Нашрияи Омӯзгор

«Довталаб» аз чоп баромад

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Нахустин шумораи маҷаллаи илмию методӣ ва иттилоотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Довталаб” бо сифати баланд ва ҳаҷми калон (218 саҳифа)  ба чоп расид.

Дар пешгуфтори маҷалла Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз ҷумла, қайд мекунад, ки чи хуб аст, ки марказ дар баробари расонидани иттилооти зарурӣ ба довталабону алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои мавриди назар аз тариқи сомонаи расмии худ дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва дигар василаҳо, боз як нашрияи худ  -маҷаллаи иттилоотию методӣ ва илмии «Довталаб» -ро таъсис додааст. Маҷаллаи номбурда, ба ҷуз матолиби тахассусии марбут ба низоми ИМД, инчунин, низоми тестии имтиҳонҳо, масъалаҳои сифати таълим, таҳлилу пажӯҳишҳо оид ба ИМД ва самтҳои гуногуни фаъолияти марказ ва монанди инҳоро фаро мегирад.

Нашрияи мазкур фарогири мақолаҳои илмӣ, методӣ ва иттилоотии марбут ба масъалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) мебошад.

Сармуҳаррири маҷалла Абдубосит Нуралиев иброз дошт, ки маҷаллаи “Довталаб” барои педагогҳо - омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олимони соҳаи тестшиносӣ ва низоми тестӣ, методистони соҳаи маориф ва умуман, барои аҳли илму маориф пешбинӣ шудааст. Тавре ки аз саҳифаву рубрикаҳои он – “Суҳбат аз комёбиҳо”, “Низоми имтиҳон”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Тестшиносӣ”, “Пажӯҳиш”, “Таълиму таҳсил”, “Сифати таълим”, “Раҳнамоӣ”... бармеояд, он ба мавзӯъҳои гуногун иртибот мегирад.

 - Идораи маҷалла ҳамаи алоқамандонро барои ҳамкорӣ даъват мекунад. Матолиби арзандаю барои хонанда муфид оид ба масъалаҳои марбут ба низоми ИМД, таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷӣ оид ба татбиқу такмили низоми ИМД, шарҳу тафсиру тарғиби низоми номбурдаи имтиҳонҳо, дастовардҳои илму маорифи муосири ватанию хориҷӣ дар самти таълиму тадрис, пажӯҳишҳои илмӣ ва педагогию равоншиносии вобаста ба имтиҳонҳои дохилшавию хатм дар муассисаҳои таълимӣ ва самтҳои гуногуни соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои гуногуни он, масоили омӯзиш ва роҳандозию мониторинги низомҳои арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, инъикоси фаъолияти марказ ва амсоли инҳо дар саҳафоти маҷалла чоп хоҳад шуд. Чопи мақолаҳо ва инчунин, як нусхаи маҷалла барои муаллифони матлабҳо ройгон аст, - таъкид кард Абдубосит Нуралиев.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш