Нашрияи Омӯзгор

Мактабҳои садамавӣ дар Муъминобод

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Бинои кӯҳнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и ноҳияи Муъминобод  56 сол пеш тавассути похсадевор сохта шудааст. Мактаб дар деҳаи Кулдомани  Ҷамоати деҳоти ба номи  Шамсиддин Шоҳин  воқеъ буда, аз маркази ноҳия 20 км дур аст. Айни ҳол дар мактаб 823 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ба мактаби мазкур хонандагон аз деҳаҳои Ҷ.Балхӣ, Рӯдакӣ, Дараи Ҳаваш ва Туту, ки мактаб надоранд, масофаи 3-4 км-ро тай намуда, барои таҳсил меоянд. Нарасидани ҷойи нишаст боиси он гардид, ки соли 1976 дар паҳлуи бинои куҳнаи мактаб 10 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Соли 2004 аз тарафи ташкилоти хориҷии «ХАРИТАС» боми бинои таълимӣ аз нав таъмир гардид. Намуди берунии бино хароб гаштааст. Айни ҳол муассиса  дорои 12 синфхона ва майдончаи варзишӣ ва биноҳои иловагӣ мебошад. Бинои куҳнаи мактаб, ки дар он хонандагон дар ду баст мехонанд, синфхонаҳояш тангу торик буда, девору сақфи синфхонаҳо  хароб гаштааст. Таҳкурсии мактаб  бо мурури замон ба замин фурӯ рафтааст. Бинои мактаб барои 150 хонанда дар як баст сохта шудааст. Айни ҳол зарурати сохтмони мактаби нав ба миён омадааст. Вақте ки вазъи ногувори муассисаро аз директори мактаб Хизмат Имомов пурсон шудем, ӯ дар ҷавоб гуфт, ки муассисаи мо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Дар муассиса толори варзишӣ, ошхона, китобхона, маҷлисгоҳ барои гузаронидани чорабиниҳои мактабӣ вуҷуд надорад. Дар фасли зимистон умуман дарси тарбияи ҷисмонӣ гузаронида намешавад. Аз нарасидани синфхонаҳо хонандагони синфҳои ибтидоиро дар беморхонаи деҳа дар  4 ҳуҷра ҷой намудем. Сардухтур таҳсил дар беморхонаро хилофи қоидаҳои гигиенӣ дониста, ба гузаронидани машғулиятҳо роҳ надод. Баъди дахолати раиси ноҳия хонандагони мо ҳоло дар бинои беморхона  таҳсил доранд. Ҳамасола бо дастгирии падару модарон ва омӯзгорони мактаб бинои мактаб аз таъмир бароварда мешавад.

Рӯзе, ки дар мактаб қарор доштем, 29 хонанда бесабаб дар дарсҳо иштирок надош-танд. Ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия Ҳусайн Ҳамидов  иттилоъ дод, ки дар рӯзҳои барфу борон иштироки давомоти хонандагон ба дарсҳо кам мешавад. Бо ин ҳама омӯзгорони мактаб бо дили гарм ба хонандагон таълиму тарбия медиҳанд. Натиҷаи рейтинги нимсолаи якум нишон дод, ки аз 728 хонанда бо баҳои аъло 84 нафар, бо баҳои хуб 284 нафар ва бо баҳои миёна 360 нафар мехонанд. Дар соли хониши 2016-2017 аз шумораи 72 хатмкунандаи муассиса 60 нафарашон ба муассисаҳои олии кишвар дохил гардиданд. Аз шумораи 101 хатмкунандаи мактаб 74 нафар барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбии кишвар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супориданд. Дар кабинети технологияи информатсионӣ аз 7 компютер 3-тоаш дар ҳолати корӣ қарор дорад. 

Муассисаи таълимии №5-и деҳаи Сангдараи Болои  Ҷамоати деҳоти Ш. Шоҳин бошад, аз ду бинои асосӣ иборат буда, бинои куҳнаи он ба солҳои 50-уми асри гузашта тааллуқ дорад. Соли 1975 бинои нави мактаб бо усули финнӣ, ки аз 13 синфхона иборат мебошад, сохта ба истифода дода шуд. Бинои куҳна ба анбори муассиса табдил дода шудааст. Дар мактаб 427 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд. Қисми берунии бино дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Тавре директори муассиса Давлат Ҳалимов мегӯяд: - Ҳамасола бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо падару модарони хонандагон бинои мактабро аз таъмир бароварда мешавад. Сатҳи таълиму тарбия ва сифати дониши хонандагон хуб ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи рейтинги нимсолаи якум нишон дод, ки аз 374 хонанда бо баҳои аъло 55 нафар, бо баҳои хуб 189 нафар ва бо баҳои миёна 121 нафар мехонанд. Дар соли хониши 2016-2017 аз 43 нафар хатмкунандаи муассиса 20 нафар ба муассисаҳои касбии олии кишвар дохил гардиданд. Иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ суст ба роҳ монда шудааст. Аз 7 компютери мактаб 5-тояш дар ҳолати корӣ қарор дорад.

Зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Олимҷон Табаров  иброз дошт, ки вазъи муассисаҳои таълимии №5 ва №7 хуб буда, шароит барои таҳсили хонандагон муҳайё шудааст. Хушбахтона, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия дар 27 муассисаи таълимии ноҳия пешниҳод намудааст. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ  сохтмони мактабҳои нав аз ҳисоби маблағгузории Бонки исломии Рушд  дар деҳаи Сангдараи Боло ва бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Туту ва муассисаҳои таълимии №3,9 ва 10 оғоз мегардад. 

                         

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш