Нашрияи Омӯзгор

Рушди сайёҳӣ ва комёбиҳои кишвар

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

 

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳодисаи фараҳбахшест, ки он барои ба яке аз мамлакатҳои пешрафта табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Маълум аст, ки ҷумҳурии офтобрӯяи мо сарзамини биҳиштосо буда, дорои манзараҳои зебою нодир ва нотакрор мебошад. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, обшорону шаршараҳои баланд, бешазорону мамнуъгоҳҳо,  рӯду чашмасорон ва олами ҳайвоноти он аллакай қалби меҳмонону сайёҳони хориҷиро тасхир кардааст. Сайёҳон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз тамошои кӯҳи Мевағул, обҳои мусаффои афсонавии Ҳафткӯл, Искандаркӯл, дараи Варзобу Ромит, ёдгориҳои қадимаи тамаддуни тоҷик-Саразму Ҳулбук, манзараҳои дилангези мавзеъҳои Сарихосору Балҷувон, Ховалинг ва ғайра таассуроти нек бардошта, андешаҳои худро аз тариқи расонаҳои хабарӣ иброз доштанд. Чунонки аз иттилои оморӣ маълум мегардад, соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда, 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Бо мақсади беҳтар намудани хидматрасонӣ субъектҳои нав афзоиш ёфта, дар шаҳру навоҳии кишвар 282 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ (меҳмонхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳ, маҷмааҳои сайёҳӣ ва ғ.) ба сайёҳон хидмат расонданд. Ҳамзамон, бо ин мақсад соли гузашта 58 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд.

Ба ин тариқ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар умум, 202 ададро ташкил медиҳад. Тавсеаю рушди сайёҳию туризм аҳамияти калони иқтисодӣ дошта, барои бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд гардидани дараҷаи некуаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллати тоҷик мусоидат мекунад. Мо-омӯзгоронро зарур аст, ки дар чорабиниҳои беруназсинфӣ ва машғулиятҳои тарбиявии худ перомуни мавзӯи сайёҳӣ ва рушди он дар кишвар, мавзеъҳои ҷуғрофии ҷумҳурӣ, табиати биҳиштосои он ва ёдгориҳои таърихии тамаддуни тоҷик дарсҳои  намунавиро роҳандозӣ намоем. 

                                              

Муқаддас Ғарибмамадова,

омӯзгори мактаби №4, ноҳияи Шуғнон  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш