Нашрияи Омӯзгор

Такмили ихтисос – вусъатбахши фаъолият

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия, омӯзиши фанҳои дақиқ ва мутолиаи осори бадеӣ аз ҷониби хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин самт нақши устодону омӯзгоронро муҳиму ҳалкунанда арзёбӣ намуданд.

Воқеан, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия бо китобу барномаҳои дарсӣ маҳдуд нашуда, бояд бештар худомӯзӣ намояд, барои беҳтар гардидани самаранокии машғулиятҳо аз адабиёту сарчашмаҳои илмию методӣ огоҳона истифода намояд. Дар ин росто, аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон ба пешравии сифати таълим ва донишазхудкунии хонандагон такони ҷиддӣ мебахшад. Бо ин мақсад, «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қабул гардидааст, ки дар хусуси татбиқи амалии он суҳбате доштем бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони нашрия менамоем.

-Муҳтарам Хоналӣ Қурбон-зода, дар аввал мехостем дар хусуси моҳияту ҳадафҳои барномаи мазкур маълумот медодед.

-«Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» самтҳои асосии рушди соҳаи маорифро бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам, дастовардҳо, ҳамчунин, эҳтиёҷ ва талабот ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ муайян менамояд. Татбиқи барнома имкон фароҳам месозад, ки дар системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф муносибатҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шаванд. Барнома аз 5 боб ва 11 банд иборат буда, дар он мақсаду вазифа, самтҳои асосии кор, роҳҳои татбиқ, манбаъҳои маблағгузорӣ ва натиҷаҳои ниҳоие, ки ба даст меоянд, нишон дода шудааст.

-Маълум аст, ки муассисаҳои давлатии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (донишкадаҳои минтақавӣ дар назар аст) 6 сол қабл ба низоми ягонаю мутамаркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ворид гардиданд. Низоми номбурда чӣ афзалият дорад?

Дар воқеъ, ҳанӯз соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои давлатии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (донишкадаҳои минтақавӣ ВМКБ-шаҳри Хоруғ, вилояти Хатлон-шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд) ва Маркази такмили ихтисоси раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар заминаи Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» мутамарказонида шуданд.

Пас аз мутамарказ гардидани муассисаҳои такмили ихтисос ҳуҷҷатҳои  меъёри ҳуқуқии соҳа таҷдиди назар ва расмӣ карда шуданд. Муҳлати баргузории курсҳои такмили ихтисос дар донишкада ва филиалҳо ягона гардида, нақшаву барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, курси семинарҳои махсус вобаста ба ниёзи омӯзгорон аз ҷониби  мутахассисони донишкада, филиалҳо таҳия ва бо қарорҳои мушовараи Вазорати маорифи ва илм тасдиқ карда шуданд. Айни ҳол донишкада ва филиалҳо машғулиятҳоро аз рӯи барномаи таълимии ягона роҳандозӣ менамоянд.

-Масъалаи ташкил ва ҷиҳозонидани дарсхонаҳои (кабинетҳои таълимии фаннӣ дар муассисаҳои такмили ихтисос (филиалҳои ДҶТИБКСМ) дар кадом вазъ қарор дорад? Ҳамзамон, мехостем дар бораи такмили заминаҳои моддӣ - техникӣ ва бо шабакаи интернет пайваст гардидани филиалҳои донишкада дар вилоятҳо ва пойтахт, инчунин, худи ДҶТИБКСМ иттилоъ медодед.

-Бояд зикр намуд, ки кормандони филиали донишкада дар шаҳри Хоруғ дар ин самт дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, Лоиҳаи GIZ як қатор корҳоро ба сомон расондаанд. Аз ҷумла, кабинетҳои фаннӣ аз физика, химия, биология ва технология бо таҷҳизоти замонавии лабораторӣ  таъмин карда шуданд. Барои омӯзгорони фанни технологияи меҳнат кабинетҳои дуредгарӣ, пухтупаз ва дӯзандагӣ ташкил шуда, курсҳои амалии такмили ихтисос дар ин кабинетҳо гузаронида мешаванд. Дар филиали донишкада дар вилояти Суғд 5 кабинети таълимӣ аз фанҳои забонҳои русию англисӣ,  синфҳои ибтидоӣ, технологияи иттилоотӣ ва физика мавриди истифода қарор дода шудааст. Соли гузашта донишкада (ДҶТИБКСМ дар назар аст)  сомонаи интернетии худро бо суроғаи  «takmili-ihtisos.tj» фаъол намуд, ки дар он мунтазам дастовардҳои донишкада, ташаббусу иқдомҳои пешгирифтаи раҳбарияти муассиса, чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, нақшаи тақвимии баргузории курсу семинарҳои махсус, барномаҳои таълимӣ ва амсоли ин ҷой дода шудаанд.

-Мегуфтед, ки омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои такмили ихтисос чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

-Раёсати донишкада ҷиҳати тайёру омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Бо мақсади ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  ҷалб намудани омӯзгорону кормандони ҷавони донишкада ва филиалҳои он Шӯрои муҳаққиқони ҷавон таъсис дода шудааст. Феълан дар донишкада 21 нафар омӯзгори ҷавон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар самти методикаи таълими фанҳо ва педагогика пажӯҳиш анҷом дода истодаанд. Пас аз фаъолияти Шӯрои олимон фазои илмии донишкада куллан тағйир ёфта, муассиса ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ду нафар рисолаи доктории худро ҳимоя  намуда, панҷ нафар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ  қарор доранд. Ҳамчунин, 10 нафар корманди донишкада диссертатсияҳои илмии худро ба анҷом расонида, барои гузаштан аз марҳалаи пешдифоъ  ба Шӯроҳои диссертатсионӣ пешниҳод  намудаанд.

-Тавре мо огоҳӣ дорем, раёсати донишкада ҳамкориҳоро бо муассисаҳои такмили ихтисос дар хориҷи кишвар низ роҳандозӣ кардааст.

-Бале, ин дуруст аст. Бо мақсади густариш ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва намояндагони донишкадаю донишгоҳҳои Федератсияи Россия соли 2019 бо созмони  «Иқтисод ва маориф» семинари омӯзишӣ барои кормандону омӯзгорони донишкада гузаронида шуд. Соли 2020 бошад, бо  Донишгоҳи давлатии химия ва технология ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи шаҳри Ивановои Федератсияи Россия, рӯзҳои 12-21 феврал курси такмили ихтисоси «Менеҷмент дар соҳаи маориф» барои 80 нафар корманду омӯзгори донишкада ва филиалҳои он баргузор карда шуд. Дар ҳамкориҳо бо лоиҳаи Иттиҳоди  Аврупо «Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, марҳалаи 1», дар толори муассиса барои 100 нафар омӯзгор ва корманди донишкада ва филиали он дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Амалисозии муносибати босалоҳият ба таълим» семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Чунин   семинар-тренинги омӯзишӣ барои мутахассисони синфҳои ибтидоӣ бо фарогирии 50 нафар омӯзгор аз   муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Рушди инклюзивӣ» якҷо бо омӯзгорони ҷумҳурии  Беларус низ ташкил кардем…

-Ҷиҳати пурра ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорони зинаи таҳсилоти умумӣ дар донишкада чӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад?

-Соли гузашта тибқи нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар ҷумҳурӣ 1020 курси баландбардории маҳорати касбӣ бо фарогирии 24308 нафар, 401 курси омӯзиши муносибати босалоҳият ба таълим аз фанҳои забонҳои русию англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва арабӣ бо фарогирии 11693 нафар ва 23 курси такмили ихтисоси омӯзгорони фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо иштироки 591 нафар, 310 курси омӯзишӣ бо ҷалби 7018 нафар дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и ЮСАИД ва дар ҳамкорӣ бо «Барномаи кумаки Федератсияи Россия (РЕАД-2) 20 курси омӯзишӣ бо  фарогирии 495 нафар ташкил ва баргузор карда шуд. Бояд таъкид намуд, ки омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимии хусусӣ, махсус ва дигар намуди муассисаҳои таълимӣ дар донишкада ва филиалҳои он мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла,  дар донишкада аз моҳи январ то декабри соли 2019 150 нафар омӯзгор аз гимназия ва мактабҳои Президентӣ маҳорати касбии худро такмил доданд.

Дар  филиалҳои донишкада дар вилояти Суғд бо мақсади ҷалби ҳатмии омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти хусусӣ, махсус ва дигар  навъи муассисаҳо 597 нафар, дар филиали донишкада дар шаҳри Кӯлоб 37 нафар, филиали донишкада дар шаҳри Бохтар 9 нафар, филиали донишкада дар шаҳри Душанбе 75 нафар ва филиали донишкада дар ВМКБ 58 нафар аз ҳисоби омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти хусусӣ, махсус ва дигар навъи муассисаҳо ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар маҷмӯъ, соли 2019 926 нафар шунаванда аз муассисаҳои таълимии хусусӣ ва дигар намуди таълимгоҳҳо ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб карда шуданд.

 Дар тамоми курсҳои  такмили ихтисос машғулиятҳо бо истифода аз технологияи иттилоотӣ гузаронида мешаванд. Дар донишкада мунтазам  барои шунавандагон курсҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ ва омӯзиши тахтаи электронӣ гузаронида мешавад. Соли гузашта 5 курси ройгон барои хоҳишмандон дар донишкада бо фарогирии  70 нафар ва дар филиали донишкада дар шаҳри Душанбе бо фарогирии 44 нафар ташкил ва гузаронида шуд.

 

Мусоҳиб

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш