Нашрияи Омӯзгор

Фаъолиятамонро тақвият мебахшем

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Вокуниш ба мақолаи “Мушкилоти муассисаи таҳсилоти иловагӣ”, ки дар шумораи №51, нашрияи “Омӯзгор”, санаи 19.12.2019 ба табъ расидааст.

Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 12.02.2016 №311 таъсис дода шудааст. Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дорои баланси мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо асъори миллӣ ва муҳр мебошад. Дар Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон 32 нафар корманд фаъолият дорад.

 Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон 378 маҳфил, 1132 гурӯҳ фаъолият намуда, ба онҳо 13181 нафар кӯдаку наврас ҷалб карда шудаанд,

 Боиси қайд аст, ки то имрӯз аз шумораи умумии 25 шаҳру ноҳияи Муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят, аз ҷумла: МТИ-и вилоят, минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Вахш, Панҷ, А.Ҷомӣ, Дӯстӣ, Хуросон, Ш. Шоҳин, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Балҷувон бо бинои алоҳида таъмин гардида, Бохтар, Кӯшониён, Ҷ.Балхӣ, Ёвон, Шаҳритус, Қубодиён, Левакант, Хусрав, Ҷайҳун, Муъминобод, Ховалинг, Темурмалик, Данғара бинои алоҳида надоранд.

Мустақилияти молиявӣ доранд: МТИ-и вилоят, Кӯлоб, Норак, Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Панҷ, Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Фархор, Восеъ.

 Мустақилияти молиявӣ надоранд: шаҳру навоҳии Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Левакант, А.Ҷомӣ, Хуросон, Муъминобод, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Балҷувон.

Нақши Созмони хонандагон дар тарбияи насли ҷавону ояндасози кишвар калон буда, имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушд ва ривоҷи соҳаи маорифи кишвар мунтазам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

 Тибқи нақшаи тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 74 нафар роҳбари созмонҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаи Бохтар ба филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзи кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар сафарбар карда шуданд.

Аъзои маҳфилҳо дар тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, ки дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Аз ҷумла, маҳфили “Гӯштин”-и МТИ яке аз маҳфилҳои фаъол ба ҳисоб рафта, дастовардҳои назаррас дорад. Аз ҷумла, мусобиқаи тарзи “Гӯштини миллӣ” бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021” миёни варзишгарони навраси “Мактабҳои варзишӣ” – и шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаҳри Кӯлоб баргузор гашт, ки дар ин мусобиқа Сорбон Қурбонов аъзои маҳфили “Гӯштин” – и Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷои 3-юм гашт.

 Муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят ва муассисаҳои зертобеи он фаъолияти худро дар давоми сол тибқи дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва раёсати маорифи вилоят ба роҳ монда, дар ин давра дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ як қатор чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ, фарҳангию варзишӣ ва озмуну викторинаҳоро ташкил ва баргузор намуданд, ки дар маҷмӯъ дар чорабиниҳои зикргардида 9 ҳазору 735 нафар хонанда ҷалб гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати маорифи вилоят ва Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон бо 83 компютер ва 44 пртинтер таъмин мебошанд.

Дар МТИ ғайр аз ин маҳфили омӯзиши компютер кушода шудааст, ки бо 10 адад компютер муҷаҳҳаз мебошад.

 

М. ҒУЛОМОВА,

директори Муассисаи таҳсилоти иловагии

вилояти Хатлон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш