Ҳафтаи гузашта дар Қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар бо иштироки вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид баргузор гашт. Дар ҷаласа фаъолият ва мушкилоти соҳаи маорифи вилояти Суғд баррасӣ гардид.
Дар ин радиф вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилоят низ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Вобаста ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилоят сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷалолиддин Амиров суханронӣ кард. Мавсуф иброз дошт, ки дар вилояти Суғд 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейи касбии техникӣ) фаъолият менамоянд, ки аз рӯйи 30 ихтисос касбҳои коргарӣ омода мекунанд. Дар онҳо 698 хонанда таҳсил менамоянд.
Ҳамзамон, дар вилоят 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ - технологӣ, варзиш, иқтисодӣ, кишоварзӣ ва фарҳангӣ дар доираи 57 ихтисос мутахассисонро омода месозанд ва дорои 19738 донишҷӯ мебошанд.
Ҷ.Амиров аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки базаи моддию техникӣ, норасоии китобҳои дарсӣ, таъминоти кадрӣ, набудани озмоишгоҳҳои фаннӣ, дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани биноҳои таълимӣ, норасоии ҷойи нишаст ва хобгоҳҳои хонандагону донишҷӯён, нарасидани ашёи таълимӣ, корношоям будани таҷҳизоти техникӣ аз омилҳое мебошанд, ки ба сатҳи омодасозии мутахассисони оянда таъсири манфӣ мерасонанд.
Барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои вилоят талабот зиёд бошад ҳам, бо сабаби кушода нашудани ихтисосҳои нав, ҷавобгӯ набудани биноҳои таълимӣ ва синфхонаю кабинетҳо, инчунин, бо компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ, технопаркҳо, озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ ба таври зарурӣ таъмин набудани ин муассисаҳои таълимӣ мушкилоти ба таҳсил ҷалб намудани довталабон ба миён омадааст.
Биноҳои таълимӣ
таъмирталабанд
Санҷиш нишон дод, ки биноҳои литсейҳои касбии техникии шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом, политехникии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷҳои омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, тиббии шаҳри Конибодом, тиббии шаҳри Исфара ва санъати шаҳри Хуҷанд, омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров солҳои пеш сохта шуда, аксарияти онҳо то ҳол аз таъмири асосӣ бароварда нашудаанд, сифату муҳтавои овезаҳо, расмҳо, ҷадвали дарсӣ, гӯшаи назоратии муассисҳо ба талабот ҷавобгӯ намебошанд.
Чунончи, коллеҷи тиббии шаҳри Исфара дар маҳаллаи 9/5-а дар бинои кӯдакистони №39-и ҶСШК «Тамохуш-ЗГМИ» ҷойгир мебошад. Ин бинои коллеҷ ба ҶСШК «Тамохуш-ЗГМИ» мансуб буда, коллеҷи мазкур ҳамчун истифодабаранда бо пардохти ғайриманқул фаъолият мебарад. Инчунин, муассисаи таълимии мазкур як бинои таълимӣ дар заминаи беморхонаи марказӣ низ дорад, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.
Чаро барномаи давлатӣ иҷро намегардад?
Қайд бояд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05 2010, №322 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ“ қабул шуда буд ва тибқи замимаи ин барнома бояд дар солҳои 2011-2015 кабинетҳои фаннии физика, математика, химия, биология ва технологияи информатсионӣ пурра ҷиҳозонида мешуданд. То имрӯз дар бештари ин муассисаҳо оид ба ин масъала ягон кор ба анҷом расонида нашудааст.
Дар аксари муассисаҳои таълимӣ, ки аз рӯйи ихтисосҳои системаи компютерӣ ва Интернет-технология ва ҳисобдор (бо тавонистани кор бо компютер), таъминоти барномасозӣ мутахассис омода карда мешавад, теъдоди компютерҳо ба шумораи хонандагон мувофиқат намекунад ва компютерҳо бо шабакаи Интернет пайваст нестанд. Инчунин, дар ягон муассисаи таълимӣ дар компютерҳо сетҳои дохилӣ ва беруна насб карда нашудаанд. Ҳангоми суҳбат бо хонандагон ва донишҷӯён маълум гардид, ки онҳо дар бораи шабакаи интернет маълумоти нокифоя дошта, дар бораи сетҳои дохилӣ ва беруна умуман иттилоъ надоранд.
Ғайр аз ин, танҳо дар литсейҳои касбии хизмати шаҳри Хуҷанд, сохтмони шаҳри Хуҷанд, политехникии шаҳри Хуҷанд, саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод ва коллеҷҳои омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, санъати шаҳри Хуҷанд, политехникии ноҳияи Зафаробод, технологии шаҳри Конибодом 3 ададӣ проектор мавҷуд аст, ки мавриди истифодаи доимӣ дар дарсу машғулиятҳо қарор намегиранд. Муассисаҳои таълимӣ тахтаи электронӣ надоранд. Шумораи мизу курсӣ ва компютерҳо дар муассисаҳои таълимии зикршуда ба теъдоди донишҷӯёни шуъбаи рӯзона мувофиқат намекунад
Чунончи, дар литсейҳои касбии политехникии шаҳри Хуҷанд, касбии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва коллеҷҳои тиббии шаҳри Конибодом, тиббии шаҳри Исфара, тиббии ғайридавлатии шаҳри Гулистон ба як компютер то 50 донишҷӯ рост меояд, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф ҷавобгӯ нест.
Мутахассисони варзида
намерасанд
Дар соли таҳсили 2017-2018 дар муассисҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд 2503 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 632 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Муассисаҳои мазкур асосан бо омӯзгорони фаннию тахассусӣ таъмин буда, мутаассифона, 36 омӯзгори ғайриихтисос аз фанҳои гуногун дар онҳо кору фаъолият карда истодаанд. Масалан, дар литсейҳоии касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, техникии шаҳри Истиқлол, саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом ва коллеҷҳои тиббии шаҳри Исфара, тиббии шаҳри Истаравшан, омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ бинобар сабаби набудани омӯзгорони ихтисосманд, омӯзгоронии фанни ғайрихтисос дарс мегузаранд. Ҳамзамон, дар аксарияти коллеҷҳои тиббии вилоят фанни забони лотинӣ аз ҷониби ғайримутахассисон бо сабаби тайёр карда нашудани ихтисоси мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешавад.
Инчунин, дар як қисмати муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзгорони фанҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ намерасанд.
Чаро муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо китобҳои дарсӣ таъмин
нестанд?
Яке аз проблемаҳои асосии муассисаҳои таълимии мазкур нарасидани китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ буда, муассисаҳои таълимии литсейҳои касбии техникии шаҳри Истиқлол, политехникии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷҳои омӯзгории ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ, техникии ғайридавлатии шаҳри Хуҷанд нисбат ба дастрасии адабиёти фанҳои умумитаълимӣ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат накардаанд.
Дар соли таҳсили 2017-2018 аз 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят танҳо 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва аз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии вилоят 9 муассисаи таълимӣ барои харидории китобҳои дарсӣ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намудаанду халос.
Таъкид намудан зарур аст, ки китобхонаҳои муассисаҳои санҷидашуда фаъол набуда, дар нақшаи кори солонаи онҳо масъалаи таъмини китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ баррасӣ карда намешаванд. Аксарияти китобдорони муассисаҳо собиқаи кори китобдории яксолаю дусола дошта, нақшаи кори солона ва доир ба фаъолияти пешбурди кори китобхона маълумоти кофӣ надоранд. Чунончи, китобдорони литсейҳои касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, шаҳри Истиқлол, шаҳри Истаравшан, политехникии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷҳои ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, тиббии шаҳри Истаравшан ва санъати шаҳри Хуҷанд вобаста ба масъалаи мазкур тасаввуроти зарурӣ надоранд.
Азхудкунии барномаҳои таълимӣ қаноатбахш нест
Новобаста аз андешидани тадбирҳои судманд, дар муассисаҳои таълимӣ таълиму тарбия ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ набуда, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён қонеъкунанда нест.
Масалан, то имрӯз дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ва дигар коллеҷҳои омӯзгории вилоят кафедраҳои методӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кушода нашуда, аз ҳисоби омӯзгорони таҷрибадор роҳбарии ин кафедраҳо ва таъмини доимии дарсҳо дар ин муассисаҳо ва ҷалби донишҷуён ба онҳо чораҳои дахлдор андешида нашудааст.
Бояд зикр намуд, ки бе омӯзиши васеи фанҳои таълимӣ ва навиштани корҳои мустақилона, маҷмӯи вазифаҳои хонагӣ, корҳои курсӣ, реферат ва мутолиаи китобҳои дарсӣ ҳамчун мутахассис фаъолият намудани хонанда ва донишҷӯ душвор мегардад. Маҳз ҳамин омил ба дониши сусти хонандагону донишҷӯён аз қисми зиёди фанҳои таълимӣ оварда расонидааст, ки ба саволҳои тестӣ, корҳои хаттии (диктант) ва шифоҳии пешниҳодгардида азхудкунӣ дар маҷмуъ 78,4%-ро ташкил дод.
Чаро ба низоми кредитии таҳсилот пурра нагузаштаанд?
Аз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии вилояти Суғд танҳо 10 муассисаи таълимӣ ба низоми кредитии таҳсилот гузашта, дигар муассисаҳои таълимии вилоят бо вуҷуди дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин низоми таҳсил то ҳол нагузаштаанд.
Барои то оғози соли таҳсили 2018-2019 ҷиҳати гузаштан ба низоми мазкур бояд ҳуҷҷатҳои зерро пешнниҳод намуд: варақаи холгузории кори (лоиҳаи) курсӣ, варақаи холгузории таҷрибаомӯзӣ, варақаи санҷиши фосилавӣ, журнали қайди дарсҳо ва давомоти донишҷӯён, маълумотномаи академӣ, нақшаи таълими фардӣ, транскрипт (маълумотномаи академӣ), дафтарчаи донишҷӯ.
Гузариш ба низоми нави таҳсилот на фақат тағйироти куллиро дар заминаи моддӣ-техникӣ, балки сифатан тағйир додани технологияи таълим ва идоранамоии он тақозо менамояд.
Агарчанде ки тӯли 4 сол бо ин низоми таҳсил гузашта бошанд ҳам, дар коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод, коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ ва коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз эдвайзер фаъолият намекунад, ки хилофи Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот мебошад.
Ҳамчунин, як нусхаи сил-лабусҳои таҳияшудаи фанҳои таълимӣ тибқи талаботи ин низом бояд ба донишҷӯён дода шавад, то донишҷӯ аз рӯйи он оид ба ҳар мавзӯъ омодагӣ гирад. Ин амал низ аз тарафи роҳбарияти таълимгоҳҳо ба роҳ монда нашудааст. Ғайр аз ин, барои аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, бо компютер ва дигар воситаҳои нави техникии таълим кор намуда тавонистани он, ки яке аз масъалаҳои асосӣ дар шароити имрӯз барои омӯзгорон ба ҳисоб меравад, чораҳои зарурӣ дар муассисаҳои таълимӣ андешида нашудааст, - иброз дошт Ҷалолиддин Амиров.
Дар охир вазири маориф ва илм Нуриддин Саид масъулини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилоятро вазифадор намуд, ки ҳарчи зудтар муассисаҳои таълимиро бо китобҳои дарсӣ, методӣ ва дастурҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои таҷҳизонидаи фаннӣ, кушодани китобхонаҳои электронӣ ва китобҳои дарсӣ ва бадеӣ таъмин намоянд. Инчунин, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуда, муассисаҳои таълимие, ки ба низоми таҳсилоти кредитӣ нагузаштаанд, чораҳои зарурӣ биандешанд. Ташкил нақшаи таълимии фардии донишҷӯ дар муассисаҳои таълимие, ки ба низоми таҳсилоти кредитии таҳсилот гузаштаанд, ногузир буда, норасоии таҷҳизот ва технологияҳои муосир (компютер, проектор ва тахтаи электронӣ) ва воситаҳои аёнии замонавӣ бартараф карда шавад.
Эҳсон Сафарзода,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм,
Насриддин Охунзода,
“Омӯзгор”
Душанбе-Хуҷанд-Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр