Нашрияи Омӯзгор

Рафтори автоагрессивии наврасон

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза саривақт чораандешӣ намудан барои бартараф намудани мушкилоти равонии наврасон, махсусан, рафтори автоагресивии онҳо ба шумор меравад.

Бо сабабҳои носолимии муносибатҳои байнишахсию низоъҳои оилавӣ, таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ-психологӣ ва дигар омилҳо наврасон рафтори автоагресивӣ анҷом медиҳанд.

Наврасон бештар бо сабабҳои ночизе рӯ ба амали автоагресивӣ меоранд. Ба андешаи наврасон, дар вазъиятҳои душвор ва дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор доштан амали автоагресивӣ мушкилиашонро бартараф месозад, ҳол он ки ин амали онҳо мушкилоти навро рӯйи кор меоварад. Чунин амали автоагресивии наврасон раванди таълиму тарбияи насли наврасро боз ҳам душвортар намуда, ҳамчун масъалаи ҳалталаби ҷомеа ва мутахассисони соҳа мегардад. Аз назари равоншиносӣ, ҳар як нафар давраҳои буҳронии психологиро аз сар мегузаронад, ки аз ҳама вазнинаш буҳрони давраи наврасӣ мебошад. Инчунин, ҳар як давраи буҳронӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Хусусиятҳои буҳронӣ ва синнусолии давраи наврасӣ тақлид ба калонсолон, худбаҳодиҳии баланд, майли ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор доштан ва дигар хусусиятҳои хосро дар бар мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки наврасон бо сабабҳои гуногун пайравӣ ба калонсолону ҳамсолон намуда, даст ба амали автоагресивӣ мезананд, чунин тақлидҳо яке аз хусусиятҳои давраи наврасӣ маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки амалҳои автоагресивии наврасон бештар мавридҳо аз ҳисоби муносибатҳои носолими оилавӣ сар мезананд. Оилаҳое  ҳастанд, ки аъзои оила якдигарро сарзаниш менамоянд ё мавриди таҳқиру тамасхур қарор медиҳанд ва ин гуна фазои носолим наврасонро ба ҳолатҳои вазнини психикию психологӣ мерасонад, ки онҳо дар ин замина саломатии равониашонро аз даст медиҳанд.

Дар ҷомеа оид ба ин амали зишти наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар ду ҷанба ба роҳ мондан зарур аст:

-  тавассути падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда;

-  тавассути муассисаҳои таълимӣ.

Волидайну    омӯзгорон бояд омилу сабаб, нишонаю аломатҳои рафтори автоагресивии наврасонро донанд. Гузаронидани ҷаласаҳо барои ошкор намудани нишонаю аломатҳои рафторӣ ва гуфтории амали автоагресивии наврасонро бо ҷалби мутахассисон ба самъи падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда ва омӯзгорон расонидан лозим аст.

Дар оила ва муассисаҳои таълимӣ барои аз байн бурдан амали автоагресивии наврасон чунин тарзи муносибату муоширатро ба роҳ мондан зарур аст:

- ҳангоми муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва муоширати байнишахсӣ манфиату талаботи ҳар як наврас ба ҳисоб гирифта шавад;

- бояд ба тарафҳои мусбати шахсияти ҳар як наврас такя намуд;

- дар оила ва муассисаи таълимӣ бояд байни якдигар фазои боварӣ ҳукмрон бошад;

- ҳангоми баҳо додан ба амалҳои анҷомдода ва ё шахсияти наврас бояд ҳам тарафи мусбат ва ҳам тарафи манфии ӯро ба инобат гирифт;

- волидайну омӯзгорон бо наврас муносибати инсондӯстона, хайрхоҳона ва меҳрубононаро ба роҳ монданашон зарур аст, то ин ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ба мушкилӣ наврас барои кумак аз дигарон бе тарсу ҳарос муроҷиат намояд.

 

Баҳрулло САИДЗОДА,                                                                                       

равоншиноси литсей-интернати

Президентӣ барои хонандагони

болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Зафари ҚАЮМ,                                                                                   

муҳаррири идораи

барномаҳои сиёсии

Телевизиони Тоҷикистон                                                                      


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш