Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар машғулиятҳо

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Яке аз мақсадҳое, ки ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар назди омӯзгор гузошта мешавад, ҷанбаи тарбиявии дарс ба шумор меравад. Хусусан, дар синфҳои ибтидоӣ ин масъала муҳим буда, омӯзгор бо баёни мавзӯи нав вобаста ба муҳтавои он ба тарбияи  меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ, ҳурмати калонсолон, дурӣ ҷустан аз амалҳои бади инсонӣ, садоқат ба ормонҳои миллӣ ва амсоли ин бояд таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намояд. Зеро таълим бе тарбия моҳияти яктарафа дошта, омӯзгор дар вақти гузарондани машғулият ба ҳадафи худ пурра ноил намегардад. Дар синфҳои 1-4, дар дарсҳои забони модарӣ мавзӯъҳои таълимие ҷой дода шудаанд, ки ҳамагӣ саршори тарбияи ватандӯстию ахлоқӣ мебошанд. Шурӯъ аз синфи якум аллакай хонандаи мактаб бо ватани азизамон – Тоҷикистон, пойтахти он, мардуми меҳнатдӯсту меҳмоннавоз, мавзеъҳои табиию таърихӣ ва ғайра шинос мегардад. Дар синфҳои 2,3,4 вай ба таври муфассал аз қаҳрамониҳои бемислу монанди гузаштагони миллати тоҷик огаҳии комил ёфта, дар бораи давлатдориҳои қадимаи ориёҳо - Сосониён, Сомониён ва ғайра маълумот ҳосил менамояд. Воқеан, таърихи пурифтихори гузаштаи халқи тоҷик худ намунаи олии тарбияи ватандӯстӣ ба шумор меравад.

Бори аввал, маҳз дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ шогирдон бо душманони аҷнабӣ, ки тӯли асрҳои дароз талоши ба даст даровардани заминҳои ҳосилхези сарзамини тоҷиконро доштанд, шинос мешаванд. Ҳуҷуми ғосибонаи арабҳо, лашкаркашии бесобиқаи Искандари Мақдунӣ, ҷангҳои таҷовузкоронаи Темури Ланг, Чингизхон  (муғулҳо) ва дигарон аз далелҳои таърихианд, ки ба фарҳангу ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик бе таъсир намондаанд. Дар китоби синфи 4 дар бораи муборизаҳои қаҳрамононаю диловаронаи Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Маҳмуди Торобӣ, Спитамену Деваштич, Темурмалик ва бисёр родмардони ватанамон ҳикоятҳои ҷолибу ибратомӯз оварда шудааст, ки хонандагонро  дар рӯҳияи ҷасорату мардонагӣ, далерӣ, омода будан ба ҳимояи марзҳои кишвар тарбия менамоянд.

Дар китобҳои забони модарии синфҳои поёнӣ дар хусуси меҳнатдӯстию ватанпарварии мардуми тоҷик ривояту афсонаҳои пандомӯз низ оварда шудаанд, ки қиссаи «Шерак» ва «Эраҷи тилисмшикан» аз ин қабил ба шумор меравад. Умуман, китоби дарсии мазкур (забони модарӣ, барои  синфҳои I-IV) дар тарбияи ватандӯстии хонандагон ва содиқ будани онҳо ба ормонҳои миллӣ нақши муассир дорад.

 

Мунира Ҷабборова,

омӯзгор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш