Нашрияи Омӯзгор

Бақои миллат дар ваҳдати миллист

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Маҳз, сулҳу дӯстӣ, сарҷамъиву якдилӣ ва иттиҳоду ҳамфикрии халқамон буд, ки касе натавонист тӯли ҳазорсолаҳо теша ба решаи мо зада, насли тоҷикро ба пуррагӣ аз байн бубарад. Ва дар таърихи навини давлатдории худ волотарин ва беҳтарин дастоварди миллати тоҷик боз ҳам ваҳдати миллӣ ва ризоияту якдилӣ маҳсуб меёбад.

Ба қавли Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваҳдати миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Таҷрибаи давлатдории баъзе аз давлатҳои ҷаҳон, бахусус, Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ ва чандин кишварҳои дигар нишон медиҳанд, ки бидуни сулҳу ваҳдат, дӯстиву якдилӣ ва вуҷуд доштани мухолифату манфиатҷӯӣ рушди кишвар, таъмини амнияти миллӣ ва осудагии одамон амри муҳол аст, балки тамомаи номумкин аст. Ваҳдату амният вожаҳоеанд, ки ба ҳам тавъам буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Маҳз ваҳдати миллист, ки сабаби таъмин ва пойдории амнияту осоиш дар дилхоҳ гӯшаву канори дунё мегардад. Агар ҳамаи пешрафту тараққиётро дар маҷмӯъ, мисли биное тасаввур намоем, ба сифати зербинои он ҳатман ваҳдати миллӣ баромад мекунад.

Пӯшида нест, ки дар сурати таъмин набудани ваҳдат ва амният дар ҷомеа тарсу ваҳм ҳукмфармо гашта, бенизомиву ҷиноят ривоҷ меёбад. Чунин ҳолат яъсу ноумедиро дар замири инсон ба вуҷуд оварда, маънии ҳаёт ва лаззати хушбахтиро аз ёди одамон ба гӯшаи фаромӯшӣ мебарад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо сарчашмаи тамоми дигар дастоварду хушбахтиҳо дар мамлакат маҳсуб меёбад.

Боз ҳам таърих собит намуда, ки танҳо ва танҳо дар сурати пойдории ваҳдати миллӣ, иттифоқу ҳамбастагӣ ва сулҳу дӯстӣ ҳама гуна душворию монеаҳо паси сар ва зиндагии одамон осоишта мегардад. Танҳо дар сурати сарҷамъии миллат, давлат метавонад ба роҳи пешрафту тараққиёт устуворона қадам ниҳад ва ба дастовардҳои шоиста ноил шавад.

Маҳз баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои созандагӣ шурӯъ намуда, якпорчагии Ватан таъмин ва асосҳои сохтори конститутсионӣ, инчунин, сулҳу субот дар мамлакат барқарор шуд.

Ваҳдати миллии Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бартарафсозии проблемаҳои мавҷудбуда заминаҳои воқеӣ ба миён овард. Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати ваҳдати миллӣ ғаразу хусумат, кинаю адоват, душманигариву бадбинии тоҷик нисбат ба ҳамватанаш хотима ёфта, маҳалгароӣ аз байн рафт. Нангу номус, ғурури миллӣ ва ҳисси ватандӯстии халқи тоҷик буд, ки дар ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри XX душмани миллати мо боз ҳам мағлуб шуду ноумед гашт, ба мақсади нопоку палидонаи худ нарасид. Халқи тоҷик бар ивази ҷонфидоиҳои фарзандони каҳрамонаш аз байн нарафт ва тавонист худро боз барқарор созад. Албатта, ин ҳама ҷоннисориҳои миллат барои мо, наслҳои ҳозираву оянда, таҷрибаву дарси ибратанд.

Ба гуфтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид. Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.

Тавсифи ҳамаҷонибаи ваҳдати миллӣ ва ҳамаи дастовардҳое, ки аз баракати он насиби мардуми тоҷик шудаанд, кори саҳл нест, зеро тамоми пешравию тараққиёт ва дастовардҳои Тоҷикистони муосир ҳамагӣ бо ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ доранд.

 

Нигора Усмонова,

омӯзгори забон ва адабиёт


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш