Нашрияи Омӯзгор

Ганҷи ягонаам!

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Кӯдакон ҷаҳони зебою беолоиш ва саршор аз меҳру муҳаббат доранд. Онҳо ба ҳама чиз, ба ҳар гуфтору рафтори атрофиён бо таваҷҷуҳ ва аксаран кунҷкобона менигаранд. Дар кӯдакон ҳама гуна хислат дар ҳоли ташаккулёбист.

Ин хусусияти онҳоро мураббӣ бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошад ва ҷараёни тарбияи кӯдаконро дар ин замина ба роҳ монад. Дар ниҳоди тифлакон бедор кардану парваридани ҳисси эҳтиром ба Ватан, ба муқаддасоти миллӣ аз муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти мураббиён дар кӯдакистон ба шумор меравад. Ҳамчунин, бар он бояд кӯшид, ки кӯдакон нисбат ба волидони худ муҳаббати самимӣ дошта бошанд. Аслан, онҳо табиатан волидони худро дӯст медоранд, вале бар он бояд кӯшид, ки ин муҳаббат такмил ёбаду қавӣ гардад, устувор бошад. Бо ин мақсад аз воситаҳою мавридҳои муносибат истифода бояд кард. Як мавриди мувофиқ барои таҳкими муҳаббати кӯдакон ба модар таҷлили Рӯзи модар дар кӯдакистон мебошад. Ба ин муносибат ин ҷо маҷмӯи тадбирҳо татбиқ карда  мешаванд. Аз ҷумла, баргузории озмуни  расмкашӣ дар мавзӯи «Модари меҳрубони ман», ташкили гӯшаи суратҳои ифодагари рӯзгорони модарон, намоиши лавҳаҳо дар бораи модар (тавассути компютер), нақл дар ситоиши модари  худ ва амсоли  инҳо хеле муфиду таъсиргузор хоҳад буд. Кӯдакон одатан ба шеър шавқу рағбати махсус доранд ва самимона шеър мехонанд. Аз ин рӯ, салоҳ он аст, ки ба онҳо ба пешвози таҷлили Рӯзи модар шеърҳо (пораҳо) барои азёд кардан пешниҳод шавад. Хушбахтона, шоирони тоҷик дар ситоиши модар шеърҳои зиёде гуфтаанд. Ва қисме аз ин шеърҳо махсус барои кӯдакон навишта шудаанд. Ин гуна ашъор тифлаконро ба оғӯши модар мекашанд, муҳаббату самимияти онҳоро нисбат ба ин сарчашмаи ҳаёт меафзоянд. Аз ин лиҳоз, ба қитъаи зерини Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор таваҷҷуҳ намоем:

Дилсӯз модарам,

Хушрӯз модарам,

Ганҷи ягонаам,

Хуршеди ховарам.

Ин гуна пораҳои шеъриро кӯдакон бо шавқ месароянд ва нигоҳашон ба модарашон самимитар мешавад. Баъзан мураббиён дар интихоби шеър барои кӯдакон аз ҳад зиёд «эҳтиёткорӣ» карда, ба адабиёти классикии тоҷик, ба шеъри як дараҷа пурбортари (барои тифлон) шоирони муосир камтар эътибор медиҳанд. Ин чандон қобили қабул нест. Масалан, ин сатрҳои Саъдии Шерозиро кӯдакон зуд мепазиранду ба хотир мегиранд:

Канору бари модари дилназир

Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯи шир.

Дарахтест болои ҷонпарвараш,

Валад меваи нозанин дар бараш…

Ашъори дар васфи модар эҷодкардаи шоирони маъруфи тоҷик М.Турсунзода, Лоиқ, Б.Собир, Гулназар, Ҳ.Ғоиб, Гулназар… низ асосан мувофиқ ба табъу завқи кӯдакон мебошанд.

Дар таҷлили Рӯзи модар кӯдакон бо шавқ шеърҳои азёдкардаашонро мехонанд ва ҳастиашонро ифтихор фаро мегирад, самимияташон нисбат ба модар  афзунтар мегардад.

Фарзона Ғаффорова,

мураббии кӯдакистони №155-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш