Нашрияи Омӯзгор

Илм неру диҳад камолотро

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки барои пешрафти маърифат ва рушди ҷомеа талош менамоянд. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдурасул Сатторов аз зумраи  ҳамин гуна шахсиятҳост, ки ҳастии хешро баҳри таълиму тарбияи фарзанд бахшидааст.

Баъди хатми мактаби №23-и ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ), соли 1966 ба шуъбаи математика ва нақшакашии факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил мешавад. Соли 1971 бомуваффақият донишгоҳро хатм карда, ба ҳайси омӯзгори кафедраи геометрияи факултаи математикаи донишгоҳи номбурда ба кор шурӯъ мекунад. Соли 1978 бо  роҳбарии олими варзидаи соҳаи геометрия, профессори Донишгоҳи давлатии Қазон Б.Л.Лаптев рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Соли 2011 Абдурасул Сатторов рисолаи докториро бомуваффақият дифоъ намуд.

Бо  таъсиси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳайси дотсенти кафедраи алгебра ва геометрия ба кор даъват мешавад. ӯ дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои ноиби ректор оид ба иқтисод ва таҳсили ғоибона (солҳои 1997-2002), ноиби ректор оид ба илм (солҳои 2002-2005), директори Маркази компютерӣ (солҳои 2005-2007) кор кард. Аз соли 2007 инҷониб дар вазифаи мудири кафедраи алгебра ва геометрия фаъолият дорад.

Аз соли 2018 узви Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-035 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.

Устод Абдурасул Сатторов муаллифи зиёда аз 30 китоби дарсӣ, 15 барнома ва 10 дастури таълимист.

Дар баробари навиштани китобҳои дарсию фаъолияти педагогӣ ӯ пайваста ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, муаллифи 5 монография ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ аст. 

А. Сатторов дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда дорад. Бо роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.

Дар ҳақиқат, маънии зиндагӣ ва саодати рӯзгор аз донишандӯзӣ ва хизмат кардан ба мардум иборат мебошад. Омӯзгори асил Абдурасул Сатторов ба синни 70 қадам гузошт, ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, ба ӯ саломатӣ, умри дароз ва дар корҳои илмиву эҷодиаш комёбиҳои беназир таманно дорем.

 

Баҳрулло Файзализода,

устоди  ДДБ ба номи

Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш