Баланд бардоштани сифати таълим дар таълимгоҳҳо, пеш аз ҳама, ба таъмин намудани базаи моддию техникии мактабҳо ва ба фаъолияти мутахассисони соҳибтаҷрибаи фанни физика ва технологияи информатсионӣ вобаста аст.
Омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ нисбат ба фанҳои дигар хусусиятҳои хоси худро дорад, барои омӯхтани ин фан мутахассиси соҳаи техникӣ, донандаи истифодаи таҷҳизоти техникаи компютерӣ будан зарур аст. Барои омӯхтани фанни мазкур бояд таълимгоҳ бо синфхонаи компютерӣ, таҷҳизоти техникии замонавӣ, тахтаи электронӣ ва проекторҳо таъмин бошад. Истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои фаннӣ заруранд, зеро донишу малакаи мавзӯъҳои дарсӣ бо истифода аз технологияи муосир ва корҳои эҷодии хонандагон мукаммалтар мегардад.
Равандҳои инноватсионӣ дар системаи маориф яке аз омилҳои асосии рушд ва тақозои замон мебошад.
Яке аз афзалиятҳои муҳими истифодаи компютер дар дарсҳои амаливу лабораторӣ имконияти истифодаи он дар ҳалли масъалаҳо мебошад. Дар дарсҳои амалӣ устод дар баробари истифода аз забонҳои алгоритмӣ, яъне забонҳои барномасозӣ баъди ҳалли масъала бо роҳҳои физикӣ-математикӣ бояд барномаи ҳалли масъаларо дар компютер сохта нишон диҳад. Дар ин раванд талаба ҳам роҳҳои ҳалли масъаларо ва ҳам роҳҳои таълифкунии барномаҳои ҳалли масъалаҳои гуногунро аз худ мекунад. Истифодаи тахтаи электронӣ дар ин самт бисёр мувофиқ аст ва имконият медиҳад, ки талаба бо таври визуалӣ раванди гузаштани дарсҳо ва ҳалли амалии масъалаҳоро аз ибтидо то интиҳо мушоҳида намояд. Ин ҷиҳатҳои психологӣ-педагогӣ дошта, рағбати донишомӯзонро нисбат ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ ва дигар фанҳо афзун мегардонад. Афзалиятҳои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълимро дар ибтидо чунин тавсиф кардан мумкин аст:
1.Яке аз афзалиятхои истифодаи технологияи иттилоотӣ ташаккули муносибати мустақилонаи хонандагон дар раванди азхудкунӣ мебошад. Талаба масъаларо мустақилона, бошуурона (бе нусхабардорӣ аз каси дигар ё аз тахтаи синф) иҷро мекунад ва дар ин ҳолат шавқи ӯ нисбат ба фан зиёд мешавад ва бовар ҳосил мекунад, ки ин фанро азхуд карда метавонад.
2. Истифодаи компютер имконият медиҳад, хонанда дар вақти ҳалли масъала ё иҷрои корҳои лабораторӣ аз амалиёти барзиёд, ба монанди ҳисобкуниҳо, гузаронидан аз як системаи воҳидҳо ба дигараш, ҳисоби функсияҳои тригонометрӣ ва ғайраҳо озод шавад.
3. Имконияти сохтани моделҳои равандҳо ва ходисаҳои физикӣ дар компютер, ба мисли афтиши озоди ҷисм, ҳолати газҳо ҳангоми тағйир ёфтани фишор, температура, ҳаҷм ва дигарҳо. Ин гуна моделҳо дар амиқ омӯхтани моҳияти физикии ҳодисаҳо ёрӣ мерасонанд.
Таҷрибаҳои гузаронидашуда дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ нишон доданд, ки истифодаи ТК (технологияи компютерӣ) сабаби баланд гардидани сифати таълим мегардад.
Технологияи информатсионӣ татбиқи алоқаи байнифаннӣ мебошад:
• гузаронидани тестҳои фаннӣ ва ташхисҳо;
• иҷрои корҳои рефератӣ, эҷодӣ ва ғайраҳо бо ёрии технологияи компютерӣ;
• ҷустуҷӯ ва коркарди маълумот дар чаҳорчӯбаи маводи омӯхташаванда бо истифодаи Интернет;
• истифодаи ҷадвалҳои электронӣ дар ҳалли масъалаҳо;
• гузаронидани конференсияҳои илмӣ, презентатсияҳо;
• фаъолияти лоиҳавӣ-тадқиқотӣ;
• истифодаи технологияҳои мултимедиявӣ ҳангоми омӯзиши маводи таълимӣ;
• гузаронидани практикаҳо ва корҳои лаборатории виртуалӣ. Дар айёми гузаронидани дарсҳои физика ва умуман тамоми фанхои дигар низ бе истифодаи компютер пурсамар нахоҳад буд, чунки он дар як вақт вазифаи телевизор, магнитофон, тачҳизоти таҷрибагузаронӣ, маҷмӯи мисолу масъалаҳо ва воситаи санҷиши донишро ичро мекунад.
Технологияҳои информатсионӣ имконият медиҳанд:
• савияи маданияти тахассусӣ баланд бардошта шавад;
• сатҳи душвории раванди санҷиш ва таҳлил поён фароварда шавад;
• савияи саводнокии вазифавӣ дар самти технологияҳои информатсионӣ баланд гардад;
• имконияти татбики донишҳо ва мустаҳкамкунии онҳо фароҳам гардад;
• эҳтироми устод дар байни шогирдону ҳамкорон баланд гардад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ба воситаи узвҳои шунавоӣ ҳамагӣ 15%-и маълумот, бо ёрии узвҳои биниш 25%-и маълумот аз худ карда мешаванд. Агар ба узвҳои қабулкунӣ, дар маҷмӯъ таъсир расонем, 65%-и иттилоот аз худ карда мешавад.
Ҷонмуҳаммади Абдулло
ИСМОИЛЗОДА,
омӯзгори физикаи мактаби №42-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр