Нашрияи Омӯзгор

Ёде аз рӯзгори марди накуном

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Миллати фарҳангдӯсти мо бо як қатор фарзандони фарзонааш, олимону адибон, шоирону рассомон ва наққошону оҳангсозони худ ифтихор дорад.

Яке аз чунин ашхоси муътабару гиромиқадр, олими шинохтаи тоҷик, овозхони академӣ, Арбоби хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, шодравон Хайрулло Латипов мебошад. Ин марди хирад ва олими фозил умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба санъати миллӣ, аз ҷумла, сарояндагии тоҷик бахшидааст. Мавсуф чун овозхони машҳур ва моҳиру боистеъдод ба мо маҳорати овозхониро дарс медод. Ӯ шахси ҷӯянда ва ёбандаи гавҳарҳои ноёби санъати миллӣ – сарояндагони касбии тоҷик ба шумор меравад. Мо, шогирдон, худро пайрави мактаби санъати овозхонии устод Х. Латипов меҳисобем.

Хайрулло Латипов 5-уми сентябри соли 1939 дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.Ӯ хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон мебошад. Устод фаъолияти омӯзгории худро баъди хатми донишгоҳ, соли 1973 дар факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ оғоз намудааст. Сипас, дар Донишкадаи санъати ҷумҳурӣ ба ҳайси омӯзгори кафедраи сарояндагии академӣ ба донишҷӯён дарси вокал ва маҳорати гузориши овозро мегузаронд. Устод дар давоми фаъолияти пурсамари илмӣ – омӯзгориаш зиёда аз 25 мақолаи илмӣ ва китобҳои дарсии вокалӣ аз эҷодиёти оҳангсозони тоҷик ва умумиҷаҳонӣ ба табъ расонидааст.

Аз соли 2003 то соли 2016 ба ҳайси профессори кафедраи овозхонии академӣ ва сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кору фаъолият намудааст. Дар тайёр кардани мутахассисони илмӣ ва муаллимони баландихтисоси вокал саҳми Хайрулло Латипов ниҳоят назаррас мебошад.

Устод пас аз бемории тӯлонӣ, 18-уми декабри соли 2016 дар 77 – солагӣ ин дунёро падруд гуфт.

Шодравон Хайрулло Латипов аз худ номи нек ба ёдгор гузоштааст. Ёди ӯ, оҳангҳою китобҳояш бо мост.

Нусрат ИСЛОМОВ,

мудири кафедраи сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон

ба номи Т. Сатторов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш