Нашрияи Омӯзгор

Андар шинохти матбуоти Бадахшон

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар ҳама давру замон нақши матбуот дар рушду инкишоф ва пешрафти ҷомеа назаррасу муассир буда, он ҳамчун фишанги идеологии давлат хидмат мекунад. Матбуоти тоҷик таърихи беш аз садсола дошта, дар ин миён роҳи пуршебу фарозро тай кардааст.

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ асарҳои зиёде оид ба таъриху ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик таълиф гардидаанд, ки дар шинохти матбуоти тоҷик мусоидат мекунанд. Яке аз навъҳои матбуот нашрияҳои маҳаллӣ мебошанд, ки дар инъикоси  вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии маҳал ҳамчун оинаи ҷаҳоннамо хидмат мекунанд. Махсусан, дар замони ҷаҳонишавӣ вазифаву паҳлуҳои ин навъи матбуот васеъ буда, он бояд фазои маҳаллаву музофотро бо иттилоот ва маълумоти ҷолиб пурра намояд. Ин рисолатро матбуоти маҳаллии тоҷик дар замони Шӯравӣ то андозае иҷро мекард. Имрӯз, мутаассифона, бо рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти иқтисодӣ ва аз камтаваҷҷуҳии мақомоти маҳаллӣ ин типи матбуот фаъолияти бавусъат надорад. Чанд сол мешавад, ки аз ҷониби муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳ илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот омӯзиши матбуоти маҳал амалӣ мегардад ва дар ин замина чандин асари арзишманд рӯйи чоп омаданд, ки мушкилоту проблемаҳои матбуоти маҳаллии кишварро ба таври мушаххас муайяну баррасӣ кардаанд ва умед мебандем, ки ин омил такони ҷиддие дар рушди матбуоти маҳал хоҳад шуд. Ба  ҳамин мазмун китоби нави номзади илмҳои филологӣ Бахтиёри Қутбиддин бо номи «Нигоҳе ба матбуот ва фарҳанги Бадахшон»  аз чоп баромад, ки дар он вазъи нашрияҳои маҳаллии ВМКБ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Китоб дар заминаи сафари якҳафтаинаи муаллиф ба  ВМКБ навишта шуда, дар  он бо диди амиқ ва ҷузъиётнигории хос бо тасвири лаҳзаҳои ҷолиб муаллиф  хонандаро ба зебоии диёр ошно месозад. Дар  оғоз муҳаққиқ маълумоти обзориро дар бораи вазъи иҷтимоиву иқтисодиву таърихии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон овардааст, ки хонанда зина ба зина аз мавқеи ҷуғрофӣ аз таъсиси ин вилоят огоҳ мегардад. Китоби мазкур аз як ҷиҳат ҳамчун сафарнома аст ва Б.Қутбиддин ҳар дидаашро бо тасвироти ҷолиб пешкаши хонанда мегардонад. Маълум мегардад, ки ӯ танҳо ба нашрияҳои маҳаллии ин минтақа қонеъ нашуда, табиати афсункори Ватанро ба риштаи тасвир кашидааст. Аз мутолиаи асар бармеояд, ки воқеан, Тоҷикистон кишвари биҳиштосост ва муаррифии табиати зебои Ватан ба рушди сайёҳии кишвар мусоидати амиқ мекунад. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, чашмасорони мусаффо, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, роҳҳои ободу зебо ва фазои сулҳу оромӣ, ки  мардуми тоҷик дар он аҳлона заҳмат мекашанд, аз назари муаллиф дур намондааст. Ӯ аз зебоиву табиати афсункору нодири Ватан ба фикр фурӯ меравад ва бо образҳои ҷолиб онро  васф мекунад. Муаллиф таъкид месозад, ки «Роҳи Бадахшон афсункор будани табиатро ба кас собит месозад. Теғаҳои кӯҳҳои баланд ва дарёи бадхашму тезҷараёни Панҷ бинандаро мафтун менамоянд. Ин кӯҳҳо натанҳо зебову мафтунсоз, балки назарфиреб низ ҳастанд…».  Ин гуна тасвирнигорӣ хонандаро водор месозад, ки дар ин сафар ҳамроҳи муаллиф қарор бигирад ва худро дар Бадахшон тасаввур намояд. Ҷолибияти навиштаи муаллиф дар он зоҳир мегардад, ки ӯ аз нақли хушку холӣ не, балки тасвиргарӣ истифода мекунад ва ҳар мафҳуму вожаҳоро бо далелҳои амиқ ба хонанда шарҳу тавзеҳ мебахшад, ки аз ҷаҳонбинии васеъ доштани ин пажӯҳишгари нозукбин шаҳодат медиҳад. Ҳар як тасвир ва андешаҳои муаллиф аҳамияти тарбиявию омӯзишӣ дорад. Ӯ ифтихор мекунад, ки омӯзгор аст, зеро ба ҳар гӯшаву канори мамлакат сафар намояд, ӯро шогирдонаш пешвоз мегиранд ва аз ин ҳолат ҳамеша болидарӯҳ мегардад.

Дар асар муаллиф ба таҳқиқи матбуоти маҳаллӣ иктифо накарда, ба ҳар маҳаллу мавзее, ки аҳамияти фарҳангӣ дорад, хонандаро ошно месозад. Ҳангоми қарор доштан дар ноҳияи Рӯшон ба китобхонае ворид мешаванд (бояд гуфт, ки дар ин сафар бо муаллиф, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ қарор дошт), ки соли 1936 бунёд гардидааст ва дар ҷойи назарногир воқеъ гардидааст ва шароити на он қадар хуб дорад. Вале муаллиф аз он хушҳол аст, ки ин макони илму маърифат ҳанӯз побарҷост. Ҳамин тавр, муаллиф хонандаро ба нашрияи маҳаллии  «Пайғоми Рӯшон» ошно месозад. Он нашрияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Рӯшон буда, соли 1949 нахуст бо номи «Рӯшони Советӣ»  таъсис ёфтааст. Муаллиф дар бораи таъриху ташаккули ин нашрия маълумот дода, мазмуну муҳтавои онро таҳлил намуда, нақши онро дар фазои иттилоотии ноҳия арзишдоварӣ мекунад. «Аз соли 1963 то соли 1965 бо барҳам хӯрдани ноҳия Рӯшон ва пайвастани он ба ноҳияи Ванҷ нашри рӯзнома қатъ гардидааст. 6 январи соли 1965 Рӯшон  аз нав ба сифати ноҳияи мустақил таъсис меёбад ва худи ҳамон сол нашрия бо номи «Овози дӯстӣ» фаъолияташро оғоз мекунад. То соли 1991 рӯзнома номи «Пайғоми Рӯшон»-ро мегирад ва то ҳол бо ин ном интишор мешавад, - зикр мекунад муҳаққиқ». Инчунин, рубрикаву саҳифаҳои онро ба таври иҷмолӣ таҳлил кардааст ва фаъолияти аҳли қалами нашрияро дар инъикоси фазои иттилооти маҳал мусбат арзёбӣ кардааст.

«Маърифати Шуғнон» ҳамчун нашрияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон аз якуми майи соли 1986 (дар оғоз бо номи «Коммунисти Шуғнон») ба нашр расидааст. Соли 1991 номи «Маърифати Шуғнон»-ро мегирад. Инчунин, дар бораи нашрияи «Бадахшон», ки аз соли  1931 ҳамчун нашрияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ  чоп мешавад, маълумот дода шудааст. Нашрияи мазкур 2 сентябри соли 1931 ҳамчун органи комитети партиявӣ, комиҷроия ва иттифоҳои касабаи вилоят бо номи «Бадахшони сурх» таъсис ёфта, аз якуми майи соли 1965 то 1990 «Бадахшони советӣ» ва аз соли 1991 бо номи «Бадахшон» чоп мешавад.  Дар идома доир ба фаъолияти нашрияи «»Оинаи зиндагӣ» (нашрияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ), «Шоҳдара» (нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа), «Зиндагӣ» (нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим) маълумоти муҳимро пешкаши хонандагон намудааст.

Муҳаққиқ дар баробари пешравиҳои нашрияҳои маҳаллӣ, инчунин, ба мушкилоти онҳо таваҷҷуҳ мекунад. Ба таъкиди муаллиф, дар нашрияҳои маҳаллӣ «То ҳанӯз дар варақу саҳифаҳо навиштан ва онро ба дасти котибаи идора барои ҳуруфчинӣ супоридан, кам ҳам бошад, ба назар мерасанд. Бо хати интернети доимӣ пайваст набудан, нашри электронӣ надоштан, аз дизайни замонавии компютерӣ истифода накардан, надоштани сомонаи нашрия аз омилҳои инноватсионие мебошанд, ки то ҳанӯз бо иллати костагӣ ба пешрафтии кори рӯзнома халал мерасонанд». Дарвоқеъ, матбуоти маҳаллӣ қудрату тавоноии бузургро дорост ва дар фазои маҳаллӣ ва пешрафти иқтисоди маҳал ва бартараф намудани мушкилоти он нақши муаассир дорад.

Китоби «Нигоҳе ба матбуот ва фарҳанги Бадахшон» ба муҳаққиқону пажӯҳишгарон ҳамчун дастури роҳнамо дар шинохти матбуоти маҳаллии ВМКБ  мусоидат мекунад.

 

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш