Нашрияи Омӯзгор

Рушди созмони хонандагон

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар  маҷмааи  «Душанбе - Плаза»-и пойтахт бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ  бо Маркази ҷумҳуриявии  муассисаҳои  таҳсилоти  иловагӣ конфронси назариявӣ – амалӣ дар  мавзӯи «Созмони хонандагон: дастовард ва дурнамои рушд»  барпо гардид. Ин конфронс ба 20 – солагии таъсисёбии созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ бахшида шуд ва дар он намояндагони  ҳамаи  созмонҳои  хонандагони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд.  Сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  Қутбиддин  Муҳиддинзода иштирокчиёни чорабиниро аз номи вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода табрик гуфт. Бино ба иттилои директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, раиси Шӯрои ҷумҳуриявии созмони хонандагон Умедҷон Сафарзода, созмони хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ зери шиори «Ба хизмати халқу Ватан бош тайёр!» ва ваъдаи тантанавӣ ҳадафҳои худро амалӣ месозад. Созмони  хонандагони муасисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дар се  зина – «Ахтарон», « Ворисони  Сомонӣ» ва «Сомониён» фаъолият менамояд.

Ин созмон ҳанӯз 26 феврали соли 2000 бо мақсади дастгирии ҳимояи ҳуқуқ, эътибор ва манфиатҳои кӯдакон, мусоидат кардан ба инкишофи худшиносии кӯдакону наврасон ва ҷавонон ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон, ташаккули асосҳои маданияти шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, фароҳам овардани шароит баҳри   худинкишофдиҳии кӯдакону наврасон дар рафти фаъолияти пурҷӯшу хурӯши эҷодӣ ва машғул гардидан ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ташкил  гардидааст.

Ба андешаи директори Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе Комил Раҳимӣ, созмони мазкур кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ, муносибати бошуурона ба меҳнат ва моликияти ҷамъиятӣ, эҳтиром ба фарҳанг, анъанаҳо, расму оинҳои миллии халқи худ ва дигар миллатҳо тарбия карда, ҳуқуқи онҳоро ҳимоя менамояд, истеъдодҳои табиӣ ва эҷодкории кӯдакону наврасонро ошкор сохта, дар инкишофи шахсияти эҷодии онҳо кумак мерасонад.

Дар ҳамоиш намояндаи ЮНИСЕФ Эраҷ Саодатсайров, директорон ва раисони Шӯрои Созмони хонандагони як қатор шаҳру ноҳия ва вилоятҳои мамлакат андешаронӣ карданд.

 

Раҷабалӣ САНГОВ,

корманди МҶМТИ,

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш