Нашрияи Омӯзгор

Талош барои дастовардҳои нав

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар қариб тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ихтироъкорон, соҳибкорон, ҳунармандон ва донишмандони ба талаботи замон ҷавобгӯ намерасанд.

Президенти мамлакат иброз доштанд ки роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Ин дастур аҳли Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро низ барои фаъолияти бештар водор сохт.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони донишгоҳ ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров зикр кард, ки раёсат ва Шӯрои олимони донишгоҳ дар соли гузашта рисолати худро дар самти рушди технологияи инноватсионии таълим дар соҳаи иқтисод ва идоракунӣ, ташаккули тафаккури эҷодӣ ва салоҳияти касбӣ, ҳифз ва афзун намудани арзишҳои иҷтимоию фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ дар асоси ҳамгироии таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмию тадқиқотӣ ба роҳ монда, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба стандартҳои байналмилалӣ дар оғози соли таҳсили 2019-2020 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи зинаи бакалавр – 1-250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ, 1-250104 – молия ва қарз, 1-250107 – иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо, 1-240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ ва 2 барномаи таълимии зинаи магистратура – 1-250103 – иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва 1-250104 – молия ва қарзро барои мутобиқат ва Стандартҳо оид ба таъмини сифат дар фазои аврупоии таҳсилоти олӣ (ESG) пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ бомуваффақият гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ низ дар соли 2019 хеле хуб ба роҳ монда шуда, робитаҳо бо макотиби олии дохилию хориҷи кишвар ба таври судманд тавсеа ёфта истодаанд. Заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ низ бисёр хуб аст. Имрӯз тамоми шароит барои таълиму тарбияи донишҷӯён муҳайё гардидааст. Баъзе камбудиҳое, ки аз ҷониби гурӯҳи кории аккредитатсияи байналмилалӣ баён гардиданд, инчунин, ҳалли баъзе мушкилоти ҷойдоштаи шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳо, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ минбаъд марҳила ба марҳила бартараф хоҳанд шуд. Ба хотири рушд ва инкишофи фарҳанги техникӣ имрӯз зарурати бунёди маркази инкишофи стратегӣ пеш омадааст, ки ин марказ ҳамчун як ташкилоти ҷамъиятӣ амал намояд ва дар он нафароне ҷамъ оянд, ки воқеан, ҳадафи асосиашон пешрафту тараққиёти иқтисод ва техникаи кишвар аст. Мушкилоти дигаре, ки имрӯз садди роҳи рушди дониш ва фарҳанги техникӣ гардидааст, нарасидани омӯзгорони донишманди фанҳои дақиқ ва адабиёти марбут ба ин фанҳо мебошад. Бештари китобҳои фанҳои дақиқ нашри забони русӣ аст ва чанд номгӯе, ки бо забони тоҷикист, сатҳи баланди илмӣ надорад. Бо ҷорӣ шудани соатҳои зиёди омӯзиши фанҳои дақиқ якбора ба комёбиҳо ноил нашавем ҳам, ба баландшавии сатҳи дониши техникӣ мусоидат хоҳем кард. Барои ислоҳи камбудиҳое, ки ба рушди инкишофи донишу фарҳанги техникӣ монеъ мешаванд, шояд солҳои зиёд лозим шавад, аммо заминаро имрӯз бояд гузошт.

 

М. САИДОВА,

декани факултаи

тиҷорат ва гумруки Донишгоҳи давлатии

тиҷорати Тоҷикистон,

Ҳ. МАҚСАДОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш