Нашрияи Омӯзгор

Қонунҳо раҳнамои ҳамагонанд

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Чун мо дар ҷумҳурии ҳуқуқбунёди дунявӣ зиндагӣ дорем, донистани қонунҳо аҳамияти муҳим дорад. Маълум, ки ҳар як қонун ҷанбае аз фаъолияти шаҳрвандонро ба ифоқа меоварад ва дар маҷмӯъ, қонунҳо  танзимгарону раҳнамоёни амалу кирдори аҳли ҷомеа  маҳсуб меёбанд.

Дар синфҳои ибтидоӣ низ шиносоӣ бо мазмуну муҳтавои қонунҳо амри зарурист. Нахуст  бояд ба хонандагон дар мавридҳои мувофиқ оид ба ин масъала маълумот дод. Шогирдони мо бояд маълумоти муайян дошта бошанд: қонун чист, ҷумҳурии ҳуқуқбунёд чӣ маънӣ дорад, донистани мазмуни қонунҳо чӣ бартарӣ дорад, қонунҳо чӣ тавр ва бо кадом ҳадаф таҳия мешаванд? Барои ин омӯзгор метавонад аз дарсҳои муқаррарӣ, суҳбатҳои озод бо шогирдон, маҳфилҳо ба ифтихори санаҳои таърихӣ, дарсҳои тарбиявӣ, дарсҳои илова, вохӯриву мулоқотҳо пурсамар  истифода намояд. Нахустамали омӯзгор дар ин самт бояд посух ба саволи «ҳуқуқ чист?» (бо забони соддаву саҳеҳу шево) бошад. Маълум, ки ҳуқуқ маҷмӯи қоидаву қонунҳои аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳияву баррасишуда мебошад. Ҳуқуқ танзимгари муносибатҳои шаҳрвандон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт дониста мешавад. Ҳуқуқ, ки дар асоси маҷмӯи қонунҳо муайян мегардад, бояд мукаммалу ҳадафмандона бошад. Сиёсати ҳар як давлат  тавассути қонунгузорӣ муқаррар ва татбиқ карда мешавад. Сарчашмаи қонунгузориҳо конститутсия ба шумор меравад, яъне ҳама гуна қонунҳо бояд бо конститутсия мувофиқат дошта  бошанд. Хонандагон аз синфҳои ибтидоӣ бояд чӣ будан, мазмуни умумӣ, моҳият ва аҳамияти конститутсияро дар сатҳи зарурӣ донанд. Дар педагогика вобаста ба тавзеҳу баррасии қонунҳо ва умуман, ҳуқуқу масъулиятҳои шаҳрвандон дар ҷомеа тарбияи ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст. Бо кадом нуктаҳои муҳими қонунҳо шинос намудани шогирдон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муайян гардидааст. Албатта, чун тамоми навъҳои тарбия тарбияи ҳуқуқӣ низ бо дарназардошти хусусиёти синнусолии хонандагон амалӣ карда мешавад. Нахустин маълумот дар бораи муқаддасоти миллӣ ва парвардани ҳисси эҳтиром нисбат ба онҳо ба марҳилаҳои нахустини тарбияи ҳуқуқӣ мутааллиқ мебошад. Хонандагон бояд донанд, ки махсусан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар назар доштани ҳуқуқу вазифаҳои одитарини ҳар шахс, чун баланд гап назадан, сухани носазо ба забон наовардан, ҳар гуна пасмондаро ба кӯча напартофтан… хеле муҳим аст.

Барои дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани тарбияи ҳуқуқии хонандагон нақши волидон низ муҳим аст. Дар ин самт ҳамкории мактабу оила омили муассир ва пурсамар мебошад. Шогирдони мо бояд мазмуну моҳияти ҳикмати «Озод зиндагӣ кардан хоҳӣ, ғуломи қонун бош»-ро хуб донанд ва ҳамешаву ҳама ҷо дар доираи қонунҳо амал карданро маромномаи зиндагиашон интихоб намоянд.

 

Эркамо Салимова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш