Нашрияи Омӯзгор

Зебоӣ неруи тавоност

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 835        Шарҳ: 0

 

Нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Виктор Гюго чунин ҳикмати барҳақу барҷастае гуфтааст: «Зебоие, ки бо дониш ҳамроҳ набошад, ба гули бетаровату бебӯй мемонад». Зебоӣ неруи тавоност ва аз ҳар ҷиҳат дорои аҳамияти муҳим мебошад.

Маҷмӯи рафтору ҳаракату гуфтори мо метавонад ифодагари зебоӣ бошад. Бо ҳадафи тавсифу тарғиби зебоӣ дар мактабҳо тарбияи эстетикӣ роиҷ аст, ки зимни тамоми дарсҳо дар назар дошта мешавад. Ин гуна ҳама самтҳои фаъолияти хонандагонро дар бар мегирад. Яке аз педагогҳои маъруфи ҷумҳурӣ, профессор Абдулбоқӣ Нуров тарбияи эстетикиро чунин тавсиф бахшидааст: «Моҳияти тарбияи эстетикӣ дар талабагон ташаккул додани қобилияти дарки олами зебоӣ дар санъат, ҳаёт, меҳнат, табиат, идеалҳои эстетикӣ ва инкишофи эҷодиву истеъдод мебошад». Ба хонандагон бояд фаҳмонд, ки дар ҳар амали инсон зебоӣ метавонад таҷассум ёбад. Вақте ки одам хуб ҳарф мезанад, суханаш равону беғалат аст, зебоиеро дар худ инъикос менамояд, вақте ки хонанда китобу дафтарашро тозаю озода нигоҳ медорад, ин зебоист, вақте ки шахсе дигареро эҳтиром мекунад, «марҳамат намоед», «хуш омадед» мегӯяд, муҳити зебоеро ба миён меоварад. Дар нақлиёт ба шахси калонсоле ҷой додани хонандае низ зебоист. Риояи зебоӣ, зебоӣ офаридан ҳаётро гуворою ҷолибу нишотбахш мекунад, зиндагиро тароватбор месозад. Сару либоси тозаю шинам доштан, ба тозагии тамоми ашёи худ назорати ҳамешагӣ намудан, мунтазам шустушӯй кардан аз нишонаҳои зоҳирии зебоӣ дониста шудааст. Нишонаҳои ботинии зебоӣ накукор будану азму нияти нек доштан, Ватани азизро парастидан, ба дил ҳеҷ гуна пиндори носазо, бухлу ҳасаду кинаро роҳ надодан мебошад.

Дар тарбияи эстетикии хонандагон сухану рафтори омӯзгор таъсири амиқ дорад, зеро шогирдон омӯзгорро чун идеали худ медонанд, эҳтиром мекунанд ва мекӯшанд, ки тақлидгари устодашон бошанд. Бисёр матнҳои китобҳои дарсӣ ба мавзӯи зебоию зебоипарастӣ бахшида шудаанд ва омӯзгоронро мебояд, ки аз ин гуна матнҳо ба таври шоиста истифода баранд, мазмуну ҳадафи онҳоро ба таври таъсиргузору ҳидоятгар тавсиф бахшанд. Чорабиниҳои зиёди беруназсинфӣ ба такмили тарбияи эстетикӣ мусоидат мекунанд. Ба назар мерасад, ки дарсҳои адабиёт, суруду расмкашӣ ва табиатшиносӣ дар тарбияи эстетикии хонандагон нақши бештаре доранд. Масалан, матни шеъру сурудҳо хонандагонро ба ваҷд меоранд. Мафтун мекунанд ва муҳаббати наврасонро ба зебоӣ боз ҳам меафзоянд. Адабиёти бадеӣ неруи тавонои зебоист. Хонандагон бо мутолиаи китобҳои гуногун ба зебоӣ алоқаи қавитар пайдо менамоянд. Ҳар чӣ, ки китоб ба шогирдон талқин мекунад, пайванде бо зебоӣ дорад. Воситаи дигари тарбияи зебоӣ, хелҳои санъат - театр, кино, телевизион, дастгоҳҳои дигари техникии муосир мебошад. Омӯзгорро мебояд, ки таъсири ин воситаҳоро ба хонандагон ҳамеша зери назар дошта бошад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба тавзеҳи нуқтаи назар ва таҳлили таассуроти онҳо кӯшиш намояд.

Тарбияи эстетикӣ дар ниҳоят ба хушодобу хушрафтор ва накукору тозаю озода будани шогирдон мусоидат мекунад, яъне дар ташаккули комили хонандагон нақши ин навъи тарбия бағоят барҷаста аст.

Рамзия

МИРЗОНАБОТОВА,

омӯзгори забони англисӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш