Нашрияи Омӯзгор

Пирӯзии хонандагони тоҷик дар Ҳиндустон

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар таълимгоҳҳои Тоҷикистон  тамоми шароит барои омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ фароҳам оварда шудааст. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҷумҳурӣ ҳаракати олимпӣ рушд дорад ва хонандагони лаёқатманду донишманд ба ин ҳаракат ҷалб гардидаанд, ки  дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналамилалӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамин аст, ки дар соҳаи маориф  миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 давлати бартар қарор дорад. Ҳамчунин, мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Дастоварду пешрафтҳои хонандагони тоҷик сол аз сол зиёд гардида истодааст. 21 - 26 майи соли 2018 дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҷумҳурии Ҳиндустон 7-умин олимпиадаи байналмилалӣ «7th Amity International Olympiad» байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муаррифӣ намуданд.

Дар олимпиадаи мазкур хонандагон аз 15 кишвар, аз ҷумла, Тоҷикистон, Туркманис-тон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Шри  Ланка, Россия, Туркия, Бангладеш, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Руминия, Молдова  ва Индонезия иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки маротибаи дувум аст, намояндагони Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур иштирок мекунанд.

Дар ҷамъбаст хонандагони тоҷик сазовори 25  медал - 12 медали тилло, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд. Аз рӯйи ҷамъбасти даставӣ хонандагони ҷумҳурии мо дар байни хонандагони 15 кишвари дунё мақоми аввалро ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада  намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок доштанд.

Ғолибони олимпиадаро 29 майи соли равон кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони  васоити ахбори омма дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.

Шоистаи таъкид аст, ки  соли 2018 хонандагони тоҷик дар 9 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда,  сазовори 124 медал ( 31 медали тилло, 48 медали нуқра ва 45 медали биринҷӣ)  гардиданд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 23 медали тилло, 15 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ зиёд аст.

 

Н.ОХУНЗОДА,

 “Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш