Нашрияи Омӯзгор

ММТ: марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон оғоз ёфт

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 1уми марти соли 2020 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 (ИМД-2020) оғоз кард. Барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 33 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд.

Зимни суҳбат котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода иброз дошт, ки марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муддат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз ин, ки кадом муассиса(ҳо)-и таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11 ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳо (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намудҳои таҳсил (ройгон, пулакӣ) интихоб карда метавонанд. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ҳам намуди таҳсили ройгон ва ҳам пулакӣ ва аз рӯйи шакли таҳсил танҳо рӯзонаашро интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупориро ихтиёран муайян мекунад.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2020 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон ва вобаста аз зинаи таҳсилоти шахси номнависшаванда чунин муқаррар гардидааст:

- 210 (дусаду даҳ) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

- 160 (яксаду шаст) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум);

- 25 (бисту панҷ) сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ.

Тибқи тартиби муқар-раркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:

1) Шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;

2) шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:

- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Шахси аз пардохти 50%-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) бошад, 80 (ҳаштод) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ бошад, он гоҳ 105 (яксаду панҷ) сомонӣ пардохт мекунад.

Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Дар идома З. Абдусаломзода, ҳамчунин, қайд кард, ки шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД-2020 бояд маблағро барои хизматрасонӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк” пешакӣ пардохт карда, расиди аз филиал ба ӯ додашударо бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ (www.ntc.tj) ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Феҳристи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2020 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд ва рӯйхати филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Амонатбонк” низ дар сомонаи марказ (www.ntc.tj) ҷой дода шудааст.

 

Таҳияи

Н.ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш