Нашрияи Омӯзгор

Чароғи ақл бояд фурӯзон бошад

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

 

Маълум, ки кори таълиму тарбия ҳамкории мактаб, омӯзгор ва падару модарро талаб менамояд. Дар ҳамаи мактабҳо Ассотсиатсияи волидайну омӯзгорон (АВО) вуҷуд дорад, ки мақсади асосии он тарбияи дурусти насли наврас аст. Агар ҳамкории дурусти мактаб бо волидайн мустаҳкам набошад, кори таълиму тарбия натиҷаи хуб нахоҳад дод. Тавре мегӯянд: «Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст».

Роҳбари синфро зарур аст, ки бо падару модари хонанда пайваста ҳамкорӣ намоянд ва дар як вақт волидайн низ бо омӯзгорон дар робита бошанд. Дар дарсҳои омӯзгорон иштирок намоянд, аз сатҳи дониши фарзандонашон ҳамарӯза огоҳ бошанд. Мутаассифона, ин ҳолат дар ҷомеаи имрӯза кам ба назар мерасад. Дар ин ҳолат ба мактаб ва омӯхтани илму дониш дилгарм шудани хонанда ҳам гумон аст. Омӯзгоре, ки дилаш ба хонанда ва ояндаи ӯ месӯзад, ҳамеша пайи пешрафташ кӯшиш менамояд. Хонанда ҳамагӣ дар як шабонарӯз 4-6 соат дар назди омӯзгор асту бас, вале намедонем, ки вай боқимондаи вақти хешро бо кӣ ва чӣ гуна сарф менамояд. Яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳи дониши хонандагон ва бадрафторию беодобии онҳо назорати сусти волидайн ва ҳамкорӣ надоштани онҳо бо мактабу омӯзгорон аст. Вақте ки хонанда бесавод монд, ба корҳои ношоиста даст мезанад, гирифтори ҳар гуна нохушӣ мегардад.

 

Обидбой ҲУСЕЙНОВ,

омӯзгори мактаби рақами 24,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш