Нашрияи Омӯзгор

Саразм – муаррифи оғози тамаддун

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Ёдгории Саразм хазинаи тиллоии таърихи миллат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгуфтор

Ман, муаллифи ин сатрҳо, пеш аз ҳама, забоншинос ва баъдан, методисти соҳаи таълими забони тоҷикӣ мебошаму ин шуғли худ дилбастагии беҳад дорам. Бо ин суханон хонандаро огоҳониданиам: ҳарчанд ки ба ин таълифот «Саразм–муаррифгари оғози тамаддуни халқи тоҷик ва ҷаҳониён» унвон дорад, ин на ба он маъност, ки ман яке аз муҳаққиқони ҳафриёти Саразм бошам. Собиқ вазири маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон Саид Нуриддин тибқи дастурҳои дар Паёми охирини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (аз 26.12.2019) дар иртибот ба ҷашнгирии 5500-солагии Саразми бостонӣ ба тамоми муассисаҳои илмию тадқиқотӣ супориш дода буданд, ки ба муносибати ин ҷашни байналмилалӣ ҳар чӣ бештар тавассути матбуоти ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, нашрияҳои вазорат хабару мақолаҳоро ба чоп расонда шаванд, то ки ҳамагон аз муҳиммият ва нақши ин бозёфти таърихӣ, ки аз натиҷаҳои ҳафриёти зиёда аз 40–сола дар Саразми бостонӣ ба даст омадааст, бештар огоҳӣ дарёбанд.

Инак, дар иртибот ба ин, раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон маро, ҳамчун зодаи Панҷакент  супориш дод, ки барои ҷамъоварии мавод дар алоқамандӣ аз кашфиёти Саразми бостонӣ саҳм гирам…

Шиносоии ман бо маркази Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент–Саразм, ки муваққатан дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ воқеъ будааст, ҳамчунин, бо маъмурияти он 20 январ сурат гирифт. Маро директори Пойгоҳи бостоншиносӣ Худоёрова Норинисо, ки худ таърихшинос ва номзади илмҳои педагогӣ будааст ва корманди муассисаи мазкур Воҳидова Сайёра, ки таърихшинос ва, ҳамзамон, устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент самимиву пурмуҳтаво пазируфтанд. Ба дараҷае ки ҳанӯз мавзеи бостоншиносии Саразмро бо чашми худ надида, ба он дилбастагии беҳад пайдо намудам ва дар дил ба кашшофи нахустини он, профессори бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов ва нафарони дигар  - олимони мисли ӯ дар байни чангу хок нишаставу хобидаву ғелидаву ғеҷида, ки соатҳо дар хандақу зери деворҳои фарсудаву валангоршуда бо мақсади ба даст овардани ҳатто одитарин бозёфт фаъолият меварзидаанд, «Аҳсант!» мегуфтам.

Расо соати 14 мошини сабукрави мо, ки ронандааш ҳам худи директор–Норинисо Худоёрова буд, дар даромадгоҳи назди сохтмони дарвозаи Мамнуъгоҳ, дар тарафи рости роҳи калони мошингарди Панҷакент–Самарқанд дар дурии 400-450 метр воқеъ буда, ки бо деворҳои аз хишти пухта қад меафрохтааш 40 метрро ташкил медодааст, қарор гирифт.

Чун аз мошин фаромадем, ҳаво хунук буду шамоли сард низ мевазид. Аз ин рӯ, мо бо 7-8 нафар устое, ки дар баландии 8-10 метр ба сохтмони дарвоза машғул буданд, ҳамсуҳбат шуданро муносиб надониста, вориди мамнӯъгоҳ гардидем, ки атрофаш дар масоҳати 17га бо пешниҳоди Президенти ҷумҳуриамон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 4000м панҷарадевор карда шуда будааст.

Сарвари мамнуъгоҳ Н. Худоёрова ва ҳам ёвари ӯ С. Воҳидова банавбат баҳри тақвият бахшидан ба фикри ҳамдигар ба нуктаҳои зерини ин осорхонаи бостонӣ, ки имрӯз дар мавзеи Саразм ё худ шаҳри Саразм воқеъ асту овозааш на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон паҳн гардидааст, дақиқ-дақиқ ҷалб менамуданд: 1. Таъкид карданд, ки дар тӯли зиёда аз се даҳсола ин мавзеъро шаҳрак меномиданд. Вале пас аз он ки мутахассисони бостоншиносу ҳарфиётгарон ҳудуди онро дар доираи зиёдтар аз 100га муайян намуданд, Саразмро шаҳрак не, балки шаҳр меномидагӣ шуданд, ки алҳол аз он ҳамаи масоҳат (100га), чунон ки дар боло зикр гардид, ҳамагӣ 17 гектари он бо панҷарадеворҳои оҳанин иҳота карда шудааст.

2. Дар Саразм кофтуковҳои археологӣ аз тобистони соли 1977 оғоз ёфта, то ба имрӯз, яъне дар муддати 45 сол дар 19 мавзеъ, ки дар маҷмӯъ ба масоҳати 1 гектар баробар аст, мутахассисон зимни истифода аз воситаҳои гуногуни техникию санҷишӣ, рӯ овардан ба манъбаҳои илмию муқоиса намудани боёфтаҳои бадастомада бо бозёфтҳое аз дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупову Африқо ба пажӯҳишҳои тӯлонӣ машғул будаанд. Онҳо аз натиҷаҳои ниҳоии он ҳама бо хулосаҳои дақиқи илмию амалӣ дар чандин симпозиуму конфронси байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо бургузор шудаанд, бо маърӯзаҳои пурмазмуни дорои далелҳои қотеъ баромадҳо кардаанд. Исбот кардаанд, ки бозёфтҳои аз ҳафриёти Саразм гирдовардашуда аз таърихи хеле қадимӣ, маданияти кишоварзиву чорводорӣ, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ будан, ҳамчунин, дорои санъати волои меъморӣ, кулогариву заргарӣ, эътиқоди махсуси мазҳабӣ ва, ниҳоят, аз доштани равобити моддиву мадании саразмиён бо қабилаҳои шаҳру давлатҳои ҳамҷавору дур, ки Роҳи Бузурги Абрешим аз ҳудуди ҳамин шаҳр (Саразм) мегузаштааст, гувоҳӣ медиҳанд.

3. Чун 100–150 метр ба дарунтари мамнӯъгоҳ рафтем, Н.Худоёрова ба мавзеъҳои ҳафриёт ишора намуда чунин афзуд:–Тавре мебинед, ҳоло аз 19 ҳафриёт бо дастури Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон 5–тоаш болопӯш карда шудаасту болопӯш гардидани 5 ҳафриёти дигар то рӯзҳои ҷашн дар мадди назар аст.

1.Оғози кор дар Саразм: кӯшишҳо ва натиҷаҳои аввалин

Сарвари Пойгоҳ Н. Худоёрова бештар дар бораи бозёфтҳои асосии аз ҳамон 5 ҳафриёти болопӯшшуда бадастомада баъзан то ҷое батафсил нақл мекард, ки гӯё худаш ҳам дар хандақҳо, дар паҳлуи ҳафриётгарон истода, шоҳиди аз кунҷи девореву зери хиште ва муъҷизоти аз қабре ошкоршуда гардида бошад (бахусус, дар бораи қабри Маликаи Саразм). Ман наметавонам, он ҳама нақлҳои, воқеан ҳам, ҷолиби сарвари Пойгоҳи мазкурро, ки танҳо аз гуфтаҳои як нафар шунидаам, бе санаду бурҳоноти қотеъ, махсусан, бе номбар кардани кошифони аввалин ва дигар ашхоси дар ин ёдгории таърихӣ ба ҷустуҷӯ машғулбуда, ки баъзан кӯшишҳои шабонарӯзӣ ба харҷ додаанд, ҳарф занам. Чунки дар чунин маврид, яъне, аз он ки бе далелу истинод, бе зикри вақту ҳангом, бе тавзеҳи шахсияти ихтироъкорон дар бораи чунин як мамнӯъгоҳи бузургу овозадор навиштаҷоте рӯйи қоғаз оварда шавад, он ба қавле, хушку холӣ ва аз тарафи хонандаи серталабу кунҷков, албатта, ҳамчун навиштаҷоти шубҳабарангез қабул карда хоҳад шуд.

Аз ин ваҷҳ, дар зер ҳар нуктаеро, ки дар иртибот ба ҳафриёти Саразм ва омодагиҳои шаҳри Панҷакент ба ҷашни байналмилалии ин Пойгоҳи бузург мансубанд, мехоҳам, танҳо дар доираи далелҳои аз маъхазҳои гуногун интихобшуда рӯйи қоғаз оварам…

Чунонки дар саҳ. 12-14-и китоби «Саразм–оғози тамаддуни тоҷикон» (с.2018) ном монографияи нахусткашшофи Саразми бостонӣ Абдуллоҷон Исҳоқов омадааст, ба сабаби он ки соли 1932 Ҷӯраалӣ Муҳаммадалӣ ном чӯпоне аз доманаи қалъаи Абаргари кӯҳи Муғ сабадчаеро дарёфт намудаст, ки дохилаш пур аз ҳуҷҷатҳо–навиштаҷоти суғдиву хитоӣ ва арабӣ будааст. Ба ҷуз дар Тоҷикистон, дар шаҳри Санкт-Петербург пас аз муоина аз тарафи суғдшинос А.А.Фрейман ва арабшинос И.Я. Крачковский муқаррар шудааст, ки маводи дар он сабадча маҳфузбуда мансуб ба ҳуҷҷатҳои ҳокимони Панҷакенти қадим асту ба ибтидои асри VIII милодӣ тааллуқ доштааст. Ва махз туфайли чунин бозёфт дар Тоҷикистон аз соли 1933 экспедитсияи кофтуковҳои бостонӣ таҳти роҳбарии А.А. Фрейман оғоз ёфтааст.

(Давом дорад)

 

Саидбой  Шербоев,

узви вобастаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори ДДЗТ

ба номи С.Улуғзода

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш