Нашрияи Омӯзгор

Китобе саршор аз формулаю нақшаҳо

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ бо омӯзиши ҳамешагӣ ва мунтазам такмил бахшидани маҳорату малака алоқаи ногусастанӣ дорад. Ҳикмати машҳури «Тамоми умр бояд омӯхт», пеш аз ҳама, бо фаъолияти омӯзгорон тавъам аст.

Омӯзгорон воситаҳои гуногуни бозомӯзӣ доранд. Яке аз манбаъҳои асосии омӯзиши пайвастаи онҳо рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ мебошад.  Дар баробари ин, дар кишварамон ҳар сол вобаста ба фанҳои  гуногун, масоили таълиму тарбия китобу дастурҳои зиёде чоп мешаванд, ки аз онҳо омӯзгорон ба таври васеъ истифода мебаранд. Хушбахтона, оид ба фанҳои алгебраю геометрия низ солҳои охир китобҳои муфид ва пурмазмун  ба нашр мерасанд ва дастгиру раҳнамои омӯзгорони ин фанҳо мешаванд.

Устоди варзида ва олими пуркор Мамадҷон Маҳкамов дар сафи омӯзгорони эҷодкоре қарор дорад, ки дар рушди илмҳои алгебраю геометрия нақши шоиста мегузоранд. Як силсила китобҳое, ки ӯ ба нашр  расондааст, дорои муҳтавои васеъ буда, барои худомӯзию такмили ихтисос намудани омӯзгорони фанҳои дақиқ мусоидат мекунанд.

Ба наздикӣ боз як китоби олими варзида М.Маҳкамов дастраси омӯзгорони алгебраю геометрия гардид, ки «Раҳнамои геометрия» ном дорад. Ин китоб бо тавсияи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст. Китоби «Роҳнамои геометрия» аз нақшаҳо, формулаҳо, хосиятҳои асосии геометриявӣ, таносубҳои фигураҳои ҳамвор ва фазоӣ фароҳам омадааст. Аз ин китоб хонанда метавонад, ҳангоми ёфтани ҷавоб ба саволҳои  гуногун ё корҳои санҷишӣ аз нақшаҳо ва формулаҳои мувофиқ истифода намояд ва ҳамчунин, ҳангоми ҳалли масъалаҳо аз формула ва нақшаҳои  дахлдор баҳрабардорӣ бикунад.

Китоби мазкур барои омӯзгорон низ дастури шоистаест; онҳо метавонанд ҳангоми омодагӣ ба дарс аз формула ва нақшаҳо истифода баранд, дар баргузорсозии корҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, корҳои мустақилона ва санҷишӣ ба ин китоб муроҷиат намоянд.

«Роҳнамои геометрия» муҳимтарин бахшҳои геометрияи мактабӣ-планометрия ва стереометрияро фарогир мебошад ва аз 29 қисмату беш аз 350 мавзӯъ таркиб ёфтааст. Формулаву нақшаҳои фаровони китоб, аз ҷумла, масоили марбут ба кунҷҳо, хатҳо, перпендикуляр ва моил, секунҷаҳо, синусу косинусҳо, дарозию баландӣ, радиусҳо, масоҳат, чоркунҷаҳо, росткунҷаҳо, параллелограмм, ромб, квадрат, трапетсия, давра, хордаҳо, бисёркунҷаҳо, доира, намудҳои симметрия, бисёррӯяҳо, призма, пирамида, куб, кура, ҷисмҳои дарун ва берункашида, координатаҳои декартӣ ва ҳамворӣ, векторҳоро дар бар мегиранд ва хеле возеҳу равшан тавсиф шудаанд. Мундариҷаи «Роҳнамои геометрия» бозгӯи он аст, ки  китоб масоили зиёдеро фаро мегирад ва хусусияти энсиклопедӣ дорад.  Ин китоб барои тайёрии шоиста ба санҷишу имтиҳонҳо, олимпиадаҳо, барои бомуваффақият супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва довталабон мадади зиёд хоҳад расонд.

Китоби «Роҳнамои геометрия» (формула ва нақшаҳо) аввалин дастури шоиставу фарогирест, ки дар кишварамон бахшида ба бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ба нашр расидааст ва таманнои онро дорем, ки минбаъд теъдоди чунин китобҳо  дар ҷумҳурӣ бештар гардад.

Манзура Исматова,

омӯзгори математикаи коллеҷи ҷумҳуриявии

хореографии

ба номи М.Собирова


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш