Нашрияи Омӯзгор

Паҳнову умқи журналистикаи тоҷик

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Аз таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» соли равон 108 сол пур мешавад. Маҳз ҳамин нашрия дар рушди матбуоти тоҷик заминаи воқеӣ гузошт. Баъдан нашрияҳои дигар ба вуҷуд омаданд ва ба баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва саводнок гардонидани аҳли ҷомеа мусоидат карданд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар имкон пайдо гардид, ки матбуоти гуногунтип ба вуҷуд биояд ва ҳамин рангорангӣ ба мазмуну муҳтавои нашрияҳо таъсири амиқ гузошт.

Вобаста ба таъриху ташаккули матбуоти тоҷик, матбуоти соҳавӣ, баррасии матолиби нашрияҳо ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи журналистика бо доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродов суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

– Тӯли 108 сол матбуоти тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намудааст. Мехостем назари шуморо оид ба давраҳои рушди матбуоти тоҷик  ва нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди матбуот  бифаҳмем.

– Матбуоти даврии Тоҷи-кистон умри беш аз садсола дорад. Шурӯъ аз нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» (11 марти соли 1912) таърихи матбуоти тоҷикро ба 3 давра ҷудо намудан мумкин аст; давраи то Шӯравӣ, замони Шӯравӣ ва даврони истиқлолият. Ин давраҳо ҷиҳатҳои муштарак ва ҳам  фарқкунанда доранд. Ҷиҳатҳои умумӣ дар он аст, ки нашрияҳо дар ҳама давру замон ба расонидани иттилоот ва ба вуҷуд овардани афкори иҷтимоъ кӯшиш мекунанд.

Дар марҳалаи аввал, то замони Шӯравӣ, нашрияҳо ба андозае аз нигоҳи таъйинот гуногун буданд ва дар меҳвари навиштаҳо бештар афкори маорифпарварона қарор мегирифт, ки як навъ даъват намудани мардум  ба рӯзнома-хонӣ буд. Рӯзноманигорон кӯшиш мекарданд   хонандагонро мутмаин созанд, ки матбуот барои бедории фикрии онҳо мусоидат мекунад ва ҳамин тавр, фарҳанги рӯзноманигорӣ ташаккул ёфт.

Дар замони Шӯравӣ, ки марҳалаи хеле тӯлониро фаро мегирад, матбуоти тоҷик хеле рушд кард, аммо муносибати иерархӣ  ҳукмрон буд. Ин муносибат  ба он маъност, ки ҳар чизе ҳизби ҳукмрон ба миён меовард, мавзӯю муҳтавои нашрияҳоро фаро мегирифт. Яъне, озодии сухан дар марҳалаи дуюми матбуоти даврии тоҷик нисбатан камтар ба мушоҳида мерасид.

Марҳалаи сеюм, ки баъди соҳибистиқлолии ҷумҳурии Тоҷикистон,  яъне, аз соли 1991 оғоз меёбад, дар инкишофи он замони бозсозӣ нақши муассир дорад. Шурӯъ аз давраи бозсозӣ матбуоти тоҷик сохтори пешинаи худро дигар кард ва мизони матбуот рангин шуд. Дар заминаи ин низом нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, тиҷоратӣ, ҳизбӣ ва дигар намуди онҳо ба миён омаданд. Ин рангорангӣ, аз як тараф, боиси баланд гардидани нақшу мавқеи матбуот дар фазои иттилоотӣ гашт, аз ҷониби дигар, ба рангорангии муҳтавои нашрияҳо низ мусоидат намуд. Аз ин лиҳоз, матбуоти тоҷик дар замони истиқлолияти давлатӣ аз ҳар ҷиҳат ба комёбию муваффақият ноил гардид. Якум,  ҷанбаҳои ҳуқуқии матбуоти даврӣ истеҳком пайдо кард, ки дар замони Шӯравӣ дар ин замина танҳо як қонун дар бораи матбуот мавҷуд буд, ки ба матбуоти умумишӯравӣ тааллуқ дошт. Дар даврони  соҳибистиқлолӣ беш аз 10 қонун дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба тасвиб расид, ки онҳо ҷанбаҳои хуқуқии воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, матбуоти давриро таъмин карданд. Аз тарафи дигар, сензура аз байн рафт ва барои баёни андешаи озод имкон ба вуҷуд омад.

– Дар замони рушди техникаву технология ва зуд паҳн гардидани иттилоот матбуоти тоҷик таъйиноташро тағйир дода метавонад? Дар ин шароит чӣ бояд кард?

– Воқеан, дар шароити рушди техникаву технологияи муосир матбуоти даврӣ бояд то андозае таъйиноти худро дигар кунад. Имрӯз дар байни аҳли қалами кишвар андешае пайдо шудааст, ки бояд маводи хурдтар чоп кард, зеро хонанда фурсати  мутолиаи маводи калонҳаҷмро надорад.  Гумон мекунам, ки  андешаи мазкур ба матбуот чандон мувофиқ нест.  Телевизион хусусияти нишон доданро дорад, радио шунавонидан, сомонаҳои иттилоотӣ иттилоъ расонидан, яъне, дар шабакаҳои интернетӣ маводи хурду камҳаҷм бозоргир аст, зеро  табиати интернет инро талаб мекунад. Дар сомонаҳои  интернетӣ навиштаҳои  калонҳаҷмро хондан душвор буда, ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ, ҳам аз нигоҳи фикрӣ ва ҳам аз нигоҳи психологӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин,  матбуоти  тоҷик  дар шароити имрӯза  бояд бештар ба  маводи таҳлилӣ  таваҷҷуҳ кунад ва ба минбари афкору андеша табдил ёбад. Ин кори душвор аст. Ба он хотир, ки аввалан, барои ин минбар журналисти ҳирфаӣ, аз  диди сиёсӣ бақувват, ки воқеаву ҳодисаҳои иҷтимоиро маърифат карда тавонад, зарур аст. Дар воситаҳои дигари ахбори омма  хусусияти иттилоотиву эҳсосӣ бештар аст, дар матбуот бошад, заминаҳои ақлию таҳлилии баландтар зарур аст. Дар ин ҳолат онҳое ба нашрияҳои даврӣ мароқ зоҳир мекунанд, ки  дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ бетараф нестанд. Ин маврид метавонем, ки матбуотро ба як минбари суҳбат қарор диҳем,  ки мавзӯъҳои он масъалаҳои мубрами замони имрӯза бошанд. Шояд ҳамин муносибат як навъ барои куллан дигар шудани рисолати нашрияҳои даврӣ мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, он дар рақобат нигаҳ доштани матбуот мебошад. Матбуот танҳо ба хотири чоп кардани мавод нест. Муҳим, ки баъди чопи нашрия он хонанда меёбад ё не? Мутаассифона, ба ин масъала камтар таваҷҷуҳ мешавад. Барои ин зарур аст, ки пурсишҳои сотсиологӣ бештар ба роҳ монда шаванд. Яъне, нашрияҳо бояд ба пешвози хонанда раванд ва дарди ӯро дарк кунанд ва он маводеро пешниҳод намоянд, ки дархӯри замон ва аудиторияи хеш бошад.

Чанд сол мешавад, ки нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Омӯзгор» озмунҳо элон менамоянд, ки ин ба ҷалби бештари хонандагон мусоидат мекунад. Масалан, моҳи ноябри соли гузашта дар як ҷамъбасти озмуни нашрияи «Ҷумҳурият», ки дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардид, иштирок кардам, ки дар сатҳи баланд ба вуқӯъ пайваст. Ин, аз як тараф, ҳавасмандкунии хонандагон бошад, аз ҷониби дигар, ба тарғибу ташвиқи нашрия нигаронида шуда, фикру андешаи хонандагон вобаста ба беҳтар намудани муҳтавои нашрия фаҳмида мешавад. Ин раванд дар нашрияи «Омӯзгор» низ ба мушоҳида мерасад. Хуб мешуд, ки ҷамъбасти озмунҳои нашрияи мазкур низ дар шаҳру навоҳӣ сурат мегирифт, ки ин  аз чанд ҷиҳат ба манфиати кор аст.

Дигар масъала, ташкили мизҳои мудаввар бо иштироки коршиносон вобаста ба фаъолияти нашрия  мебошад. Дар мизи мудаввар бурду бохти яксолаи нашрияро баррасӣ намудан мумкин аст. Инчунин, бо роҳи анкета метавон фикру андешаи хонандаро ба даст овард. Қатъи назар аз он ки нашрияҳои мо обуна доранд, имрӯз ба талаботи бозор таваҷҷуҳ  намудан зарур аст. Дар ин ҳолат метавон вазъи нашрияро  муайян намуд ва  маводу матолибро мувофиқ ба фикру андешаву майлу рағбати хонанда чоп кард.

- Хуб медонем, ки дар саргаҳи матбуоти тоҷик маорифпарварон қарор доштанд ва дар оғоз мавзӯи меҳварии нашрияҳоро таълиму тарбия ва саводнок намудани аҳли ҷомеа фаро мегирифт. Имрӯз фаъолияти нашрияҳои соҳавиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

–  Дуруст аст, ки пойдевори матбуоти тоҷик  алоқаманд бо маориф аст. Аз  «Бухорои шариф», баъдтар «Овози тоҷик» ва «Иди тоҷик» (ҳозира «Ҷумҳурият») асосгузоронашон  маорифпарварон буданд. Дар оғоз мақсади маорифу матбуот як чиз – саводнок намудани аҳли ҷомеа буд. Ҳамин рисолат имрӯз ҳам идома дорад ва нақши ин навъи матбуот дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бузург аст. Бояд гуфт, ки вақте матбуоти соҳавӣ мегӯем, танҳо марбут ба соҳаи маорифро дар назар надорем. Нашрияҳои соҳавии гуногун арзи ҳастӣ доранд.  Имрӯз дар низоми матбуоти Тоҷикистон «Омӯзгор» ва  «Адабиёт ва санъат»,  новобаста ба соҳавӣ буданашон сатҳи умумиҷумҳуриявӣ доранд. Чунки маориф ва фарҳанг аркони миллӣ буда, зиндагиро бе маориф ва фарҳанг тасаввур кардан имкон надорад. Дуюм  ин, ки маориф ва фарҳанг ба  тамоми ҷомеа иртибот мегирад. Аз ҳамин лиҳоз, ин ду нашрия, воқеан, дар баробари нашрияҳои умумиҷумҳуриявӣ қарор дошта, аз нигоҳи мундариҷаву муҳтаво баландтар ҳастанд ва дар миёни хонандагон маҳбубияти хос доранд.  Дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мавзӯъҳое матраҳ мешаванд, ки дараҷаи маърифату ҷаҳонбинӣ, фарҳангу адаби мардумро такомул мебахшанд.

Нашрияи «Омӯзгор» аз нигоҳи шакл ба талаботи замон мувофиқ аст. Ба тариқи ранга чоп шудан, рубрикаҳои хос доштан, ороиши мувофиқ будан, аз рӯйи низоми муайян матолибро ҷо ба ҷо кардан, масъалаҳои мубрами маорифро пайваста дунболагирӣ намудан, дар баробари ин, шахсиятҳоеро, ки дар соҳаи илму маориф фаъолият доранд, муаррифӣ, омӯзгорони ҷавонро дастгирӣ ва матолиби онҳоро чоп кардан ва ба ҳамин васила меҳру муҳаббати онҳоро ба касбашон боз ҳам бештар кардан мебошад. Дар матбуоти соҳавӣ бояд маводи ниҳодӣ бештар ҷой дода шавад. Маводи ниҳодӣ чӣ аст? Яъне, муаллим бояд аз матолиби нашрия дар дарс фаровон истифода кунад. Ин мавод тавонад барои дарёфти роҳу усулу методикаи таълимии омӯзгорон мусоидат кунад, барои роҳҳои интерактивии таълим ва  ба ҷаҳонбинии илмии омӯзгор таъсир расонад. Инчунин, дар саҳифаҳои «Омӯзгор» рубрикаи тақризро зиёд кардан зарур аст. Дар соҳаи маориф китобҳои зиёд ба нашр мерасанд, лекин ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳоро муаррифӣ кунем, аммо китобҳое ҳам ҳастанд, ки ба омӯзгорон зарур буда, ба воситаи тақриз онҳо, аз як тараф, аз чопи китоб бохабар мешаванд, аз ҷониби дигар, ба моҳияти он сарфаҳм мераванд ва барои дастрас кардани он кӯшиш мекунанд.

Ҳамчунин, хуб мешуд, ки нашрияи «Омӯзгор»  дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат дар таъкиди бозчопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров рубрикаи тафсирии «Тоҷикон»-ро таъсис бидиҳад. Чунки китоби «Тоҷикон» илмист ва дарки он барои омӯзгорону хонандагон  мушкил аст.  Созмон додани гӯшаи махсус  дар дарки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба аҳли ҷомеа зарур аст. Ба ин васила, метавонем маҳбубияти нашрияро нигоҳ дорем ва  робитаи хонандаро бо кормандон таъмин кунем.

– Дар ин замина мутахас-сисонеро, ки факулта ва шуъбаҳои журналистикаи мактабҳои олӣ омода мекунанд, чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Фаъолияти факулта ва шуъбаҳои мактабҳои олӣ дар омода намудани рӯзноманигорони ҷавон то кадом андоза ҷавобгӯ ба талаботи замон аст?

– Имрӯз раванди касбии рӯзноманигоронро ду омил ташкил медиҳад. Яке ҷанбаҳои маърифатию зеҳнӣ, ки рӯзноманигори оянда бояд аз нигоҳи илмӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ, муносибат мусаллаҳ бошад, аз ҷониби дигар, техникаву технологияи муосирро истифода карда тавонад. Ин аз факулта ва шуъбаҳои журналистика заминаи қавии моддию техникиро талаб мекунад. Студияҳои телевизионӣ, радиоӣ, синфхонаҳои компютерии бо интернет пайваст, суръати баланд доштани кори интернет, самаранок истифода кардани онҳо дар раванди таълим, вусъат бахшидани робитаи идораи воситаҳои ахбори омма бо шуъбаву факултаҳои журналистика мебошад.

Тайёр намудани рӯзноманигорони оянда аз устодон ва онҳое, ки масъулияти расонаҳои хабариро бар дӯш доранд, вобастагии амиқ дорад. Яъне, дар ҳолати ҳамкории самаранок, метавонем дар тарбияи рӯзноманигорони аз нигоҳи сиёсӣ, касбӣ, технологӣ мусаллаҳ саҳм гузорем. Зарур аст, ки  донишҷӯ аз рӯйи қобилият, маҳорат ва истеъдоди ӯ интихоб карда шавад.

– Барои бартараф намудани мушкилоти  тайёр кардани кадрҳои журналистӣ чӣ бояд кард?

– Якум, бояд, пеш аз ҳама, ба интихоби касб таваҷҷуҳ кард. Дар гузашта пеш аз дохил шудан ба факултаву шуъбаҳои журналистика довталаб озмуни эҷодӣ месупорид. Аз рӯйи матолиби пешниҳоднамудаи довталаб маълум мегардид, ки вай то кадом андоза маҳорату қобилияти рӯзноманигорӣ дорад. Яъне, довталабе, ки рӯзноманигор шудан мехоҳад, бояд дар давраи мактабхонӣ бо ВАО ҳамкорӣ дошта бошад, зеро имрӯз барои ин имконоти зиёде дар саросари мамлакат фароҳам оварда шудааст ва он нафаре, ки меҳру муҳаббати ин касбро дорад, то дохил гардидан дар мактаби олӣ ҳадафу орзуяш мушаххас мегардад.

Дуюм, имконот ва шароит дар муассисаҳои олии касбӣ.  Дар ҳашт мактаби олии кишвар факулта ва шуъбаҳои журналистика мавҷуд аст, ки ба тайёр намудани кадрҳои журналистӣ машғуланд. Ин муассисаҳо бояд базаи моддию техникӣ (лаборатория, студияи телевизион, радио) ва неруи  интеллектуалии зеҳнӣ  дошта бошанд. Аз шароити таълиму тадрис ва заминаи моддию техникии аксари шуъба ва факултаҳои журналистика огоҳ ҳастам, ки дар қисме аз онҳо вазъи хуби таълимӣ мавҷуд нест.

Сеюм, бо адабиёти таълимӣ таъмин намудани донишҷӯён.   Бояд кӯшиш намуд, ки дастуру воситаҳои таълимӣ  мувофиқ бо шароити замони муосир таҳия гарданд ва ба рӯзноманигорон донишҳои замонавии журналистиро бидиҳанд. Дар ин замина корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонид. Ин кори заҳматталабу пурмашаққат буда, ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст. Зеро имрӯз техникаву технологияи замонавӣ босуръат рушд мекунад ва дар баробари пешравиҳо дар соҳаҳои гуногун, дар соҳаи журналистика низ ба вуҷуд омадааст, ки истифодаи огоҳмандонаи ин васоит тақозои давр мебошад.

Чорум, усули таълимро дигар бояд кард. Масалан, дар факултаи журналистикаи ДМТ кафедраи матбуот, кафедраи радио ва телевизион… амал мекунанд, ки ин тавр номгузорӣ кардан дигар куҳна шудааст. Имрӯз журналистика рушд кардааст ва дар доираи он мебояд номгузории кафедраҳо низ тағйир ёбад. Масалан, метавонем кафедраи назария ва амалияи журналистика, кафедраи журналистикаи сиёсӣ, журналистикаи соҳавӣ ташкил кунем ва дарсҳо низ ба ин самтҳо равона карда шаванд.

Бояд гуфт, ки ҷорӣ кардани ихтисоси рӯзноманигорӣ дар бисёр мактабҳои олӣ ростӣ, ба мақсад мувофиқ нест. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон  таъсиси як Институти рӯзноманигорӣ зарур аст, ки  тамоми довталабон дар ҳамин институт фаро гирифта шаванд. Институти мазкур метавонад дар заминаи факултаи журналистикаи ДМТ таъсис дода шавад. Ин институт ҳамкориашро бо Академияи ВАО ба роҳ монда, таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дар шаҳру навоҳӣ низ таъмин намояд. Раванди мазкур дар омода намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ дар замони ҳозира мутобиқат карда метавонад.

Омили дигар он аст, ки дар факулта ва шуъбаҳои журналистӣ  тахассусҳо якранг буда, барномаҳо дар доираи муайян ва аз рӯйи як китоб роҳандозӣ мешаванд. Агар дар ин муассисаҳо ихтисосҳо рангоранг бошанд, ба манифати кор аст. Масалан, дар шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров самти таълим дар такя ба  матбуоти маҳаллӣ ба роҳ монда шавад ва мавзӯъҳои пажӯҳишӣ низ ба ҳамин рабт гиранд, бештар самарабахш аст.  Мушкилоти дигар, пажӯҳишҳои илмӣ мебошад. Хушбахтона, теъдоди зиёди пажӯҳишгарон дар ин самт рисолаҳои илмӣ ҳимоя карданд, вале маҳсули эҷодии онҳо то кадом андоза дар фазои журналистика ворид шуд ва дар ҳалли омодагии касбии журналистон мусоидат кард, ҳанӯз муаммост.

– Имрӯз сару садоҳо перомуни мавзӯи озодии матбуот зиёд гардидааст. Ба андешаи шумо, муҳиту фазои журналистикаи тоҷик дар замони муосир ба пешрафту такомули ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад?

- Фазои матбуоти тоҷик  озод аст, зеро нашрияҳои гуногунтипу гуногуннавъ амал мекунанд. Маълум аст, ки дар ин замина навиштаҳои гуногун ба нашр мерасанд ва тақрибан ҳеҷ сухане аз матбуоти даврӣ берун намемонад. Масалан, агар як мақола дар  рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп нашуд, нашрияи «Садои мардум» чоп мекунад, ё худ, дар  «Минбари халқ» чоп мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки  омилҳои гуногун ба ҳувияту асолати ҷомеа таъсири амиқ доранд, вазифаи матбуот низ тақвият ёфтааст. Озодии баён танҳо озодии андеша нест. Озодии дастрасии иттилоот, озодии баёни матлаб, озодии расонидан ба мухотаб буда, аз ин се ҷиҳат матбуоти мо хеле имкониятҳоро соҳиб гардидааст. Аз тарафи дигар, озодӣ бояд ба пешрафти ҷомеа мусоидат карда тавонад. Вазифаи матбуот аз  он иборат аст, ки мардумро аз нигоҳи тафаккур, шуур, огоҳии иттилоотӣ мусаллаҳ гардонида, дар онҳо эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллиро пурқувват намояд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки матбуот ҳеҷ вақт барои ҳалли масъалаҳои гуногун заминаи мушаххас ба вуҷуд намеорад, аммо шароит ва фазо фароҳам меоварад. Дар чанд соли охир матбуоти даврӣ аз рӯйи имконият дар ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳамчунин, рушди соҳаҳои ҳаёти халқ таъсиргузор аст, аммо маводи таҳлилие, ки воқеан, андешапарвару тафаккурзо бошад, дар саҳифаҳои нашрияҳо нисбатан камтар ба мушоҳида мерасад. Масалан, вобаста ба сохтмон ва оғози фаъолияти ду агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун, ки иншооти хеле азим аст, дар аввал асарҳо ба вуҷуд омад, аммо дар идома адибону публитсистон то ҷое хомӯшӣ ихтиёр карданд. Мақолаҳои публитсистӣ, ки  раванди сохтмон, аҳамияти онро инъикос намоянд, дида намешавад. Масъалаи мафкуравӣ, ки аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, амалҳои номатлуб, ба монанди коррупсия ва ғайра иборат мебошад, ҳамчун мушкилот боқӣ мондаанд. Матбуоти даврии тоҷик дар ин масъалаҳо навиштаҳо ба чоп расондааст, аммо ҳамчун коршинос ба ин матолиб назар афканем, чизи наве дида намешавад, ки тавонад дар шуур ва фаҳму дарки мардум ангезае ба вуҷуд орад. Дар ин масъала ҳамкории матбуот бо аҳли зиё тақозо карда мешавад. Матбуоти тоҷик дар таъмини иттилоот, инъикоси масъалаҳои мубрами ҷомеа, шарҳу тавзеҳи масъалаҳои мубрами замони имрӯза, хусусан, дар татбиқи сиёсати давлату ҳукумат ва шарҳу тавзеҳи дастуру паёмҳои Пешвои миллат корҳои зиёде ба сомон расонидааст. Аммо бояд дар матбуот сатҳи баррасиву баҳогузорӣ боз ҳам баланд гардонида шавад. Бинобар ин, бояд матбуоти давриро  ба минбари суҳбату андеша қарор дода, дар ин масъала  ҳамкорӣ бо аҳли зиё вусъат бахшида шавад ва робитаи мазкур, аз ҷумла, бо ҳавасмандкунии молии онҳо сурат гирад, самарабахш хоҳад буд.

– Таманнои шумо ба аҳли қалами  кишвар дар Рӯзи матбуоти тоҷик…

– Ба муносибати Рӯзи матбуот ба аҳли қалами ҷумҳурӣ саломативу офият мехоҳам. Баъдан, таманнои онро дорам, ки мурғи илҳомашон ҳамеша дар парвоз бошад ва қаламашон ба манфиати кишвару ҷомеа ва пешрафти давлатамон равона гардад.

Мусоҳиб

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш