Нашрияи Омӯзгор

Саодати зиндагӣ

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Модар ҳаст, ки мо ҳастем, ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра набурда бошад. Модар чашмаи ҳаёти инсон аст ва ҳаёти инсон ба ӯ вобаста аст.

Модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Ҳастиаш ба дил қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор эҳдо мекунад.

Модар! Чӣ офаридаи муқаддас аст! Албатта, онро касе муқаддас меҳисобад, ки ба қадри модар расида тавонад, ранҷу меҳнати ӯро ҳис карда тавонад. Дар дунё ҳама чизро ёфтан осон аст, аммо падару модарро не, зеро ин шахсон ганҷинаи бебаҳо, гавҳари қиматбаҳо ва нодиру ноёбанд.

Модар ғамхору нозбардор, навозишгару бахшанда ва эҳдогари умри хеш ба фарзанд аст. Агар мо тамоми умр дар хизмати ӯ бошем, ба якшаба ранҷи кашидааш баробар шуда наметавонем: 

Якшаба он ранҷ, ки модар

кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон

баркашид.

Модар ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ  роҳи сафеду бахти сафед ёрашон бошад.

Модар барои мо  бо марг рӯ ба рӯ мешавад, талош меварзад, то ба мо ҳаёт бахшад. Охирин луқмаашро ба даҳони мо мегузорад. Дар домани пур аз меҳраш тарбият мекунад, ба мо сухан гуфтану роҳ гаштан меомӯзад.

Падарон низ бузурганд, шоҳсутуну чароғи хонадонанд. дӯстдоштатаринанд.  Падару модар ду шахсиятеанд, ки месазад барояшон меҳри дилҳоро ҳадя намоем.

Волидон беҳтарин ганҷинаи ноёбу нотакроранд. Онҳо беҳтарин  дороии ҳаётанд, ки барои ба дунёовардану ба камол расидани насли оянда хизмати арзанда доранд.

Волидайн аз ҳар касе хушнуд

шуд,

Он кас аз шоистаи маъбуд

шуд.

Волидайн аз ҳар ки дар озор

шуд,

Осӣ аст, аз ӯ Худо безор шуд.

Волидон барои хушбахтии фазандони хеш тамоми ҳаёти худро мебахшанд.   Ин аст бузургию олиҳимматии падару модар. Арзанда аст, ки онҳоро аз дилу ҷон дӯст дорем ва баҳрашон хушбахтиҳо ҳадя намоем.

 

Ф.САМАДЗОДА,

омӯзгори  Донишгоҳи

давлатии молия ва

иқтисоди Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш