Нашрияи Омӯзгор

Хидматаш арзанда буд

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Аҳли хонадони амаки Абдулазиз китобдӯсту китобхон буданд. Ҳамин боис шуд, ки писари хурдии ӯ Раҳматулло аз имтиҳоноти қабул дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузашта, донишҷӯ гардид.

Баъди хатми донишгоҳ Раҳматулло Раҳмонов фаъолияти меҳнатияшро аз пизишки интерни кафедраи бемориҳои асаби беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии рақами 3 (ҳоло Маркази миллии тиббии Тоҷикистон) оғоз карда, ба корҳои илмӣ шуғл варзид. Сипас, мавсуф ба ҳайси мудири шуъбаи асаби беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳамзамон, дар коллеҷи тиббии шаҳри номбурда ба донишҷӯён дарс мегуфт.

Бо ҳидояти Аъламхон Ахмедов, собиқ вазири тандурустии ҷумҳурӣ, олими ҷавон Раҳматулло Раҳмонов-унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи ирсиятшиносии шаҳри Томски Федератсияи Россия ба таҳқиқи илмӣ оид ба бемориҳои ирсии асаб дар шаҳру навоҳии Кӯлоб пардохт. Соли 1993 ӯро сардори идораи равобити иқтисоди берунии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таъйин карданд.

 Академик Абдумаҷид Пӯлодов ояндаи шогирдаш Раҳматуллоро шукуфон медид. Баъди таълифи рисолаи илмии ӯ дар мавзӯи «Таҳлили ирсию клиникӣ ва молекулярии касолати мушакфарбеҳии ҳозиби Дюшен дар Тоҷикистон» ба кори ӯ баҳои баланд дода буд.

Таҳқиқи олимон А.М. Пӯлодов ва Р.А. Раҳмонов зери унвони «Амрози сорӣ ва сорӣ-гармбодии силсилаи аъсоб» нишон дод, ки ҳангоми сарсом адади ҳуҷайраҳо якбора меафзоянд. Гоҳи сарсоми римнок шумораи он ба ҳазорон ва ё даҳҳо ҳазор, вақти сарсоми зардобӣ бошад, миқдоран ба садҳо дар 1 мкл. мерасад. Ба андешаи муҳаққиқон, хурӯҷи вогири сарсоми менингококкӣ (майнаю ҳароммағз) дар фаслҳои баҳору зимистон рӯй медиҳад. Вале эҳтимол меравад, ки бо роҳи сироят аз шахси бемор ё ҳомили вирус, бештар василаи ҳавоӣ-қатраӣ хурӯҷи беморӣ ҳар гоҳ сар бизанад. Ин беморӣ метавонад тавассути истифодаи ашё сироят бикунад. Ба хотири рафъи ин бемориҳо усулҳои нави илмӣ тавсия дода шудааст.

Дар зимни ковишҳои илмӣ устод Р.Раҳмонов дарди симпталгияи рӯй, асабдарди уқдаи болшакли ком ва асаби биниву миҷгон, невралгияи ганглияи зонушакл, асаби забон, аллоими Россолимо-Мелкерсон-Розентал, алоими Шегрен, стомалгия (глассалгия, глоссодиния), иллатнокшавии ганглияҳои наботии рӯй, гиреҳҳои зери ҷоғ ва ломиро ошкор намуда, омилҳои пайдоиш ва роҳҳои муолиҷаи онҳоро равшану возеҳ тафсир додааст.

Асари нисбатан мукаммали доктори илмҳои тиб Р.Раҳмонов «Асабшиносӣ» (бо ҳаммуаллифии А.М. Пӯлодов) қимати баланди илмиро молик буда, китоби рӯимизии донандагони соҳа пазируфта шудааст. Муаллифон рушди таърихии мактаби асабпизишкиро шурӯъ аз Фаронса ва Россия, дар симои намояндагони барҷастаашон мухтасаран ташреҳ дода, то дастранҷи илмии мутафаккирони бузурги тоҷик - Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ ибни Сино расидаанд.

Тайи солҳои 2003-2006 Р.Раҳмонов сарварии шуъбаи бемориҳои асаби Маркази миллии тиббии ҷумҳуриро ба уҳда дошт. Маҳз дар ҳамин давра фаъолияти марказ рӯ ба беҳӣ ниҳода, теъдоди раҳпӯёни илм афзоиш ёфт. Олими умедбахш Ҷамъияти асабшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон-«Нейрон»-ро таъсис дода, пизишкони асабшиносро ба ҳам овард.

Соли 2004 зери роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессори фахрии Донишгоҳи Гарвард (Вашингтон, ИМА), А.М. Пӯлодов дар мавзӯи «Бемориҳои ирсии системаи асаб дар Тоҷикистон» муваффақона рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Муҳаққиқи тоҷик Р.Раҳмонов дар маҷмӯаи «Издивоҷи хунӣ ва оқибатҳои он» роҳҳои пешгирии ин падидаи номатлубро бо далоили мушаххас нишон додаст. Никоҳи хешутаборӣ оқибатҳои ногувор дошта, мустақиман ба солимии ҷомеа ва давлат хатар меоварад. Теъдоди зиёди кӯдакони маъюб дар оилаҳое ба дунё омадаанд, ки зану шавҳар бо ҳам пайванди хунӣ доранд ё хешу табори наздиканд.

Р.Раҳмонов дар Донишкадаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун омӯзгор дар тайёр кардани мутахассисони соҳа саҳм гузоштааст. Фаъолияти назаррасашро дида, ӯро намояндаи Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ (ТБТ) дар Тоҷикистон интихоб карданд. Аз ин ҷиҳат дар конфронсҳои байналмилалии Фаронса, Ҳиндустон, Ҷопон, Шветсия, ИМА, Венгрия, Эрон, Ирландия, Канада, Австрия, Олмон, Беларус, Россия ва дигар давлатҳо бо мақолоти пурмазмуни илмӣ баромад намуда, шуҳрати илми тоҷикро баланд бардоштааст.

 Ноиби президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Аълочии тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, муаллифи даҳҳо маҷмӯаи илмӣ, профессор Раҳматулло Раҳмонов ғаввоси уқёнуси илм буд.

 Ду сол мешавад, ки ҷойи ин олими намоён дар ҳалқаи пайвандон, олимон ва ёру дӯстон холист. Ин ҷавонмарди дилогоҳ дар айни камолоти эҷодӣ даргузашт.

Агар умр вафо мекард, профессор Раҳматулло Раҳмонов барои ин миллат хидматҳои аз ин ҳам шоистаро анҷом медод.

Сипеҳри ҲАСАНЗОД,

барандаи ҷоизаи ба номи

Абулқосим Лоҳутӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш