Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои дарсӣ намерасанд

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Бе китоби дарсӣ хонанда чӣ гуна дарс хонда метавонад? - гуфт Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ. Зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилоят дар муассисаҳои таълимӣ норасоии китобҳои дарсиро мушоҳида намудем. Дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ  хонандагон бе китоби дарсӣ буданд, ки ин боиси нигаронист, - афзуд Қ. Ҳакимзода.

Давлатмурод Эшмуродов, сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки барои соли таҳсили 2020 – 2021 эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ 2 млн 471 ҳазору 600 нусхаро ташкил медиҳад. Аз моҳи январи соли 2020 ба 12 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 221 ҳазору 275 нусха китоб ворид гардид.

Аксаран роҳбарони муассисаҳои таълимӣ андозаи эҳтиёҷ ба китоби дарсиро нишон намедиҳанд ва дархост намекунанд. Чунин ҳолатро дар чанде аз шаҳру ноҳия мушоҳида кардем. Хусусан, ноҳияи Ҷайҳун барои соли 2020 ҳамагӣ 32 ҳазор нусха китоб дархост намудааст. Пас аз таҳлилҳои мо дақиқ гардид, ки муассисаҳои таълимии ноҳия ба 148 ҳазор нусха китоб эҳтиёҷ доранд.

Давлатмурод Эшмуродов илова кард, ки ҳамаи китобҳои дарсӣ бо маблағ ворид мешаванд ва бояд, ки маблағи китобҳо саривақт пардохт карда шаванд. Аммо дар ин масъала аксаран беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Масалан, ноҳияи Ҷайҳун ба ҳолати 17 январи соли 2020 ба маблағи 694 ҳазор сомонӣ аз китобҳои иҷораи дарсӣ қарздор мебошад.

- Яке аз проблемаҳои дигар дар он аст, ки китобҳои дарсӣ саривақт ба муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон дастрас карда намешаванд. Чунин ҳолатро дар ноҳияи Кӯшониён ва Ҷайҳун ба мушоҳида расид. Китобҳои дарсӣ рӯзи 3 – юми январ ворид гардидааст, аммо то имрӯз дар шуъбаи маорифи ноҳия хобидаанд. Дар охири сол китобро дастраси хонандагон мекунанд ва баъдан волидайни хонандагон норозигӣ баён менамоянд, ки китоб охири соли таҳсил ба фарзандони онҳо супурда шуду акнун маблағ талаб карда истодаанд. Ин ҳолат нофаҳмӣ ва норозигии падару модаронро ба миён меорад, - афзуд Д. Эшмуродов.

Давлатмурод Эшмуродов оид ба ин масъала қайд намуд, ки ҳолати ба дарс наовардани китобҳои дарсиро аз тарафи хонандагон бисёр мушоҳида кардем. Аз ҷумла, зимни сафари корӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят мушоҳида гардид, ки хонандагони синфҳои болоӣ бе китоби дарсӣ ба дарс омада буданд. Духтарони синфҳои болоӣ ғайр аз як сумкачаи хурде, ки ғунҷоиши ягон дафтару китобро надорад, ба дарс ҳозир шудаанд. Пас, онҳо чӣ мехонанду чӣ менависанд, номаълум боқӣ мемонад.

 

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш