш, Фарангис, Гурдофарид, Бежан, Манижа ва дигарҳо бисёр ибратбахш баён кардааст. Мутолиаи «Шоҳнома» ва пайравӣ кардан аз қаҳрамонони меҳанпарасти он наврасонро аз ҷиҳати маънавӣ тарбия мекунад, дар дили онҳо меҳри Ватанро афзун месозад. Нишонаи садоқат ба Ватан, пеш аз ҳама дӯст доштан ва дар ободии он кӯшидан, мардонавор ҳимоя кардани марзу буми он аст:
Нигаҳ кун бад-ин
лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи
корзор.
Зи баҳри бару буму
фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду
пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба
куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба
душман диҳем.
Рӯ ба «Шоҳнома» оварданро раванди ҷаҳонишавӣ ва вазъи ноороми ҷаҳон тақозо мекунад. Артиши тавонои тоҷик сипари Ватан ва миллат аст. Ин артиши аз ҷавонони фидокору ватандӯсти мо ташкил шудааст. Ҳисси ватанпарварӣ ва қарзи фарзандӣ онҳоро водор кардааст, ки дар гармою сармо, барфу борон ва шабу рӯз дар сарҳад истода, хоки муқаддаси Ватанро ҳимоя кунанд. Ба ин байтҳои олии Фирдавӣ таваҷҷуҳ кунед, ки мутолиаи онҳо дар дил оташи ифтихорро фурӯзон мекунад:
Ниёгони мо номдорон
буданд,
Ба даҳр андарун
тоҷдорон буданд.
Дар мактабҳо ба таври ҷиддӣ омӯзондани «Шоҳнома» яке аз сабабҳои бедордилу ватанпараст тарбия ёфтани афсарони оянда, муҳофизони Тоҷикистони азиз хоҳад буд. Зеро ин шоҳасар моломоли фикрҳои судманду ғояҳои олии инсонӣ аст.
Ниёзбегим
РАВШАНОВА,
омӯзгори мактаби №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр