Нашрияи Омӯзгор

Аз дида ба дилҳо рафт

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Марги нобаҳангом инсони некусиришт, омӯзгори асилу ҷонфидо, модари ғамхору меҳрубон Парвона Раҳмоиловаро бармаҳал аз байни мо рабуд.

Зоҳиру ботинаш яке буд ӯро, чеҳра, ном, кору амал, гуфтору рафтораш зебо буд. Миёни ҳамкорону шогирдон ва волидайн маҳбубияти зиёд дошт. Парвона бо хислатҳои наҷибаш дар дили ёру дӯстон, шогирдону ҳамсабақон ва хешу табор ҷовидонӣ ҷо гирифт. Ӯро дӯстонаш зани оҳанин мегуфтанд, фикр накунед, ки бераҳм буд, на! Парвона дар солҳои душвори баъдиҷангӣ чор тифли ятими худро бо нони ҳалоли омӯзгорӣ, ҷавонмардона ба воя расонида, соҳибмаълумот ва соҳибхона намуд. Ӯ ҳамеша чеҳрахандон, меҳрубон ва хушсухан буд, боре ҳам аз зиндагӣ шикоят намекард. Парвона дилдодаи касби худ буд, зеро ин касб ӯро соҳибэҳтирому соҳибном гардонида буд. Хидматҳои ӯ ҳеҷ гоҳ аз ёди ҳамкорону шогирдон зудуда нахоҳад шуд. Барҳақ, шоир фармудааст:

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Парвонаи азиз, рӯҳат шод, манзили охиратат обод бод!

Адолат ҲОШИМОВА,

Наргис САФАРОВА,

омӯзгорони шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш