Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамову раҳкушо

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Китоб моро ба дирӯзу имрӯз ва оянда мепайвандад. Он раҳнамову роҳкушо ва дӯсти бовафои инсонҳост. Тарғибгари асосии китоб омӯзгор мебошад.

Омӯзгори асил байни хонандагон тафовут намегузорад. Вай аз рӯзҳои аввал ба тамоми хонандагони синф баробар сабақ омӯзониданро шурӯъ менамояд. Бинои сохтаи омӯзгороне, ки аз аввал хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо менамоянд, бебақо хоҳад буд. Набояд ин гуфтори ҳақимонаро фаромӯш кард: «Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ»  Агар дарси омӯзгор ба талаботи дарси намунавӣ ҷавобгӯй бошад, дар ботини ҳар хонанда шуълаи муҳаббат нисбат ба омӯзиш фурӯзон мекунад. Барои ташаккули майли  хонанда ба фан омӯзгорро мебояд бо ӯ дарсҳои иловагӣ гузаронад. Дониши хонандагони миёнахонро тариқи саволномаҳои гуногуни шавқовар сайқал бояд дод. Ҳамаи хонандагон бояд доим дар зери назари омӯзгор бошанд. Ба хонандагон вобаста ба завқ ва малакаҳои доштаашон бояд супоришҳо дод. Кор бо хонандагони лаёқатманд доманадор буда, пайдо намудани онҳо танҳо ба омӯзгорони касбӣ муяссар мегардад. Барои ҷалб намудани хонанда ба фанни таълимӣ шиносоӣ бо китоби дарсӣ нақши ниҳоят калон мебозад. Чун қоида хонандагони синфҳои якум баробари ба остонаи мактаб қадам гузоштан ва ҳангоми ба синфхона ворид шудан, ки ҳанӯз роҳи дурусти китобхониро намедонанд, доир ба китоб бо саволҳои гуногун ба роҳбарони синф муроҷиат менамоянд. Роҳбарони синф бо чунин хонандагон суҳбат гузароонида, сараввал тозаю озода нигоҳ доштани китоб, тарзи дурусти китобхониро мефаҳмонанд ва онҳоро бо китобҳои шавқовар шинос менамоянд. Баъдан ба хонандагон аз китобҳо порчаҳои шеърӣ, афсонаҳои шавқовар, қиссаю достонҳои кӯтоҳ хонда,  дар бораи шоирону нависандагон ва рассомони китобҳои бачагона маълумоти мухтасар медиҳанд, хондани як қатор китобҳои шавқоварро ба хонандагон тавсия диҳанд.

Пас аз чунин пурсишҳои ҷолиб шавқу  рағбати хонандагон ба китобхонӣ зиёд мегардад. Шинос намудани шогирдони хурди мактаб бо китобхонаи мактаб ва гӯшаи китобҳои бачагона низ аз тадбирҳои муҳим дар талқини китобдӯстӣ маҳсуб меёбад.

Бо хонандагони синфҳои сеюм ва чорум, ки дараҷаи донишашон нисбат ба хонандагони синфҳои якум васеътар аст, гузаронидани суҳбатҳо дар мавзӯъҳои гуногун зарур аст. Суҳбатҳо дар мавзӯъҳои «Ватанам Тоҷикистон», «Ворисони ахтарон», «Шоири дӯстдоштаи ман» ва ғайра аз манфиат холӣ нест. Дар ҷамъомадҳои нақшавӣ роҳбарони синф барои мустаҳкамкунӣ ва санҷиши дониш ба хонандагон бо саволҳои гуногун муроҷиат намуда, дараҷаи саводнокиашонро месанҷанд ва барои хондан китобҳои заруриро тавсия медиҳанд. Вобаста ба синну сол гузаронидан ва ташкили корҳои оммавӣ, аз қабили семинару конфронсҳои илмию адабӣ, шабҳои адабӣ, вохӯрӣ бо муаллифони китобҳо, озмунҳои гуногуни илмӣ мувофиқи мақсад аст.

Анора Ҳасанова,

омӯзгори таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш