Нашрияи Омӯзгор

Боғбони зиндагӣ

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ яке аз касбҳои пуршараф ва хеле заҳматталаб аст. Омӯзгори асил бояд касбашро дӯст дорад, нисбат ба шогирдон ғамхор, дилсӯзу серталаб бошад. Омӯзгор боғбонеро мемонад, ки бо боварӣ дар боғи зиндагӣ ниҳолҳо мешинонаду онҳоро нигоҳубин ва парвариш мекунад, то ки дар оянда боровар гарданд ва аз меваҳои шаҳдбори он ниҳолон мардум ва ҷомеа баҳравар шаванд.

Яке аз чунин шахсони ғамхор, соҳибмаърифат ва накуном, ки умри худро сарфи таълиму тарбия намудааст, устод Назар Мирзоев мебошад.

Муаллим Назар Мирзоев 56-соли умри хешро  ба тарбия ва босавод намудани  фарзандони деҳаи Офтоблиқо бахшида, онҳоро ба роҳи рост, некӣ ва накукорӣ ҳидоят намудааст.

Ин устоди соҳибдил  худ дар ҳаёт ҳамаи ин хислатҳоро соҳиб буд ва мардум дар ҳақаш суханони нек мегӯянд.

Фаъолияти омӯзгории ин шахси рӯзгордида аз мактаби яксолаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб оғоз меёбад. Ҳамчун муаллим соли 1932 дар мактаби ибтидоии деҳаи Хоҷаисҳоқ ба кор шурӯъ намуда, бо ташаббуси вай синфхонае ташкил карда мешавад ва мардум дар он ҷо хату савод меомӯзанд.

 Бо роҳхати шуъбаи маориф соли 1938 ба мактаби ибтидоии деҳаи Зиракӣ рафта, дар онҷо чор сол кор карда, фарзандони деҳаро таълиму тарбия медиҳад. Он солҳо солҳои маҳви бесаводӣ буданд ва дар чунин солҳои мушкил кору фаъолият намудан, мардумро омӯхтани савод кори осон набуд. Назар Мирзоев дар он замон чунин масъулияти сангинро бар дӯш доштанд ва хушбахтона, аз уҳдаи мушкилиҳо бо сарбаландӣ баромада тавонистанд.

Муаллим бо зиракию кордонӣ кӯшиш менамуд, то шогирдон худ асбобу ашё хонишро дастрас намоянд. Ҳарчанд ки мушкилоти зиёде дар таълиту тарбия мавҷуд буд, аммо ин шахси дарёдил ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ чора ҷуста, вазифаи басо масъулиятнок ва пурифтихорро тарк накард ва тавонист ба фарзандони халқу миллати хеш саодату хушбахтиҳо биёрад.

Ҳамин тавр, кору фаъолияти хуби ӯро ба назар гирифта, соли 1942 шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Назар Мирзоевро ба деҳаи Офтоблиқо мефиристад ва ӯ дар мактаби деҳа ба сифати мудири мактаб 38 соли умри худро сарфи омӯзондани савод ба шогирдон месозад.

Муаллим дар ин давра дар баробари тарбияи ҷавонон, барои баланд бардоштани савияи дониши худ, Донишгоҳи шаҳри Кӯлобро хатм намуда, ба кори таълиму тарбия камари ҳиммат мебандад.

Солҳое, ки муаллим Назар Мирзоев дар мактаби №19 ҳамчун сарвар кору фаъолият кардааст, ин мактаб яке аз пешқадамтарин мактабҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳисоб мерафт. Шогирдони зиёди ин мактаб донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқиро хатм карда, дар ободу зебо гардидани кишвари азизамон саҳми бесазо гузоштаанд.

Заҳмати зиёди муаллим буд, ки фарзандони ӯ Аъзамхон, Зариф, Файзалӣ ва Маҳмадризо касби пурифтихори падарро интихоб намуда, дар тарбияи насли наврас саҳми босазои худро мегузоранд.

Шогирдони бонангу соҳибмаърифати муаллим – Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳақназар Ғоиб, профессор Темур Муҳиддин, номзади илми фалсафа Абдусаттор Одинаев ва даҳҳо дигарон ба шумор мераванд. 

 

Савриниссо Шарифова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш