Нашрияи Омӯзгор

Мушкилот бартараф мегарданд

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи матбуоти факултаи журналистика ва дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 108-солагии матбуоти тоҷик дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ дар шароити рушди технологияҳои иттилоотии муосир» ҳамоиш баргузор гардид.

Профессори ДМТ, доктори илмҳои филологӣ Мурод Муродов оид ба равандҳои инноватсонӣ дар нашрияҳои маҳаллӣ андешаронӣ кард. Ба ақидаи ӯ, имрӯз баъзе камбудиҳое дар ин самт мавҷуданд, ки ба рушди матбуоти маҳаллӣ халал мерасонанд. Ин аст, ки матбуоту нашрияҳои маҳаллӣ сари вақт чоп намешаванд ва ба ҳамин хотир, мардуми деҳу музофот аз иттилооту навигариҳо то ҷое маҳруманд. Муаллими калони кафедраи матбуот Қироншоҳ Шарифзода аз хусуси марҳилаҳои рушд ва вазъи имрӯзи матбуоти даврии тоҷик ҳарф зада, иттилоъ дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ мавзӯъҳои меҳварии замон, аз ҷумла, худшиносии миллӣ, нақши истиқлолият дар рушди ҷумҳурӣ, мутолиаи осори бадеӣ ва монанди инҳо муҳиму калидӣ мебошанд. 

Раиси Шӯрои ВАО, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов оид ба мушкилоти нашрияҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо изҳори ақида намуд. Иштирокдорони дигари ҳамоиш низ андешаҳои худро дар ин масъала баён доштанд.

Ҳотами Ҳомид, «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш