Нашрияи Омӯзгор

Беэътиноӣ дар иҷрои барнома

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 769        Шарҳ: 0

 

Дар суҳбат бо мо директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Киромиддин Назаров, аз ҷумла, чунин иброз дошт:

-Маркази ҷумҳуриявии технологияи  информатсионӣ ва коммуникатсия ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои амалишавии «Консепсияи  ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар  муасси-саҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2018-2022» ва «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонданд.

Бо вуҷуди ин, фарҳанги истифодаи иттилоот аз шабакаи Интернет, истифода аз китобҳои электронӣ, кор бо компютеру тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашудааст. Ҳанӯз ҳам дар баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ компютерҳои тамғаи куҳнаи «Пентиум -1» ва «Пентиум-2» ва компютерҳои корношоям мавҷуданд. Аммо аз бепарвоӣ ва сарфаҳм нарафтан ба механизми аз эътибор соқит сохтани компютерҳои куҳна ва муҳлати истифодаашон гузашта аз ҷониби  роҳбарони раёсату шуъбаҳои  маориф ва маъмурияти муассисаҳои   таълимӣ амалҳои қонеъкунандае сурат нагирифтааст. Кор бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо дар таълимгоҳҳо ба талаби замон ҷавобгӯ намебошад. Инчунин, норасоии мутахассисони варзидаи соҳа ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ба назар мерасад. Дар аксари муассисаҳои таълимӣ шабакаи интернет мавҷуд нест.

Ба андешаи К.Назарзода, дастгирию иқдомҳои баъзе аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ, раёсату шуъбаҳои маориф дар ин самт хеле кам ба чашм мерасад.

Дар шаҳру навоҳӣ то ҳол имконияту шароит ва  фазои мусоиди истифода аз почтаи электронию сомонаҳоро ба роҳ намондаанд. Барои татбиқи  бандҳои 11-12-и “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ва мактуби Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 21.10.2019, №01/1-854 барои баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон курсҳои омӯзиши истифодабарии технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо) дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ  монда шуд, ки тибқи он дар умум, (дар давраи таътили тирамоҳӣ) 40045 нафар омӯзгор ба курсҳои мазкур фаро гирифта шуданд. Мутаассифона, на дар  ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Нуробод, Рашт, Шаҳристон, Зафаробод , Роғун) ташкили курсҳои омӯзишӣ пурра ва мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст.  

Гарчанде аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар дар масъалаи беҳтар намудани фаъолияти бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, ҷудо намудани воҳидҳои корӣ, додани мустақилияти молиявӣ ва бинои алоҳида ба марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ба унвони раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф мактубҳо ирсол гардида бошад ҳам, мутаассифона,  ин масъалаҳо на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ҳалли худро ёфтааст.

Мушкилоти асосӣ ҳамоно иҷро нагардидани нақшаи таъмин намудани таълимгоҳҳо бо компютеру тахтаҳои электронӣ маҳсуб меёбад. Ба таъкиди Киромуддин Назаров, ба ҷуз шаҳру навоҳии ВМКБ ва шаҳри Душанбе дигар ягон шаҳру ноҳия иҷрои барномаи давлатиро таъмин накардааст. Дар ВМКБ бояд тибқи нақша соли 2019 93 адад компютер харидорӣ ва ба таълимгоҳҳо интиқол дода мешуд. Шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ, 124  адад компютер харидорӣ намуданд, ки ин иҷрои нақшаро 133 фоиз таъмин гардондааст. Ба ҷойи 34 адади нақшавии хариди тахтаи электронӣ, 72 адад тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст, ки ин 212 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Вале дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои барнома дар сатҳи паст қарор дорад.

Дар ноҳияи Носири Хусрав соли гузашта ягон адад компютер ва тахтаи электронӣ харидорӣ нашудааст. Шаҳру ноҳияҳои Левакант, Вахш ва Хуросон низ ягон адад тахтаи электронӣ харидорӣ накардаанд. Танҳо  ноҳияҳои Ховалинг (ба ҷойи 35 компютер, 53 компютер ва ба ҷойи 5 тахтаи электронӣ, 7 тахтаи электронӣ), Данғара (ба ҷойи 194 адад, 220 адад компютер ва бар ивази 15 адад, 28 адад тахтаи электронӣ) ва шаҳри Бохтар (ба ҷойи 137 компютер, 155 адад ва тибқи нақша 3 тахтаи электронӣ) харидорӣ намуда, нақшаи солонаро иҷро кардаанду халос. Дар умум, дар шаҳру навоҳии  вилояти номбурда аз 3907 адад компютер 1204 адад компютер харидорӣ шудааст, ки ин 31 фоизи  иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Аз 212 адад тахтаи электронӣ  156 адад тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст, ки ин 74 фоизи иҷрои нақшаро дар бар мегирад. Мутаассифона, харидорӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютеру тахтаҳои электронӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ мувофиқи мақсад намебошад. Дар вилоят танҳо шаҳру ноҳияҳои Айнӣ (ба ҷойи 97 адад компютер, 143 адад компютер, бар ивази 11 адад тахтаи электронӣ, 14 тахтаи электронӣ), Бӯстон (ба ҷойи 51 адад, 70 адад компютер ва тибқи нақша 2 тахтаи электронӣ), Гулистон (ба ҷойи 35 адад, 59 адад компютер ва мувофиқи нақша 2 адад тахтаи электронӣ), Хуҷанд (ба ҷойи 153 адад, 154 адад компютер ва бар ивази 4 адад тахтаи электронӣ, 10 адад тахтаи электронӣ) харидорӣ намуда, иҷрои нақшаро таъмин намудаанд. Шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ягон адад тахтаи электронӣ харидорӣ накардаанд. Дар умум, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли гузашта аз 2886 адад компютери нақшавӣ 1442 адад компютер харидорӣ шудааст, ки  ин 50  фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Аз 168 адад тахтаи электронӣ, 159 адад тахтаи электронӣ (95 фоизи иҷрои нақша) харидорӣ шудааст. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба ҷойи 772 адад  компютер (131 фоиз) 1010 адад ва бар ивази 21 адад тахтаи электронӣ, 238 адад тахтаи электронӣ (1133 фоиз) харидорӣ шудааст. Харидорӣ ва таъмини  муассисаҳои таълимӣ бо компютеру тахтаҳои электронӣ дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ниҳоят ташвишовар буда, аз ҷумла, дар ноҳияи Нуробод ягон адад компютер харидорӣ нашудааст. Дар ноҳияи Рашт аз 205  адад компютери нақшавӣ ҳамагӣ 5 компютер, шаҳри Роғун аз 24 адад компютер 1 адад компютер, ноҳияи Варзоб  аз 134 адад компютер 33 адад компютер харидорӣ шудааст, ки  боиси нигаронист. Дар ноҳияҳои Нуробод Рашт, Шаҳринав ва Лахш ягон адад тахтаи электронӣ харидорӣ нагардидааст.  Дар байни шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ танҳо шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Файзобод, Турсунзода иҷрои нақшаи хариди компютеру тахтаҳои электрониро таъмин намудаанду халос. Дар маҷмӯъ, дар шаҳру навоии тобеи марказ аз 2729 адад компютери нақшавӣ 469 адад компютер баробар ба 32 фоизи иҷрои нақша) ва аз 165 адад тахтаи электронӣ  75 адад тахтаи электронӣ (баробар ба 45 фоизи иҷрои нақша) харидорӣ шудаасту халос. Гарчанде соли гузашта нақшаи хариди тахтаҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ иҷро гардида бошад  ҳам (ба ҷойи 600 адад, 700 адад тахтаи электронӣ, баробар ба 117 фоизи иҷрои нақша), вале нақшаи харидорӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо иҷро нагардидааст. Тибқи нақша бояд дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 10387 адад  компютер харидорӣ  мешуд, вале ҳамагӣ 4649 компютер харидорӣ шудааст,  ки ин 45 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Таъсиси китобхонаҳои электронӣ низ ба талабот посухгӯ набуда, дар шаҳру навоҳии ВМКБ ҳамагӣ дар 10 муассисаи таълимӣ, дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар 26 муассисаи таълимӣ, дар вилояти Суғд дар 106 муассисаи таълимӣ, дар вилояти Хатлон  ҳамагӣ дар 4 муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ таъсис дода шудааст. Дар ҷумҳурӣ, дар умум, дар 290 муассисаи таълимӣ китобхонаи электронӣ таъсис дода шудааст. Дар муассисаҳои таълимии кишвар то ҳол 947 омӯзгори ғайриихтисос аз фанни технологияи  иттилоотӣ ба хонандагон сабақ меомӯзонанд.

-Сабаби асосии иҷро  нагардидани харидорӣ ва таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо компютеру тахтаҳои электронӣ дар ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо мебошад,-мегӯяд К.Назаров ва тавзеҳ медиҳад, ки ба ҳамин ваҷҳ дар бахшҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия дар шаҳру ноҳияҳо қисмҳои эҳтиётии компютерҳо ва барномаҳои зиддивируси (антивирус)-и иҷозатномавӣ (литсензионӣ) мавҷуд нест, ки ин кори моро ба маротиб мушкилтар месозад.

Шодӣ Раҷабзод,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш