Нашрияи Омӯзгор

Зиндагиномаи адибро омӯзем ё не?

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Дар омӯзиши адабиёт яке аз масъалаҳои баҳснок ба тарҷумаи ҳоли адиб дахл дорад. Солиёни зиёд аст, ки дар китобҳои дарсии адабиёти тоҷик пеш аз омӯхтани асари адибе хонанда бо тарҷумаи ҳоли худи адиб шинос карда мешуд. Ҳоло як зумра методистону адабиётшиносон бар он назаранд, ки омӯзиши зиндагиномаи адибон дар мактаб зарурате надорад. Ба назари мо, омӯхтани тарҷумаи ҳоли адибон барои хонандагон аз аҳамият холӣ нест. Донистани зиндагиномаи адиб, пеш аз ҳама, ба дуруст фаҳмидани эҷодиёти ӯ ба шогирдон мадад мерасонад. Масалан, чӣ хел аз ҳаёти воқеии устод Рӯдакӣ огаҳӣ пайдо накарда, қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и ӯро метавон ба таври дурусту комил фаҳм кард? Эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ аз лиҳози мазмуну муҳтаво бо зиндагии пуршебу фарози ӯ, бо саргардониҳову дар фироқи Ватану ёру диёр сӯхтанҳояш тавъам аст. Саъдии Шерозӣ  «Гулистон»-у «Бӯстон»-и безаволу ҳикматборашро дар заминаи  бардоштҳо аз рӯзгорони худ навиштааст. Ҳамин гуна ҳамбастагиро бо осору зиндагии устод Садриддин Айнӣ метавонем ба мушоҳида бигирем (ёд оварем аз «Ёддоштҳо»).

Ба назари мо, ба таври васеъ омӯхтани тарҷумаи ҳоли адиб зарурате надорад; зиндагиномаи эҷодкор бояд тавъам бо лаҳзаҳои ҳассосу мондагор ва ҳикматбори он омӯхта шавад. Яъне, омӯзиши рӯзгорони адиб ҳам ҷанбаи маърифатӣ дорад ва ҳам ҷанбаи тарбиявӣ. Аз ин рӯ, аз 5-6 ё 10-12 соати дарсие, ки барномаи таълим барои омӯзиши адибе ҷудо мекунад, як соаташро ба омӯзиши тарҷумаи ҳоли ӯ бахшидан манфиатовар хоҳад буд. Муҳим аст, ки ин дарс рангину ҷолибу таъсиргузор бошад. Омӯзгорро мебояд, ки барои баргузории дарси омӯзиши зиндагиномаи адиб омодагии комил дошта бошад, аз воситаҳои техникию аёнӣ васеъ истифода барад. Мутахассисони адабиётшинос се сарчашмаи асосии шиносоӣ бо тарҷумаи ҳоли адибро муайян кардаву тавзеҳ бахшиданд: а) эҷодиёти адиб, б) рисолаву таҳқиқотҳо, в) асарҳои бадеӣ.

Эҷодиёти адибон баъзан бозгӯи хеле ҷолиби зиндагиномаи онҳост. «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ, «Он чӣ аз сар гузашт»-и Ҷалол Икромӣ, «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода ва амсоли инҳо дар омӯзиши тарҷумаи ҳоли адибони мазкур сарчашмаи боэътимодтаринанд.

Хушбахтона, оид ба зиндагиномаи аксар адибони тоҷик мақолаву рисолаҳои зиёде навишта шудаанд, ки бо истифода аз онҳо омӯзгор метавонад дарси ба тарҷумаи ҳоли адиб бахшидашударо бештар самарманд созад.

Як зумра асарҳои бадеӣ, ки дар заминаи ҳаёт ва эҷодиёти адибони алоҳида эҷод шудаанд, низ мададгори омӯзгори адабиёт шуда метавонанд. Ба ин гуна асарҳо «Қисмати шоир» ва «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода, «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз»-и Кӯҳзод (дар бораи устод Айнӣ), «Ситорае дар тирашаб»-и Расул Ҳодизода (дар бораи Аҳмади Дониш) мисол шуда метавонанд.

Бояд гуфт, ки ҳамин гуна мулоҳизотро метавон нисбат  ба зиндагинома ва осори  адибони рус низ иброз дошт.

Дилором ЮЛДОШЕВА,

омӯзгори забони русии гимназияи «Роҳнамо»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш