Нашрияи Омӯзгор

Роғун олами нангу номус аст

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи  бузургтарин ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва намунаи олии онро дар бунёди НБО-и Роғун мебинем, ки заминаи он аз солҳои шастуми асри гузашта оғоз ёфта буд. Бо сабабҳои гуногун сохтмону азнавсозии он тӯл кашид ва ахиран чанд сол қабл корҳои сохтмонии он аз нав босуръат оғоз гардид.

Истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи  бузургтарин ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин роҳ қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва намунаи олии онро дар бунёди НБО-и Роғун мебинем, ки заминаи он аз солҳои шастуми асри гузашта оғоз ёфта буд. Бо сабабҳои гуногун сохтмону азнавсозии он тӯл кашид ва ахиран чанд сол қабл корҳои сохтмонии он аз нав босуръат оғоз гардид.

Ин, пеш аз ҳама, матонату устуворӣ ва садоқату меҳнатдӯстии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Онро арсаи номус ва қаҳрамонии Пешвои миллат метавон номид. Чунки алорағми ҳама монеаҳо кори он аз сар гирифта шуд. Акнун ин сохтмон муъҷизаосо мебошад ва хеле ҳам заруру манфиатбахш аст, ки агар хусусиятҳову асрори ин сохтмонро аҳли эҷоду зиё аз наздик бубинанд. Ҳақиқату рисолати ин сохтмони асрро дарҷ кардану сабт кардан вазифаи аҳли эҷод аст. Ҳамин аст, ки бо дастури Пешвои миллат ба ин сохтмони аср сафарҳои доимии аҳли эҷоду ҳунар - адибону публитсистон, журналистону коршиносон ва аҳли фарҳангу санъат мунтазам ҷараён дорад. Чанде қабл сафари гурӯҳи устодону донишҷӯёни ДМТ низ  ба мавзеи ин сохтмон сурат гирифт.

Сафари мо ба чанд қитъаи сохтмони неругоҳ ҳамагӣ якрӯза буд. Мақсаду ҳадафи мо аз наздик дидани меҳнату диловариҳои сохтмончиён ба ҳисоб мерафт. Маълум аст, ки ин ҷо ҷамъияти бузурги меҳнатӣ бо шумори қариб 19 ҳазор нафар шабу рӯз дар пайи коранд ва наметавон дар як фурсати кӯтоҳ он ҳамаро дид. Дастовези мо барои ин неругоҳ кулбори маънавӣ буд. Садҳо китобу маҷаллаву рӯзнома ба китобхонаи ин неругоҳ ҳадя гардид. Ҳамзамон, дастаи ҳунарии «Наврӯз»-и донишгоҳ табъи сохтмончиёнро болида гардонид. Дастовезу ҳадяи НБО-и Роғун бошад, барои мо ин як олам бардошту ҷаҳонбиниҳои фаромӯшнашаванда мебошад. Аз назораҳову мушоҳидаҳо як чиз аён аст, ки бо бунёди ин неругоҳ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрати беназир пайдо мекунад ва зиндагии мо бо ҷилои нури он тағйири куллӣ хоҳад ёфт. Шоҳид гаштан аз рафти корҳои бунёдкорӣ дар ин сохтмони аср ба ҳар як бинанда таассуроти бепоён мебахшад. Ин сохтмон моҳияти байналмилалӣ дорад. Тоҷикистон кори хайреро анҷом доданист, ки бо шарофати он хонаҳои ҳамсояҳои дуру наздик мунаввар мешавад. Дар майдони заҳмати ин сохтмони пурмуъҷиза имрӯз эрониву афғон, тоҷику ӯзбек, русу итолиёвӣ ва намояндагони дигар миллатҳо паҳлуи ҳам меҳнат менамоянд. Ин ҷо олами пурэъҷози меҳнату заҳматро дида фаҳмидан мумкин аст, ки ҷомеаи башарӣ бо майли тамом ҷонибдорӣ аз анҷоми ин сохтмонро дорад. Зарурати онро ҳама қоил мебошанд. Сарфи назар аз монеасозиҳои сунъӣ Бонки умумиҷаҳонӣ холисона дурусту безарар будани НБО-и Роғунро собит намуд. Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бо баракати роҳбарии Ш.Мирзиёев эътироф намуд, ки ин неругоҳ ба манфиати ҳамагон аст. Бузургтарин созмони байналмилалӣ – СММ аз ин НБО-и бунёдшаванда огаҳ аст ва ба он назари мусбат дорад. Бо бовариву эътимод ва бидуни ҳамагуна шак бояд иқрор гашт, ки амалӣ гаштани он рӯзи зафар барои халқи тоҷик наздик аст.

Дидан аз нақбҳову дарғот ва дигар минтақаҳои сохтмон гурӯҳи ҳамсафаронро ба ваҷд меовард. Дар ин ҷо садоқату муҳаббату қаҳрамонӣ идома дорад ва бо ин ҳама рӯди саркаши Вахш тобеи инсон гашта истодааст. Садҳо достон ҳам кифоя нест, ки диловариву матонати сохтмончиёнро бо тамоми паҳлуҳо фаро гирифт. Ин ҳама дастоварҳои меҳнатӣ осон сурат намегиранд, сохмончиёну коргарон ба даҳҳо мушкилоти дохили сохтмон рӯ ба рӯ мешаванд. Дар минтақаҳои хатарнок кор кардани онҳо сазовори таҳсину офарин аст. Масалан, дар дохили нақбҳо бо зинаҳои махсус болову поён шудан, техникаҳоро дар мавзеъҳои хатарнок идора кардан, кафшергарӣ дар сақфи нақбҳо ва амсоли он амали саҳлу сода нест. Аммо ин арсаи номус ҳама чизро сарфи назар менамояд. Ҳар як бинандаи аз кори ин сохтмон дурбуда низ мехоҳад, ки дар бунёди ин неругоҳ нақше дошта бошад.

Аз ҷониби маҷмааи СММ эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои аҳли башар як рукни муҳими созандагии ҳаёт ба ҳисоб меравад, ки он ташаббуси бевоситаи Тоҷикистон аст. Эҳтиром ба об ва истифодаи оқилонаи он имрӯз ба як масъалаи калидии ҳаёт табдил ёфтааст. Мафҳуми иқтисоди сабз ҷомеаи башарро водор намуда истодааст, ки обро чун як манбаи беҳбуду пешрафти ҳаёт истифода намояд. Маълум аст, ки аз иқтидори  гидроэнергетикии кишварамон, ки дар ҳаҷми 527 млрд. кВт.соат баҳогузорӣ карда шудааст, ки имрӯз ҳамагӣ 3-4 фисади он мавриди истифода қарор дорад. Боз ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ қоил гашт, ки дар Тоҷикистон барои аз худ кардани ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ нисбатан арзон захираву манбаъҳо кифояанд. Аз ҷумла, феълан зиёда аз 98 фисади неруи барқи дар кишварамон истеҳсолшаванда ба ин бахш марбут буда, барои дар шакли пурра истифода кардани он татбиқи лоиҳаҳои зиёде муҳиму ногузир аст. Ба истифода додани НБО-и Роғун шароит ба миён меорад, ки ин ҳама захираҳову имконоти истифодашаванда пурратар шаванд, ки он танҳо манфиати Тоҷикистон нахоҳад буд. Тарҳ ва лоиҳаи ин неругоҳ аз замони шӯравӣ маълум буд. Аз рӯи нақшаҳо дар заминаи он бояд чанд корхонаи бузурги дигар, ҳатто бузургтар аз Корхонаи арзизи ноҳияи Турсунзода бунёд мегардиданд. Яқин аст, ки ин имкон боз пайдо хоҳад гардид. Ҷои инкор нест, ки дар оянда Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи қувваи барқ табдил меёбад, ки даҳҳо кишвар аз он суд хоҳанд дид.

Аз азал тақдири тоҷикон ба нур вобастагӣ дорад. Тоҷикистон ду неругоҳи обии барқиро хоҳад дошт, ки яке НБО-и Норак, ки чанд даҳсола боз дар хидмати мардум аст  ва дуюмӣ НБО-и Роғун хоҳад буд. Номҳои Роғуну Норак ба рушноӣ иртибот доранд. Норак ба як маънои худ аз нуру рӯшноӣ маънӣ меафшонад. Роғун низ дар тафсили маъно ба рӯшноиву нур иртибот мегирад. Устод Айнӣ калимаи роғро рӯшноӣ тафсир менамояд. Норак зиёда аз чил сол боз нур мебахшад ва инак нуре, ки аз роғҳои кӯҳҳои Роғун ба миён меояд, натанҳо Тоҷикистон, балки як минтақаи ҷаҳонро нурафшонӣ хоҳад кард. НБО-и Роғунро бояд ба чашми дил дид. Роҳбарияти ДМТ дар мувофиқаву ҳамкорӣ бо раёсати ин неругоҳ кӯшиш хоҳад намуд, ки мутахассисони ҷавону эҷодкорро ба он ҷо ба кор фиристад. Зеро солҳо лозим аст, ки як нафар эҷодкор ба умқи асрори ин сохтмон фурӯ равад. Қаҳрамонони асили ин коргоҳҳоро дарёбаду шиносад. Ҳар як эҷодкор то дар ин майдони нанг заҳмат накашад, нафаси сохтмонро эҳсос карда наметавонад. Барои инъикоси сохтмонҳо дар гузашта эҷодкорон солҳо ҳамроҳи сохтмончиён қарор мегирифтанд, ки асаре мондагор пайдо шавад. Асарҳои муҳташами иҷтимоие ки дар бораи сохтмону бунёдкориҳо навишта шудаанд, ин натиҷаи диду мушоҳидаҳои муаллифону адибонест, ки ҳамроҳи сохтмончиён кор кардаанд. Ба ин бовар дорем, ки инъикоси рӯҳи ин сохтмони аср, дар оянда ба қуллаҳои баланд мерасад. Он дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи заррин сабт меёбад.

Дарвоқеъ, НБО-и Роғун олами номусу нанг аст. Ин номусу нанг номи миллати моро дар ҷаҳон бори дигар овозадор мегардонад. Ин неругоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад. Нангу номуси як миллат ва Пешвои он, ки маҳбуби ҷаҳониёнанд. Рӯзе ин неругоҳ ба гувоҳи қатъии ин номусу нанг табдил меёбад. Ин кори хайр ва бузургест, ки даҳсолаҳо наслҳои имрӯзу оянда аз он суд хоҳанд бардошт. Чӣ фараҳбахш он рӯз, ки вақте мешунавем: «НБО-и Роғун ба кор даромад». Ва он рӯз наздик аст.

 

М.ИМОМЗОДА,

ректори ДМТ, академик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш