Нашрияи Омӯзгор

Тафаккури техникии хонандагонро вусъат бахшем

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (26.12.2019) соҳаи маориф мавриди таҳлил қарор гирифта, дар назди аҳли маорифи кишвар вазифаҳои нав гузошта шуд.

Яке аз иқдомҳое, ки дар Паём пешниҳод гардид, эълон шудани солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мебошад, ки дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тасвиб расид. Дарвоқеъ, дар замони рушди босуръати илму техника, омӯзиши илмҳои бунёдӣ аҳамияти баланди иқтисодиву иҷтимоӣ дорад ва баланд бардоштани сатҳу сифати фанҳо ба пешрафти иқтисодии мамлакат мусоидат мекунад. Мо - омӯзгоронро мебояд ба ин масъала дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши илмҳои дақиқ бедор намоем ва тафаккури техникии насли наврасро тақвият бахшем. Барои ин омӯзгорро зарур аст, ки аз роҳу усулҳои муосири таълим истифода намояд. Имрӯз имконоти зиёде мавҷуд аст, ки хонандагонро ба омӯзиш бештар ҷалб намоем. Шоистаи таъкид аст, ки муассисаҳои таълимӣ низ бо тахтаҳои электронӣ таъминанд, ки омӯзгорон метавонанд аз онҳо ба таври фарогир истифода намоянд.

Дигар омиле, ки ба густариши ин фанҳо такон мебахшад, баргузор намудани олимпиадаҳои гуногун маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки вусъат бахшидани тафаккури техникии хонандагон кори ҳамагонӣ буда, ҳам дастгирии моддӣ ва ҳам маънавиро тақозо мекунад. Дар мактаб ташкил намудани ҳама гуна маҳфилҳо дар доираи ин фанҳо низ самаровар аст. Ҳамасола аз натиҷаи таҳлили омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ теъдоди ками довталабон ҳуҷҷат месупоранд. Аз ин рӯ, мо - омӯзгоронро зарур аст, ки пешниҳоди Пешвои миллатро  баҳри дар амал татбиқ намудан дастгирӣ намоем ва тафаккури техникии хонандагонро густариш бахшем.

Заррина АЛИБОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш