Албатта, ҳар иқдоми наве, ки пеш гирифта мешавад, дар аввал вокунишҳоеро ба вуҷуд меорад ва гурӯҳе онро беманфиату гурӯҳи дигар сабабгори рушду нумӯъ медонанд.
Ҷоришавии таълими босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти миёна низ ҳамин гуна ҳолатро доро буд ва бештари омӯзгорон онро пазируфтан намехостанд. Чун ин низом аз омӯзгор масъулияти баланди касбиро талаб мекунад ва ҳар нафарро барои омодагии касбии сатҳи баланд водор менамояд. Дар баробари ин, муаллимоне низ буданд, ки мехостанд системаи таълими мазкур дар амал татбиқ карда шавад ва бартариятҳои онро дар ҷараёни дарс истифода намоянд.
Қабл аз он ки коре анҷом дода шавад, ҷиҳатҳои манфию мусбати он таҳлил карда мешавад ва пасон барои амалӣ гардидан ё нагардидани он хулосаи ниҳоӣ бароварда мешавад. Ҷиҳати татбиқи низоми таълими босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар ҳам таҳлилҳои амиқ гузаронида шудаанд. Дар мисоли мамолике, ки аз ин системаи таҳсилот истифода мебаранд, омӯзишҳои зиёд анҷом шудааст.
Ин низомро низоми амалисозии дониш ҳам гуфтан мумкин аст, зеро муҳассилин имкон доранд дар рафти дарс баробари назария ба амалия пардозанд ва то кадом андоза дуруст ва ё нодуруст буданашро аз омӯзгор фаҳмида гиранд. Яъне хонанда донише, ки зимни баррасии муаллим мегирад, онро амалан нишон дода метавонад. Дар таҳсилоти босалоҳият озодии таълимгиранда бештар мушоҳида карда мешавад.
Таҳлилу баррасии таъсироту манфиатҳои низоми таълимии зикршуда дар бедор намудани шавқу рағбати толибилмон ба ин ё он фанни ҷудогона воситае мешавад барои ҳавасманд шудани наврасон баҳри аз худ намудани ҳамон фанни таълимӣ. Аз ин нуқтаи назар хостем сухане чанд дар хусуси нақшу аҳаммияти низоми таълими салоҳиятнок зимни омӯхтани фанҳои дақиқ дар мисоли фанни химия дар муассисаҳои таҳсилоти миёна гуфта бошем.
Таъсири ин низоми таҳсил дар омӯхтани хамаи фанҳов назаррасу қобили қабул аст, зеро дар он хонанда бештар фаъолият мекунад ва маҳорату малакаи хешро ба дигарон нишон медиҳад. Яъне низоми мазкур аз таълимгиранда фаъолияти зиёдро талаб мекунад ва мустақилияти ӯро дар ҷараёни дарс ба вуҷуд меорад.
Чун масъалаи омӯзиши фанҳои дақиқ, ба вижа химияву физика ва математика имрӯз диққати ҳамагонро ҷалб намудаву як қатор барномаву стратегияҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул шудаанд, мавриди баррасӣ қарор додани он ва аҳамиятнокии низоми таълими салоҳиятнокиро дар ин замина қайд намудан хеле муҳим аст.
Таълими босалоҳият таълимгирандаро бештар фаъол менамояд. Дар дарси химия, хусусан дар дарсҳои озмоишӣ ва амалӣ ин чиз метавонад сабабгори бештар аз худ намудани маълумот аз тарафи хонандагон гардад. Чун дар ин система талаба мустақилтару озодтар ҳаст, вай имкони зиёдтар дорад, то ба ҳар як саволу мавзӯъҳое, ки омӯзгор пешниҳод менамояд, посух гӯяд, андешаҳояшро иброз дорад ва корҳои озмоиширо мустақилона иҷро намояд. Албатта, низоми таълими қаблиро намегӯем, ки чунин шароитҳоро ба омӯзанда фароҳам намеовард, аммо аз мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки фаъолнокии хонандагон камтар мавҷуд буд.
Дар ҷараёни машғулияти химия хонандагон бо истифодаи воситаҳои мавҷудбудаи дарсӣ таҷриба мегузаронанд ва донишҳои назариявиашонро дар амалия то андозае татбиқ менамоянд.
Бояд гӯем, ки низоми таълими босалоҳият аллакай дар бисёр давлатҳо амалӣ карда шудааст ва натиҷаҳои назаррас ҳам ба даст омадааст. Танҳо истифодаи дурусти роҳу равишҳои он ва ба хонандагон возеҳ фаҳмонидани талаботи таълими босалоҳият имкони самараи хуб гирифтанро ба вуҷуд меорад. Яке аз воситаҳои асосӣ дар ин ҷода усулҳои муосири тадрисиро дар низоми босалоҳият истифода бурдан аст, ки боиси шавқовар гузаштани дарс мегардад. Аз ҷумла, истифодаи воситаҳои аудиоию видеоӣ, гузаронидани таҷрибаҳо диққати хонандаро бештар ҷалб месозад ва ӯ мекушад, ки ҳар як маълумотро дар сатҳи зарурӣ аз худ намояд.
Мо, омӯзгоронро лозим аст, ки аз ин низом дуруст истифода барем ва шаклҳои таълими онро дар ҷараёни дарсҳо татбиқ намоем. Бахусус, омӯзгорони фанҳои дақиқро мебояд, ки хонандагонро бештар озод гузоранд, то малакаву маҳораташонро тавонанд дар дарс нишон диҳанд.
Фарзона Шерова,
омӯзгори химияи мактаби №12-и шаҳри Душанбе,
Тоҷиддин Бобокалонов,
ассистенти кафедраи химияи таҳлилии ДМТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр