Нашрияи Омӯзгор

Китоб роҳнамост

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Китоб ганҷинаи бебаҳост ва он нафаре, ки мунтазам ба омӯзишу мутолиа машғул аст, дар ҷомеа ҳамеша комёбу муваффақ мегардад.

Хушбахтона, имрӯз таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, бахусус, насли наврас ба ин ганҷи бебаҳо бештар гардидааст. Ҷои шубҳа нест, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тарғибу ташвиқи китоб ва  ҷалби наврасон ба омӯзиш нақши муассир гузошту мегузорад. Соли дуюм аст, ки озмуни мазкур гузаронида мешавад ва дар як муддати кӯтоҳ толори китобхонаҳо пур аз хонанда гардида, нашри асарҳои бадеӣ ба таври чашмгир зиёд шуд. Имрӯз метавон гуфт, ки тамоми аҳли ҷомеа ба омӯзишу мутолиаи машғуланд ва хуб дарк кардаанд, ки танҳо бо мутолиаи амиқ метавон ҷаҳонбиниии васеъ ва хиради волоро соҳиб шуд.

Дар баробари ин, масъулияти омӯзгорон низ бештар гардид ва мебояд ҷиҳати ба мутолиа ҷалб намудани насли наврас таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуд. Бояд омӯзгорон дар оғози ҳар дарс дар бораи аҳамияти китоб дар ҳаёти инсон ба хонандагон маълумот ироа намоянд. Онҳоро мебояд, ки порчаҳои ҷолиб ва шавқбарангезро ба шогирдон пешниҳод намоянд, то дар замири онҳо меҳри омӯзиши бедор гардад. Адабиёти бадеӣ дар тарбияи насли нарвас аҳамияти баланд дошта, дар рафтору кирдори онҳо хислатҳои неки инсониро такмил мебахшад.

Озмуни мазкур  омӯзгоронро низ водор мекунад, ки пайваста дар масири омӯзиш қарор гиранд  ва донишу ҷаҳонибинии хешро мунтазам такмил бахшанд. Дар ин росто, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ китобхонаҳои зиёд сохта шудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм асарҳои зиёди бадеӣ нашр ва  дастраси муассисаҳои таълимӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар асоси нақша - чорабиниҳо  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар ҷамоати шаҳру навоҳии мамлакат китобхонаҳо бунёд мешаванд, ки дар ташаккули маънавии  аҳли ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшанд.

Бинобар ин, мо, омӯзгорон, низ бояд дар тарғибу ташвиқ ва китобхон намудани наврасону ҷавонон талош намоем.

 

Зебунисо Ашӯрова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш