Нашрияи Омӯзгор

Масоили тарбияи фарзанд дар осори Аҳмади Дониш

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Аҳмади Дониш (1826-1897) оид ба ахлоқу одоби аҳли ҷомеа андешаҳои арзишманд баён намудааст. Аз нигоҳи ин донишманд дар пешравию устувории ахлоқи аҳли ҷомеа нахуст аз ҳама саҳми падару модарон таъсирбахш ва назаррас аст.

Зеро ҳар фард тарбияи нахустини ахлоқии худро аз волидайн гирифта, дар пайравии эшон рафтор менамояд. Рисолати волидайн дар тарбияи фарзандон ин роҳнамоӣ намудан ба сифатҳои неки инсонӣ аст. А.Дониш ба фарзандон таълим медиҳад, ки ҳурмату эҳтироми волидайни худро ба ҷо оранд ва ба хизмати эшон камар банданд, дар иҷрои супоришу дастури эшон саҳлангорӣ нанамоянд. Фарзанде, ки эҳтироми падару модар ё яке аз онҳоро ба ҷо наорад, ҳурмати пирии онҳоро пос надорад, оқибати нек ва баракати рӯзгор надорад. Ин ақидаи худро аллома бо чунин далел асоснок менамояд: «Касе ки яке аз абавайнро ё ҳардуро дар ҳолати пирию заъф хизмат накунад, дохили биҳишт нашавад».

Мутафаккир дар «Наводир-ул-вақоеъ» дар боби касбу пешаҳо ба фарзандони худ таълим медиҳад, ки барои инсони комил шудан кӯшиш намоянд ва дар омӯхтани илм, ки он сарчашмаи одоб ва маърифати инсонӣ аст, бемасъулиятӣ зоҳир нанамоянд ва бо ақлу тадбири худ мардумро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Ин мазмун дар осори Аҳмади Дониш чунин омадааст: «Ҷаҳд кун ва ҳикмати олӣ пеш ор, ки мартабаи инсонӣ ҳосил кунӣ ва ба маорифу ҳақоиқи ашё бирасӣ ва халқро бад - он раҳнамоӣ кунӣ, чунон ки кори муқаррабон аст аз абнои ҷинси ту». Чун ин андешаҳои Аҳмади Донишро бо ҳаёти имрӯза муқоиса менамоем, ба хулосае мерасем,ки масъалаи мазкур то ҳанӯз аҳамияти худро гум накардаст. Ба андешаи инҷониб, масъалаи касбомӯзии ҷавонони мамлакат, ки ояндаи ҷумҳурӣ бевосита аз сатҳи саводомӯзию ҳунармандии онҳо вобастагӣ дорад, яке аз масоилҳои мубрами ҷомеаи муосир аст. Яъне ҷавонони даврони мо пойдевори рушди фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро мегузоранд ва мисли ниёгони мо онҳо вазифадоранд бо илму ҳунари омӯхтаи худ дар устуворию ҷовидонии унсурҳои давлатдории мо саҳмгузор бошанд. Барои омӯзишу коркарди маъданҳову ҷинсҳои кӯҳӣ, ки дар ҳудуди кишвари мо мавҷуданд, мутахассисону ҷавонони Тоҷикистон бояд камари ҳиммат банданд ва дар ин самт бо комёбиҳои илмиву иқтисодии худ ҷаҳониёнро ба ҳайрат оваранд ва рушди илмӣ-иқтисодии мамлакатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

 Дар омӯхтани илм ва касбу ҳунар шахс набояд ба каси дигар тақлид кунад ва худ дар ҷустуҷӯ бошад, то чизи наве ба аҳли ҷомеа пешкаш намояд.

Инсон бояд ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан зебо бошад. Рафтору одоби шахс дар ҳама ҷо ва ҳама ҳолат ифодагари рисолати инсонӣ бошад. Вобаста ба ин мавзӯъ А. Дониш таълим медиҳад, ки «Ба таҳсили сирати инсонӣ бештар рағбат оред, на ба такмили сурати ҳайвонӣ»...

Аз омӯзиши осори Аҳмади Дониш бармеояд, ки ниёгони мо нисбат ба тарбияти насли наврас ва дигар намояндагони қишрҳои ҷомеа бетараф набуда, дар тарбияти ахлоқии насли даврони худ ва замони имрӯза таълимоти арзишманд ба ёдгор гузоштаанд.

 

Муяссара СУЛАЙМОНОВА,

 омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш