Нашрияи Омӯзгор

Роҳбари синф масъулияти зиёд дорад

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Вақте кӯдакон бори аввал ба мактаб меоянд, худро аз ҳамдигар  андаке бегона ҳис мекунанд. Дар ин маврид онҳоро раҳнамое лозим аст, ки чунин ҳолатро бартараф созад. Ин гуна шахс роҳбари синф аст, ки онҳоро бо қоидаҳои рафтуомад ба мактаб мешиносонад. Кадом вақт ба мактаб, бо чӣ гуна либос, асбоби хониш омадан, бо ҳамсинфон чӣ гуна муомилаву муошират карданро меомӯзонад.  Яъне ӯ ҳам мураббӣ ва ҳам омӯзгори онҳост. Дар тарбияи маънавию ахлоқии бачаҳо нақши роҳбари синф хеле бузург аст.

Баъзе падару модароне ҳам ҳастанд, ки ҳанӯз аз давраи нав ба синфи якум қадам гузоштани фарзандашон, умуман, ба кадом синф рафтану шогирди  кадом омӯзгор будани онҳоро  намедонанд. Баръакс, баъзе волидоне, ки бо мактаб робитаи  зич доранд, мехоҳанд, ки ҳангоми ба синфи якум рафтани фарзандашон вай ба синфе пазируфта  шавад, ки омӯзгорашон масъулиятпазиру боистеъдоду донишманд ҳастанд.

Роҳбари синф, бахусус, омӯзгори синфҳои поёнӣ, бояд  бо шогирдон муносибати некбинона дошта бошад, то хонандагон кӯшиш намоянд, ки бо устодашон доим аз наздик суҳбат намудаву маслиҳатҳои муфид бигиранд.

Ҳангоми ба сайру саёҳати маҳал  баромадан, дар корҳои ҷамъиятӣ, (масалан, шанбегиҳо ва дар шабнишиниҳо), олимпиадаҳо ширкат варзидан, давомоти шогирдон ба дарсҳо, фаҳмонидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингузар ва бисёр амалҳои  дигар ба  фаъолияти роҳбари синф иртиботи қавӣ дорад. Ӯ вазифадор аст, ки дар давоми сол бо характеру одобу рафтори ҳар як хонанда шинос гардида, онҳоро омӯзад, тибқи ҳамин хусусиятҳояш бо онҳо муомилаву муошират намояд.  Аз ин рӯ, ҳар кадом омӯзгоре, ки ба зиммааш вазифаи роҳбари синф гузошта шудааст, масъулияти баландро бар дӯш дорад.

 

Мусаллама Раҷабова,

омӯзгори синфҳои

ибтидоии  гимназияи №74,

шаҳри Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш