Нашрияи Омӯзгор

«Лоф аз таги дарёву гуҳар, яъне чӣ?»

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Гоҳе шунидан ё хондани сухани ҳикматноке касро чунон машғул медорад, ки он рӯзҳову ҳафтаҳо аз ёд намеравад.

Ҳар гоҳе ки дар тасвиру тавсифи аҳвол ва рӯйдоде сухан ба сатҳи боварнокарданӣ наздик шуд, ҳаракати нохушоянде дидем ё даъвои бебунёде шунидем, ин байти Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотир мерасад:

Бар соҳили дарё садафи дида

тиҳӣ,

Лоф аз таги дарёву гуҳар, яъне

чӣ?

Ҳар бори ба ёд расидани байт аз шунидаҳо, хондаҳо ва мулоҳизаҳои собиқу нав маъниҳое аз хотир мегузашт ва баъзеро дар варақе навишта мемондам. Ҳоло ки ду рӯйи як варақ аз он маъниҳо пур шуд, агарчи ба мундариҷа ва мавзӯъ чандон мувофиқ нест, дар ҳошияи байт кӯчондани чанде аз он нуктаҳои киноягунаро муносиб донистем. Ин нуктаҳо ба мулоҳизаю муҳокимаи ҳар нафари маънипазир ва «баҳри дафъи ҳаводис» баҳрае «зи таҷрибаи рӯзгор» бардоранда сазоворанд. Инак:

*буни девор кандан ва бом андудан, яъне чӣ?

*Коҳ пеши саг ва устухон пеши хар ниҳодан, яъне чӣ?

*Тухм накоштан, вале ҳаваси ғалла бардоштан, яъне чӣ?

*Аз хари ланг тарсидан ва орзуи пили дамонро ром кардан, яъне чӣ?

*Сутун аз зери сақф гирифтан ва осуда хуфтан, яъне чӣ?

*Лутфи касе дида, сӯяш шитофтан ва аз сари ғазаб аз ӯ худро дур гирифтан ё ӯро аз худ дур рондан, яъне чӣ?

*Хирман аз каси дигар, вале хирманҷой аз ман гуфта нозидан, яъне чӣ?

*Курра надодан, вале шутур талаб кардан, яъне чӣ?

*Аз рӯйи меҳрубонӣ қобилу зирак шинохтан ва аз сари қаҳру ғазаб кунду карахт донистан, яъне чӣ?

*Ҳар касро ба тарозуи худ  баркашидан, аммо худ ба тарозу нагузоштан, яъне чӣ?

*Тобистон аз офтоб гурехтан ва зимистон ба офтобрӯя шитофтан, яъне чӣ?

*Дурӯғ будани шунидаро донистан ва бовар кардан, яъне чӣ?

*Меҳрубонӣ кардан ва зимни меҳрубонӣ ғарази нафъҷӯёнае доштан, яъне чӣ?

*Сохта коре кардан ва ҳақиқат пиндоштан, яъне чӣ?

*Газофе бофтан ва худ бовар кардан, яъне чӣ?...

*Ғарқаи дарёи пурталотум будан ва аз борони андак андеша ба сар роҳ додану дар дил ба ваҳм афтодан, яъне чӣ?

*Касонро дониста бад гуфтан, вале аз бад гуфтани дигарон ҳаросидан, яъне чӣ?

*Фузун гирифтан ва  кам додан, яъне чӣ?

Абдуғанӣ Муҳаммадиев,

омӯзгори мактаби №29,

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш