Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқ ва публитсисти шинохта

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 836        Шарҳ: 0

 

Профессор Усмонҷон Ғаффоров беш аз ним қарн аст, ки ба фаъолияти педагогӣ ва пажӯҳишӣ машғул буда, кӯлвори эҷодиёташ бо беш аз 65 рисолаи илмӣ-оммавӣ, 160 мақолаи илмӣ-пажӯҳишӣ ва 700 мақолаи илмӣ-оммавӣ пурбор гаштааст.

Устод тавонистааст, бо салиқаи ба худ хос рисолаҳои пурарзишеро аз қабили “Таърихнигорони тоҷик” (аз қадим то асри ХХ) , “Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон”, “Равшангари таърих” (дар бораи аллома Б. Ғафуров), “Марди накуном”, “Нобиғаи айём” (аз рӯзгори академик М. Осимӣ), “ Анҷумани саодати миллат” (ба муносибати 10-умин солгарди Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Тоҷикистон), “Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев”, “Султони диёри сухан” ( аз рӯзгору осори Лоиқ) ба хонандагон тақдим намояд. Профессор У. Ғаффоров дар баробари муарриху муҳаққиқ будан, инчунин, публитсисти забардаст маҳсуб меёбад. Устод Усмонҷон Ғаффоров дар асарҳои “Алломаи замон” ва “Абдулаҳад Қаҳҳоров” рӯзгори ду чеҳраи мондагори миллати тоҷик - аллома Бобоҷон Ғафуров ва Абдулаҳад Қаҳҳоровро ба тасвир кашида, нақши ин абармардонро дар рушди илму фарҳанги тоҷик нишон додааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров фаъолияти кории худро аз рӯзноманигорӣ сар карда, бо кору пайкори шоиста тавонист то ба симати котиби аввали ҳизби коммунисти Тоҷикистон бирасад. Ин шахсияти бузург Тоҷикистонро тайи солҳои 1946 ва 1956 роҳбарӣ намуда, барои рушду тараққиёти сарзамини азизаш аз худ фидокорӣ нишон медиҳад. Интихоби корманди баландпояи ҳизбӣ, олим, муаррих ва шарқшинос Бобоҷон Ғафуров ба вазифаи директори Институти шарқшиносии СССР дар соли 1946 воқеаи тасодуфӣ набуд, балки он тақозои айём маҳсуб меёфт. Роҳбарияти Шӯравӣ, бахусус, Сталин ба Бобоҷон Ғафуров – сиёсатмадори шинохта ва олим-шарқшинос меҳру муҳаббати зиёд дошт ва Сталин хуб дарк мекард, ки Бобоҷон Ғафуров дар баробари рушди илми Шӯравӣ дар тавсеаи сиёсати хориҷии СССР, бахусус, олами Шарқ саҳми шоиста гузошта метавонад. Бобоҷон Ғафуров баробари дар ин симати баланд кору фаъолияти шоиста нишон додан, таҳқиқотҳои бунёдиро дар бораи тоҷикон идома бахшид. Нашри китоби “Тоҷикон” соли 1972 бо забони русӣ дар Маскав як рӯйдоди бузурги сиёсӣ ва фарҳангӣ барои тоҷикони ҷаҳон маҳсуб меёфт. Академик Б. Ғафуров бо ин таҳқиқоти пурарзишу бунёдӣ бори дигар собит сохт, ки тоҷикон бо фарҳанги куҳану бузурги худ ба қавмҳои ориёӣ маҳсуб буда, дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ бо нобиғаҳои худ саҳми бориз гузоштаанд.

Китобу рисолаҳое, ки устод Усмонҷон Ғаффоров дар бораи чеҳраҳои мондагори миллат навиштааст, як гӯшаи китобхонаи бузургашро зебу фар мебахшанд. Ҳар кас орзу мекунад, ки боре аз ин ганҷинаи муаррихи шинохта баҳравар гардад. Усмонҷон Ғаффоров ҳангоми таҳсил дар факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (1962-1967) ба гирд овардани китобҳои нодири илмӣ ва бадеӣ камар баст, зеро меҳри китобро дар қалби ӯ қиблагоҳаш Абдуғаффор Ҳасанов, ки яке аз зиёиёни шинохтаи шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёфтанд, ҷой карда буд. Ҷамъ овардани китоб ва таъсис додани китобхона марому мақсади ҳар олиму нависанда ва шахсияти фарҳангӣ аст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Усмонҷон Ғаффоров аз он меболад, ки соҳиби ин ганҷинаи ноёб аст. Соатҳоро бо мутолиаи китоб сарф мекунад, навиштани китобу рисолаҳоеро дар нақша дорад, ки акнун вақту соати эҷоду тадвини онҳо расидааст.

Хидматҳои профессор Усмонҷон Ғаффоров дар тарбия ва омода намудани мутахассисону олимон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қадршиносӣ гардида, ӯ сазовори унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Б.Ғафуров мебошад. Устод Усмонҷон Ғаффоров аз он меболад, ки солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар таҳия ва омодасозии даҳҳо қонуне, ки имрӯз амал мекунанд, саҳми шоиста гузоштааст. Ҳамчун олиму муаррих дар конфронсҳои зиёди илмӣ ширкат дошт.

Мо узви ИНТ ва ИЖТ, устод Усмонҷон Ғаффоровро ба синни мубораки 75 расиданашон аз самими қалб муборакбод гуфта, ба эшон тансиҳатӣ, табъи болида ва илҳоми саршорро дар офаридани китобу рисолаҳое, ки ба нақша доранд, таманно дорем.

 Бурҳон САЛМОН,

Насиба ХАЛИФАЕВА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш