Нашрияи Омӯзгор

Оғозбахши ҷаҳони мо

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Модар. Чӣ вожаи азизу муқаддас аст барои ҳар як инсон.Вақте ки кас ин калимаро ба забон мегирад, пеши назараш модари азизу меҳрубонаш падид меояд.

  Эълон гардидани Рӯзи модар дар кишвари мо амри тасодуфӣ набуда, бо суннатҳои қадимӣ ва анъанаҳои неки ниёгонамон такя мекунад. Маҳз модарон ҳастанд, ки бо қалби бузургу ҳастии хеш ба ин ҷаҳон сидқу сафо ва меҳру вафо мебахшанд.Аз ин рӯ, ба хотири эҳтиром гузоштан ба Зан-Модар  ҳамасола мо ин рӯзи фараҳбахшро  дар сатҳи баланд ҷашн мегирем.

Маҳз модари тоҷик ҳазорон нафар фарзанди фарзона ва бонангу номусу ҷасуру ватандӯстро ба дунё оварда, дар домони худ парварда, ба камол расонида, барои хидмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.

Модар бузургтарин  офаридаест, ки Худованд ба ҳар як инсон онро ато намудааст.Суханҳои гуҳаррезу пур аз меҳри модар инсонро ба зиндагӣ дилгарм месозанд.

Пешрафту тараққиёт, шукуфоиву зебоии ҷомеаро бе ширкату нақши Зан-Модар тасаввур кардан амрест маҳол. Ҳусну зебоӣ, лутфу меҳрубонӣ, бузургдиливу сарсупурдагии ӯ ҷиҳати амну субот, оромиву рушд, рисолати офаридгорӣ  аз сифатҳоест, ки аз зан ба аҳли башар расидааст.

Бузурге фармудааст:”Агар мехоҳед андозаи тамаддун ва пешравии миллатро бидонед, ба занони он миллат нигаред”.

Агар модар набуд, пас одаму олам набуд ва рӯзгор маънӣ надошт.Зан бузургтарин шоҳкории офариниши олам аст. Ишқу муҳаббат ва хушии рӯзгору лаззати маҳбубиятро танҳо дар мавҷудияту ҳастии Зан-Модар метавон дарёфт.Тавре шоир Ҳақдод Рашидӣ фармудааст:

Аз ту, модар, ибтидо ёбад

ҷаҳону зиндагӣ,

Бе ту набвад равнақе дар

бӯстони зиндагӣ.

Хуллас, сиришти занону модарон аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисоз ва эҳсоси гарми ҷонбахш офарида шудааст.

 

Бибисаида НИЁЗОВА, омӯзгори синфҳои ибтидоии гимназияи “Донишвар-1”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш