Ба ифтихори 80-умин солгарди зодрӯзи ҳаҷвнигори номвари тоҷик, шодравон Бурҳон Ғанӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳе аз адибон, устодону донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва фарзандони нависанда маҳфили ёдбуд баргузор гашт.
Дар ибтидо муовини аввали Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа суханронӣ карда, аз ҷумла, зикр намуд, ки Бурҳон Ғанӣ аз ҳаҷвнигорони муваффақ буда, барои рушди бахши ҳаҷви адабиёти тоҷик дар даҳсолаҳои охири садаи бистум хидмати арзишманду мондагор кардааст.
Дар идомаи маҳфил нависандагони халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод, Гулназар, Абдулҳамид Самадов, адибони ҳаҷвнигор Наҷмиддин Шоҳинбод, Абдурауф Муродӣ, Ашрафи Афзал, олимон С.Аҳмедов, Н. Зуҳурӣ суханронӣ карданд. Зикр шуд, ки Б.Ғанӣ ҳам дар навиштани ҳаҷвия ва ҳам дар нигориши фелетон мумтоз буд ва солҳои зиёд дар маҷаллаи «Хорпуштак» пурмаҳсул кор кард. Китобҳои адиб «Хушомадгӯёнро азиз доред», «Аз ҳар калла як садо» ва «Хеши падарӣ» аз ҷумлаи китобҳои писандидаи хонандагонанд. Навиштаҳояш ба чанде аз забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Б.Ғанӣ инсони наҷиб ва хеле зарофатгӯю хушсуҳбат буд, дар маҳфилҳои адабӣ фаъолона ширкат меварзид.
Дар поёни ин маҳфили пурмеҳр фарзандони адиби ҳаҷвнигор ба раёсати Иттифоқи нависандагон ва ба ҳозирини маҳфил барои посдории рӯҳи поки падари бузургворашон арзи сипос намуданд.
Н.Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр