Нашрияи Омӯзгор

«Рӯзи дарҳои кушод» ва озмуни «Хатмкунандагони болаёқат»

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба таҳсили илму дониш дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» ва озмуни ҷумҳуриявии “Хатмкунандагони болаёқат” баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар назди хатмкунандагон баромад карда, онҳоро бо барномаи чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» ва озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» шинос кард. Ҳамчунин, намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар Сафарбой Самадов дар ин чорабинӣ иштирок ва суханронӣ карда, иқдоми наҷиби раёсати донишгоҳро дар баргузории чунин чорабиниҳои муҳим барои тарбияи насли наврас шоистаи дастгирӣ номид. Сипас хатмкунандагон аз дарсҳои намунавии устодон дидан карда, маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Дар чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» 6146 нафар хатмкунанда, аз ҷумла, 3400 нафар тариқи офлайн ва 2745 нафар тариқи онлайн аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат варзиданд. Аз ҷумла, аз шаҳри Хуҷанд 407 нафар, аз шаҳри Бӯстон 250 нафар, аз ноҳияи Ашт 280 нафар, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 250 нафар, аз ноҳияи Айнӣ 183 нафар ва аз шаҳри Душанбе 150 нафар хатмкунанда ширкат варзида, дар бораи донишгоҳ ва шароити таҳсил маълумоти муфассал пайдо карданд. Бахусус, хатмкунандагони ноҳияҳои дурдасти вилоят ва шаҳри Душанбеву ноҳияҳои вилояти Хатлон тариқи онлайн тавассути интернет дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар чорабинӣ хатмкунандагони муассисаҳои таълимии мактаби Президентии шаҳри Бӯстон ва гимназияи №5-и ноҳияи Ашт иштироки фаъолона доштанд.  

Тибқи барномаи озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» аз рӯи намунаҳои саволномаҳои санҷишии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагон дониши худро санҷиданд. Пас аз боздид ва шиносоӣ дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №1-и донишгоҳ мулоқоти ректор, профессор Муъмин Шарифзода бо иштирокчиёни озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» баргузор гардид. Дар мулоқот аз рӯи натиҷаи имтиҳоноти тестӣ ва холҳои ноилгардида дар озмуни «Хатмкунандагони болаёқат» аз мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон Фаромарз Ҷонибеков сазовори ҷойи аввал ва ноутбук, Абдуҳофиз Шамсиев аз гимназияи №4 аз шаҳри Хуҷанд сазовори мақоми дуввум ва планшет, Раҳматҷон Муҳаммадҷонов аз мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон сазовори ҷойи сеюм ва рақами тиллоии ширкати ТСЕЛЛ гардиданд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш