Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисони шоистаро тарбия менамоем

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26. 12. 2019) дар қатори дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ба масъалаи рушди  соҳаи  сайёҳӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки рушди соҳаи номбурда  самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.Маълум, ки рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад.   Роҳбари давлат вобаста ба руши сайёҳӣ дастур доданд, ки бо мақсади муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо  дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ  ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад. Айни замон донишкадаи мо табдили ном карда, акнун ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи сайёҳӣ диққати бештаре медиҳад.

Барои амалӣ кардани ин ҳадаф аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардид, ки: «Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд,  пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад». Ҳамчунин, аз тарафи Сарвари кишвар ба Кумитаи рушди сайёҳӣ дастур дода шуд, ки бо мақсади тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа пешрафта пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Чунин омилҳо, бешубҳа, рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи сайёҳӣ таъмин хоҳанд кард. Махсусан, бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ як қатор пешравиҳо дар ин самт ба назар расида истодаанд. Донишкадаи мо низ дар ин раванд масъулияти бузургеро бар дӯш дорад. Тибқи нақша – чорабиниҳо дар самти иҷрои ин тадбирҳо шогирдонеро тарбия менамоем, ки аз ҳар нигоҳ дар оянда  дар пешрафти ин соҳа саҳми худро хоҳанд гузошт.

Яке аз масъалаҳои марбут ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон  тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Чунин усул ба ҷалби бештари хориҷиён, ташкил кардани ҷойҳои корӣ имконият фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки имрӯз муассисаҳои таълимӣ бо тамоми шароит ва воситаҳои таълимӣ, барои омӯзиши хоса забонҳои русиву англисӣ таъминанд ва мо, омӯзгоронро лозим аст, ки дар баланд бардоштани сифати таълим ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли ҷавон ҳамвора талош намоем. Чунин шароит дар донишкадаи мо низ фароҳам оварда шудааст. Ин ба мо имкон медиҳад, ки донишҷӯи имрӯзаро ба сифати мутахассисони соҳибмаърифату забондон ва дорои маданияти баланду  муоширати намунавидошта тарбия намоем.             

 

Исломбек ХОРКАШОВ,

муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, номзади илми иқтисодӣ, дотсент

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш