Нашрияи Омӯзгор

Ростгӯю ростқавлу меҳрубон

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Як бегоҳ набераам Ҳофиз ба аёдатам омада буд. Ҳангоми суҳбатамон бибиашро (ҳоло дар ҳаёт нест) ёдоварӣ намуда, хоби дидаашро чунин нақл намуд: «Дар литсей – интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат, дар ошёнаи дуюми бино баъди танаффуси навбатӣ ба дарс даромаданӣ будам, аз он тарафи роҳрави бино бибиам бо либоси ҳарири сафед ба сӯи ман омаданд.

Ҳангоми наздик шудан аз ман пурсон шуданд: - Ту дар ин ҷо чӣ кор карда истодаӣ?». Ман дар ҷавоб гуфтам, ки ба дарс даромада истодаам. Бибиям ҷавоби маро то ба охир гӯш накарда таъкид намуданд, ки зудтар ба дарс дароям. Ҳамин асно бибиямро бо чеҳраи кушод ва лутфи хосаи худаш медидам. Дигар чизеро дар бораи бибиам дар хобам ба хотир оварда натавонистам. Набераам Ҳофиз хатмкардаи литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе буд.

Рӯзи дигар ба автобуси мусофирбар савор шудаму шахсе маро ба курсии холӣ барои нишастан таклиф намуд. Баъди нишастан ҳарду ҳамсуҳбат шудем. Шахси ноошно аз ман чунин пурсон шуд:

- «Муаллима, саломат ҳастанд?». Ман аз ӯ пурсон шудам: 

- Кадом муаллима? Шахси ноошно гуфт, ки муаллима Ҷумъаева. Ман ба фикр фурӯ рафтаму баъд ҷавоб додам, ки имрӯз муаллима дар байни мо нест. Аз набудани муаллима он шахс бисёр таассуф хурда, гуфт, ки ҳангоми дар мактаби миёнаи №53 хонданам муаллима роҳбари синфи мо буданд ва аз фанни география дарс мегуфтанд. Агарчанде ман сустхон ва ҳам беинтизом будам, ба дарсҳои география мунтазам иштирок мекардам, чунки муаллима дар қалби ман меҳри ин фанро ҷой дода буданд. Муаллима ҳамчун модар маро ҳам дӯст медоштанду ҳам сарзаниш менамуданд. Дар поёни суханаш он шахс афсӯс хӯрд ва гуфт, ки чунин муаллимаи ғамхору меҳрубон ва дилбохтаи касби хешро ман дар ҳаётам кам дидаам.

Сухан дар бораи омӯзгор Истода Ҷумъаева меравад.

Афсӯс, ки имрӯз ин омӯзгори варзида, модари 6 фарзанд, 20 набера ва 11 абера дар байни фарзандону наберагону аберагон нест. Ӯ нест, ки имрӯз зиндагии хурсандонаи фарзандонашро дида ифтихор намояд. Ӯ намедонад, ки наберагонаш мактабҳои олиро хатм карда, дорои касбҳои гуногун гаштаанд, ба халқу ватани худ хизмат мекунанд ва қисми дигарашон дар донишгоҳҳои мамлакат ва берун аз он ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо баҳои аъло таҳсил менамоянд. Абераи калонии хонандон имсол бори аввал қадам ба остонаи мактаб гузошт.

Аз он айёме, ки муаллима Истода Ҷумъаева ин ҷаҳонро падруд гуфт, 12 сол сипарӣ шуд.

Истода Ҷумъаева Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро хатм намуда, баъди хатми донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 53, 60, 61-и шаҳри Душанбе, рақами 6-и шаҳри Панҷакент ва литсей-интернати ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, солҳои охири умри худро дар ҳамин муассиса дар вазифаи муовини директор оид ба таълим ва ҳамчун омӯзгори фанни география гузаронидааст. Дар ин муддат муаллима Истода Ҷумъаева шогирдони зиёдро ба воя расонидааст, ки имрӯз онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд.

Барои хизматҳои арзандааш дар таълиму тарбияи насли наврас бо ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз гардонида шудааст. Муаллима аз он ифтихор мекард, ки ин мукофоти олиро барои як нафар омӯзгори қаторӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида буданд. Дар баробари ин, муаллима бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Аз муаллима Истода Ҷумъаева бойгоние боқӣ мондааст. Дар он аз фаъолияти омӯзгории ӯ нақшаҳои кории солона, нимсола, дастур ва мақолаҳои методии омӯзгор оид ба фанни география, тақризҳои ба китобҳои дарсӣ эҷодкардаи ӯ дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» (собиқ «Мактаби советӣ») пай дар пай чоп мешуданд, мавҷуданд.

Омӯзгор Истода Ҷумъаева инсони ростқавл буд ва шогирдонашро ба ростгӯю ростқавлу меҳрубон будан дар байни ҳамкасбонашон ҳидоят менамуд.

Истода Ҷумъаева ҳамчун роҳбари синф бо падару модарони шогирдон робитаи қавӣ дошт. Падару модарон меҳмони доимии литсей ва муаллима буданд ва дар хусуси хониши фарзандонашон аз муаллима маслиҳатҳои муфид мегирифтанд. Мавридҳое буд, ки муаллима ба хонаи шогирдонаш мерафт, ба шароити дарстайёркунии онҳо аз наздик шинос мешуд ва маслиҳатҳои худро дареғ намедошт.

Бале, Истода Ҷумъаева омӯзгори меҳрубону ғамхор ва сахтгир буд. Агар ӯ имрӯз дар қайди ҳаёт мебуд, 77 - солагиашро шодбош мегуфтем.

Аз он ки Истода Ҷумъаева пешаи омӯзгориро интихоб намуд, пушаймон набуд. Вақте ки муаллима калиди донишро ба шогирдонаш дода, аз натиҷаи дониши онҳо қаноатмандӣ ҳосил мекард, ӯ худро хушбахтарин инсон меҳисобид.

Т.Ҷумъаев,

омӯзгори литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш