Нашрияи Омӯзгор

Бонуе дар шоҳроҳи илму маориф

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Ҷамила  Раҳмонзода имрӯз ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбия, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон фаъолияти илмию  омӯзгорӣ  дорад. Мавсуф пас аз хатми донишгоҳ соли 1983 корро ҳамчун  лаборанти шуъбаи тайёрии УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) шурӯъ карда, сипас,  ба сифати  лаборанти  калони  кафедраи забони тоҷикии факултаи филологияи тоҷик, лаборанти  калони  кафедраи журналистика ва адабиёти  халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияташро идома додааст. Тӯли солҳо ба ҳайси методисти  шуъбаи рӯзонаи факултаи журналистика ва тарҷумонӣ, омӯзгори калони кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, муовини декан оид ба таълим ва дар вазифаи мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ кор кардааст.Вай ҳамчун узви Шӯрои олимони ДМТ  дар татбиқи илмҳои филологӣ ва журналистика саҳми худро мегузорад.

- Қариб чил сол аст, ки корманди масъули Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам ва аз он шодам, ки касби омӯзгориро пешаи худ инихоб  намудаам, - иброз медорад Ҷ. Раҳмонзода. - Дар оилаамон касби рӯзноманигориро муқаддас медонем. Падарам, ки имрӯз 85 сол доранду ҳоло дар нафақаанд, бештар аз шаст соли умрашонро  сарфи ин касби пуршараф – омӯзгорӣ намудаанд. Модари 79 – солаам, ки ҳоло дар паҳлуи падар давлати пирӣ меронанд, ҳамеша кӯшидаанд, ки барои пешрафти кори падарам шароит  муҳайё кардаву  кумак намоянд.

Натиҷаи фаъолияти илмию ҷамъиятии муаллима дар беш аз ҳаштод  мақолаю се дастури таълимӣ  зиёда аз бист силлабус ва барномаи курсҳои тахассусӣ ва умумӣ инъикос гардидааст. Ҷ. Раҳмонзода таҳти роҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев  дар мавзӯи «Проблемагузорӣ  дар  публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов» татқиқоти  илмӣ бурда, соли 2010 онро ҳимоя намуд ва унвони номзади илми филологиро соҳиб гардид. Дар баробари ин,  зери роҳнамоии ӯ зиёда  аз чил рисолаи дипломӣ ва як рисолаи номзадӣ дифоъ гардидааст ва чанд рисолаи илмии дигар барои ҳимоя омодаанд. Ба қалами  ӯ асарҳои «Воқеият ва публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов», «Ҷаҳони муосир: мавқеи садо ва симо», «Хосияти публитсистика» ва чанд мақолаи дигар дар маҷмӯаҳои илмӣ ва дастаҷамъӣ тааллуқ доранд. Номбурда дар тарғиби сиёсати давлату ҳукумат,  дар чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар сафарбар намудани устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ саҳми арзанда  мегузорад.

Дар баробари  ҳамаи ин, муаллима  дар оила  шавҳари меҳрубону модари ғамхори фарзандон низ мебошад. Ҷигарбандонаш Фарзонаву Рустам, Рухшонаву Фотима ва Ҳусейн ҳар кадомашон соҳиби вазифа ва донишҷӯёни  муассисаи олии касбианд.

Муаллимаи азизро бо Рӯзи модар табрик гуфта, барояш барору комёбӣ таманно дорем.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш